ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ ВА РУШДИ ОН ДАР ДЕҲОТ

Бинанда: 492 | Санаи нашр: 24 Январ 2024

Солҳои охир мафҳуми иқтисодиёти «сабз» вирди забони олимон, сиёсатмадорон, олимону муҳаққиқон ва коршиносону мутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зист, энергетика, иқтисодиёт ва ғайра гаштааст.

Қобили қайд аст, ки «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушаххас намудани ҳадафҳо нақшаи амал баҳри татбиқи он дар солҳои 2023-2025 ва индикаторҳои асосии стратегия замима мегарданд. Бинобар ин, татбиқи ҳадафу вазифаҳои Стратегияи мазкур дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ниҳодҳои молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар воситаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад. Ҳаҷми маблағгузории «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037» ба маблағи 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ шудааст. Стратегия дар 15 соли минбаъда мавриди татбиқ қарор мегирад ва боиси рушди назарраси иқтисодиёти миллӣ гардида метавонад.

Акнун ин раванд дар тамоми дунё ба таври фарох ва густурда амал менамояд, ки ин боиси рушди босуботи ояндаи кишварҳо мегардад. Маҳз иқтисодиёти сабз имкон медиҳад, ки дар оянда натанҳо рушди иқтисодӣ балки сади роҳи дигаргуншавии иқлимро гирифта тавонад. Бо дараназардошти оне, ки 73 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот истиқомат менамояд, рушди иқтисодиёти сабзро низ мебояд дар деҳот ҷонок менамуданд. Дар деҳот мебояд рушди иқтисоди сабзро аз манобеъҳои дар ихтиёрдоштаи он ба таври васеъ истифода намуд.

Ба ғайр аз ин бояд дар назар дошт, ки деҳот ин нафақат маҳали зисти қисми зиёди аҳолӣ, балки маҳали асосии таъмини қисми зиёде саноат (махсусан, саноати коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ) бо ашёи хом ва таъмини хурокворӣ (гандум, меваю сазавот, чорводорӣ ва ғайраҳо)  аҳолии шаҳрнишини кишвар ҳисобида мешавад.

Мутаассифона, дар замони Иттиҳоди Шуравӣ гарчанде, ки оид ба рушди деҳотҳо шиорҳои “осмонбус” мавҷуд буданд ва қисми зиёди коргарҳо дар шаҳрҳо (мақоми ҷойгиршавии заводу фабрикаҳо)  истиқомат доштанд, барои идеологияи “диктатураи пролетариат” масъалаи рушди деҳотҳо дуюминдараҷа ҳисобида мешуд. Дар натиҷа ба мо деҳотҳои харобу қафомонда, иқтисодиёт ва дараҷаи зисти паст (қариб, ки бе инфрасохторҳои лозима) мерос монданд. Танҳо дар натиҷаи соҳибистиқлолии кишварамон тавонистем, ки сатҳи зиндагони ва инфрасохторҳои деҳотро ба таври назаррас дигаргун ва беҳтар намоем.

Акнун замоне расидааст, ки бо рушд додани деҳоти кишвар дараҷаи зиндагонии мардуми онро баланд намуда сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳем. Чунки бештари мардуми камбизоат дар деҳот истиқомат менамоянд. Бовуҷуди оне, ки сатҳи камбизоати дар кишвар коҳиш ёфта ба 22,5 дарсадро ташкил медиҳад, барои  бозҳам ба натиҷаи дилхоҳ расидан корҳои илмию тадқиқотӣ ва сармоягузориҳоро дар самти иқтисодиёти деҳот афзун намоем. Шароити воқеии кунунӣ мақсади сарфа кардани захираҳои молиявӣ, аз он ҷумла маблағҳои буҷавӣ, самаранок истифода бурдани захираҳои зеҳнии мамлакат, муайян намудани сохторҳо, мақсадҳо ва вазифаҳои соҳаҳои ба рушди деҳот дахлдошта дар вобастагии бо имкониятҳо ва мафиатҳои пешоянди кишвар водор месозад, ки  дар ин самт корҳои илмӣ-тадқиқоти комплексӣ бурда шаванд.

Ба сатҳи зиндагӣ омилҳои зиёде таъсир мерасонад, ки инро дар рафти таҳқиқи интихобии хоҷагиҳои хонавода собит намудан мумкин аст. Агар сатҳи зиндагиро ба сифати категорияи иқтисодӣ қабул намоем, он гоҳ дар ин сатҳ чунин омилҳоро ба монанди музди меҳнати воқеӣ, даромадҳои воқеии аҳолӣ, ҳадди ақали музди меҳнат, ҳадди ақали зиндагӣ ва агар ҳамчун нишондиҳандаи умумӣ гирем, пас маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, ҳиссаи хароҷотҳо, истеъмоли ниҳоӣ ва ғайраро мавриди омӯзиши оморӣ қарор медиҳем. Агар сатҳи зиндагӣ дар муносибати зич бо сифати шароити зисти аҳолӣ дида шавад, пас дар он таъсири рушди инфрасохтор, вазъи саломатии аҳолӣ, вазъи ҳифзи муҳити зист, мавҷудияти вақти озод ба мардум, дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва ғайра ба назар гирифта мешавад.

Бо дарназардошти расидан ба вазифаҳои асосӣ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз қабили нигоҳ доштани суръати устувори рушди иқтисодӣ ҳамасола дар сатҳи 7-8%, 3 маротиба ва аз ин зиёд афзоиш додани ММД-и кишвар, зиёда аз 2 маротиба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани фақирии шадид мебояд рушди иқтисодиёти деҳотро аз мадди назар дур нагузошт.

Тадбиқи иқтисодиёти сабз дар деҳот ва имконияти пурра истифоданамои он имконият медеҳанд, ки мақсад ва вазифаҳои сохторҳои давлатӣ ба рушди деҳот алоқаманд бошанд, манбаҳои молиявӣ, захирахои зеҳнии кишварро самаранок истифода намуда ба рушди деҳот равона созанд. Барномаи давлатии мақсадноки ташкил ва истифодаи дар деҳот корхонахои хурду миёнаи саноатии коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ пешкаш намояд, давра ба давра дараҷаи камбизоатии аҳолии деҳотро коҳиш диҳем, саводнокии сиёсию молиявии аҳолии деҳотро  баланд бардорад. 

Рушди деҳот ва тадбиқи иқтисодиёти сабз дар деҳот, имкон медиҳад, ки маҷмӯи махсулоти дохила ва дигар нишондодҳои иқтисодии кишвар баланд гардад. Шароити иҷтимоии деҳот ва муҳити зисту экосистемаи он ба таври коффӣ дигаргун гардад. Ҳаммаи ин танҳо бо истифодабарии натиҷаҳо ва рушди  инноватсионии корҳои илми-тадқиқотии корманди илмӣ ва сармояи инсонӣ амалӣ мегардад. Истифодаи захираҳои мавҷудаи деҳот имконияти рушд намудани соҳаи боғдорӣ, сабзавотпарварӣ, чорвдорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ғалладона ва ғайра дигар мегардад. Имконияти коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва бо кор таъминкунӣ ба аҳолии камбизоат,саводнокии аҳолии деҳот ба таври назаррас инкишоф меёбад. Бовуҷуди ин имконияти бавуҷуд омадани корхонаҳои коркард ва содироти маҳсулоти истеҳсолнамудаи он, ки боиси афзоиш ёфтани дараҷаи даромаднокӣ ва фоидаи онҳо мегардад. Ҳамаи ин бо дарназардошти рушди иқтисодиёти сабз дар деҳот ва бевосита самоягузорӣ ба ин самт мебошад.

         Иқтисодиёти сабзи деҳот – ин тавсири (маънидоди) консепсияи рушди устувори иқтисодиёти деҳот, ки он маҷмӯи масаълаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимои ва экологии деҳотро дар бар мегирад. Гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки системаи иқтисодӣ дар асоси омилҳои экологӣ ва иҷтимоӣ сохта мешавад. Ин дар навбати худ фишорро ба муҳити зист коҳиш месозад, барои нигоҳ доштан ва барқарор намудани экосистемаи табиати деҳот мусоидат менамояд, сармояи табиии деҳотро афзун месозад. Инчунин, тадбирҳои иқтисодиёти сабз дар деҳот фарқияти деҳоту шаҳрро коиш месозад, дараҷаи зисти аҳолии деҳотро баланд мебардорад, беҳшавии шароити меҳнатро дар деҳот таъмин месозад, хизматрасонии иҷтимоиро ба ҳамагон дастрас менамояд.

Бештари ҳолатҳо иқтисодиёти деҳотро ҳамчун як синоними иқтисодиётӣ мефаҳаманд, ки на он қадар дуруст аст. Иқтисодиёти деҳот  ин низоми соҳаҳо ва шаклҳои фаъолият мебошад, ки ин ғайр аз хоҷагии қишлоқ, тамоми корхонахои саноати коркард ва канданиҳои фоиданок, корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ бо инфрасохторҳои худ, ки дар деҳот ҷойгир мебошанд, фаҳмида мешавад. Дар тӯли солҳои бисёр иқтисодиёти деҳотро ҳамчун як иқтисодиёти аграрӣ қабул  шуданаш ба он вобаста аст, ки дар байни калимаҳои аграрӣ ва фаъолияти ноҳияҳои деҳот аломати баробари монда мешуд. Имрӯзҳо дар натиҷаи рушди иқтисодиёт дар деҳот, аз ҷумла дар натиҷаи диверсификатсияи иқтисодиёти деҳот  ҷараёни коҳиш ёфтани мавқеъи дастколаи (сектори) аграрӣ ва ҷангалпарварӣ ба назар мерасад. Маҳз аз ҳамин сабаб, новобаста аз он, ки хоҷагии қишлоқ ва ҷангалпарварӣ сохторҳои асосии истифодабарии замин дар деҳот ба ҳисоб мераванд, бо мурури замон мавқеъи худро ҳамчун як манбаи ба кор таъминкунии аҳолӣ, аз даст дода истода аст. Дар натиҷа фаҳмиши «агромарказии» иқтисодиёти деҳот маънои томи худро гум карда истода аст. Масалан, дар Британияи Кабир ҳамагӣ 15 дарсади сохторҳои соҳибкорӣ ба хоҷагии қишлоқ вобаста мебошад.

Афзоиши ҷараёни «саноаткунонии деҳот» ба он вобаста аст, ки деҳот дорои  захираҳои заминию табиӣ  ва қувваи корӣ нисбатан арзон мебошанд. Ин бо як сабаби он аст, ки дар вақтҳои охир нархи ин «дороиҳо (активҳо)», хамчун як зебогии табиат барои рушди сайёҳӣ ва истироҳат таккони ҷиддӣ дода истодааст. Аз ин сабаб, мумкин аст, ки дар солҳои наздики 30-40 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  фарқият дар байни иқтисодиёти шаҳр ва иқтисодиёти деҳот аз байн бардошта мешавад, ки ин дар навбати худ, ҷараёни муҳоҷироти аҳолиро аз шаҳрҳо ба деҳот мешитобонад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то аввали соли 2022, 4223 деҳот мавҷуданд, ки дар онҳо 73,57 фисади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 6291,0 нафар шаҳрвандони кишварамон зиндагӣ ва фаъолият доранд ва 3,77 млн. онҳо (ғайр аз кудакони то синни 18 ва муйсафедон) қобили меҳнат мебошанд.

 

Боиси қайд аст, ки дар маҷмӯи сохторҳои идоракунии давлатӣ сохторҳое мавҷуд мебошанд, ки аз маром, мақсад ва сифати иҷрои вазифаҳои онҳо на танҳо вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии муосири кишвар, балки ба вазъи  ояндаи он вобостагии амиқ дорад. Яке аз ингуна сохторҳо – соҳаи иқтисодиёти деҳот мебошад.

Дар замони имрӯза якчанд мафҳумҳо мавҷуданд, ки шарҳдиҳандаи деҳа мебошад. Ин мафҳумҳо, ба монанди деҳот, минтақа қишлоқ, деҳа ё русто ва ғайраҳо мебошанд.

Дар умум коркарди асосҳои методологии рушди иқтисодиёти сабз дар  деҳот бо дарназардошти талаботҳо ва имкониятҳои иқтисодии пешоянди мамлакат мебояд, ки мавриди таҳлили ҷиддӣ ва мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Мебояд, ки дар марҳалаи аввали баррасии рушди иқтисодиёти сабз “Барномаи давлатии оид ба таъмини рушди иқтисодиёти сабз дар деҳот”, ки ба мақсадҳои стратегияи давлат мутобиқ карда мешавад, мавриди истифода қарор дода шуда, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ равона карда шавад. Ҳамчунон имконияти истеҳсоли маҳсулоти сабзи биологиро метавон дар соҳаҳои дигари идоракунии хоҷагии халқ истифода бурда зарфияти содироти кишварро аз ҳисоби маҳсулоти сабзи дар деҳот истеҳсолгардида афзоиш диҳад.

Бо дарназардошти ҳаммаи ин гуфтаҳо мавриди омӯзиш қарор додани якчанд пешниҳодҳои зайлро ба мақсад мувофиқ мешуморем:

  1. Таҳлили рушди иқтисодиёти деҳот ҳамчун ҷузъи алоҳидаи иқтисодӣ ва имкониятҳои имрӯзаи вазъи муосири деҳоту иқтисодиёти сабз дар он;
  2. Пешгӯии сохтори иқтисодиёти сабзи деҳот дар 5 марҳалаи стратегияи иқтисодиёти сабз бо пешниҳоди моделҳои гуногун, таҳлили имкониятҳои мавҷудаи кишвар (моливӣ, захираҳои табиӣ ва зеҳнӣ) барои таъмини рушди иқтисодиёти дехот;
  3. Ташкил ва равона намудани фаъолият, имкониятҳои институтҳои молиявӣ ва қарзии мамлакат (ва хориҷи кишвар) ба мақсади рушди иқтисодиёти сабз дар деҳот;
  4. Ташкил ва имкониятҳои фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар деҳот дар раванди рушди иқтисодиёти сабзи деҳот бо дарназардошти додани қарзҳои имтиёзнок дар деҳот бо назардошти ҷалби истеҳсолоти сабз дар деҳоти кишвар;
  5. Ба роҳ мондани истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва истифода намудани он дар самти кишоварзӣ ба мақсади кам кардани талафоти барқ ва кам кардани хараҷот дар соҳаи кишоварзӣ, ки ин омил имконияти кам кардани арзиши аслии маҳсулотро имкон медиҳад;
  6. Ба роҳ мондани технологияи коркарди авалиндараҷаи пашм ва пуст дар деҳаҳои калони кишвар бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ки имконияти ба партов (ёсузонидани пашм) мубадал гардидани пашм ва пустро дар деҳот коҳиш медиҳад;
  7. Ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои обмонии қатрагӣ дар кишвар бо арзиши дастрас бо мақсади пурра гузаштан ба обмонии қатрагӣ ва шуста нагардидани қабати ҳосилхезии заминҳои кишоварзӣ;
  8. Ташкил ва ба роҳ мондани техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, ки бо нерӯи барқ ҳаракаткунанда ҳастанд. Ҳамин тавр дар ин замина кӯшиш кардан лозим меояд, ки арзиши хизматрасонии “нерӯи сабз” нисбат ба фаъолияти анъанавӣ баланд нагардад ва баръакси он нисбати хизматрасонии истифодабарандагони техникаҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда камтар бошанд. Чунонки, дар мавриди баланд гардидани хизматрасонӣ бо ин навъи техникаҳо талабот ба онҳо камтар мегардад. Инчунин, имкони баланд гардидани дараҷаи нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз сабаби баланд шудани арзиши аслиашон гардида метавонанд.

Дар натиҷаи пурра гузаштан ба иқтисодиёти сабз дар деҳоти кишвар имконияти беҳтар гардидани дараҷаи иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии мардуми он афзоиш меёбад. Дараҷаи даромаднокии бештари аҳолӣ афзоиш ёфта, сатҳи зиндагонии мардум ба кулли тағйир меёбад. Ҳамчунон, сатҳи саломатии мардуми деҳот беҳтар гардида дар ин замина истифодаи маҳсулоти аз ҷиҳати биологӣ тозаро истеъмол намояд.

 

Ашуров Ф.М., н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top