ТАҶДИДИ НАЗАР ПЕРОМУНИ ВАЗИФАҲОИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ ГУМРУК

Бинанда: 252 | Санаи нашр: 22 Январ 2024

Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар як давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Мусаллам аст, ки мақомоти гумрук аз гузашта то кунун дар сохтори давлатдорӣ, сиёсати иқтисодиву молиявӣ, аз ҷумла буҷавӣ нақши барҷастае дорад. Дар асрҳои миёна, аниқтараш дар замони ҳукмронии давлати Сомониён мавқеи мақомоти гумрук ҳамчун органи боҷситонӣ ва танзимкунандаи молҳои содиршавандаю воридшаванда дар системаи девонҳо (вазоратҳо), яке аз онҳо бо номи Мӯҳтасиб фаъолият ва масъалаҳои боҷхонаю боҷгузорӣ ва ситонидани онҳоро ба уҳда доштааст.

Марҳилаи нави мақомоти гумрук ба давраи Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд, ки ба низоми имрӯзаи мақомоти гумрук замина гузоштааст. Вале давраи рушди мақомоти гумрук дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррастар аст, ки он ҳамчун марҳилаи нав бо хусусиятҳои хоси ҳуқуқӣ, сохторӣ, ҳудудӣ, иқтисодиву тарифии худ аз дигар давраҳои пешин тафофути куллӣ дорад.

Барои мисол, дар таърихи тиҷорати қадимаи асри миёна савдои байни давлатҳо, ки вобастагии бевосита ба содироту воридоти молҳо доштанд,боҷхонаю боҷгузорӣ ҳиссае аз маҷмӯи тиҷорат ба ҳисоб рафта, онҳо дар рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ мавқеи муайянро ишғол намуда, танҳо дар мавриди мавҷудияти муносибатҳои тиҷоратии хориҷӣ ҷой дошта метавонистанд. Ҳамин тариқ, боҷхонаю боҷгузорӣ сабабгори пайдо шудани хадамоти гумрук ба шумор рафта, бо мурури замон ҷузъи ҷудонашавандаи он маҳсуб меёбад.

Тоҷирони давлатҳо аз ибтидо дар баробари ба савдои хориҷӣ машғул шуданашон зери назару назорати қатъӣ қарор гирифта мешуданд. Ба мамлакат ворид шудани молҳо ва аз сарҳади вай берун баровада шудани молҳои гуногунро зери назорати шахсони масъул қарор мегирифтанд. Минбаъд масъалаҳои воридоту содироти молҳо ба зиммаи хадамоти гумрук вогузор карда шуданд. Мувофиқи ахбороти профессор Усмон Каримов дар асрҳои 9-10, яъне дар даврони салтанати Сомониён чунин боҷхонаҳо дар мулки Хазари назди баҳри Хазар (Каспий), дар назди бандари Оҳанини Қавқоз, дар бандари Ботум, дар назди Дарбанди Суғд, дар вилояти Исфиҷоб, дар бандарҳои Убалла, Сайроф, Ҳурмузи назди халиҷи Форс, дар назди “Дарвозаҳои Оҳанин”-и вилояти Нахшаб, дар шаҳри Дабили даҳанаи дарёи Синд, дар дараи танги Дари Туббат (сари рои корвонгузари Бадахшону Вахон) ва дигар ҷойҳо воқеъ буданд. Ҳаҷми боҷҳои рӯёнидашаванда ва ё сатҳи маблағи онҳо (боҷҳои хоса) дар мамлакатҳо ва давраҳои мухталиф (боҷҳои мавсимӣ) аз ҳам фарқ мекарданд. Тибқи маълумоти таърихнигорон барои бори ҳар як уштур 2 дирам, бори аспу хар 1 дирам боҷи гумрукӣ месупоридаанд, яъне меъёри муайян кардани боҷситонӣ аксаран бо (мизони махсус) муқаррар мешуданд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ, интиқоли ғуломон шартҳои фарқкунанда доштанд, ки он шаҳодати расмиёти гумрукӣ ва ё низоми гумрукии ҳозира мебошад. Дар давраҳои қадим ғуломонро ҳам бевосита содир мекарданд, аммо дар замони пойдор гаштани муносибатҳои феодалӣ ба дигар мамлакатҳо бурда фурӯхтан бо шарти дар даст доштани рухсатнома (литсензия ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мол (ғулом ) роҳ дода мешудааст. Ин гуна рухсатномаро маъмурони музофотҳо, волиён медоданд ва гӯё бар ивазаш ба ҳар як нафар ғулом аз 70 то 100 дирҳам боҷ мерӯёниданд. Ин маблағро барандаи ғулом (интиқолдиҳанда-перевозчик (боркашон) ба маънои асримиёнагӣ, яъне бо аробаю корвонҳо,пардохт мекардааст. Гуфта мешавад, ки барои содир кардани ғуломдухтарони турк аз 70 то 100 дирҳам боҷ мерӯёниданд. Ин далел аз он дарак медиҳад, ки дар он даврон (боҷҳои содиротӣ ) низ амал мекарданд. Аммо дар ин ҳолат рухсатнома талаб карда намешудааст. Дар Синд барои ворид кардани ғуломон ягон боҷ ситонида намешудааст. Аз сабаби эҳтиёҷоти ин халқҳо, яъне (имтиёзҳо ё сабукиҳои гумрукӣ) низ мавриди амал қарор мегирифтанд. Дар асрҳои миёна бошад дар ҳудуди даҳяк ҳиссаи молу колоҳо (аз 100-10%) ё арзиши онҳоро дарбар мегирифтааст. Бешубҳа, молҳое, ки мавриди боҷбандӣ бо (мизони адвалорӣ) ситонида мешуданд.Аз рӯи маълумоти тадқиқгари эронӣ Муртазои Ровандӣ, бегонагон дар мамолики араб аз рӯи меъёри даҳяк боҷ месупоридаанд. Шаҳрвандони ғайримусулмони мамолики араб бояд аз рӯи меъёри 5% арзиши мол боҷ месупоридаанд. Тоҷирони мусулмонони мансуби давлати араб бошанд, мувофиқи меъёри 2,5% арзиши мол боҷ месупориданд.

Дар асрҳои 18-19 дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ 8 боҷхона мавҷуд будааст, вале меъёри боҷ дар музофоту вилоятҳои Осиёи Марказӣ якхела набудааст. Дар охири асри 19 боҷро на фақат барои гузаронидани амвол, балки чаронидани чорво ҳам мерӯёниданд. Мисол, охирҳои асри 19 чорводорони Уротеппа барои чаронидани молҳояшон дар марғзорҳои кӯҳии Ҳисор аз ҳар 100 сар гусфанду буз 5 – сарро ҳамчун боҷ ё ҳаққи киро барои чарогоҳ месупориданд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки низоми коркарди мол дар шакли аввали ибтидоӣ, ҳанӯз дар асри 19 мавҷуд будааст. Гузашта аз ин, мафҳуми “гумрук”- ро дар адабиётҳои асримиёнагии халқи тоҷик ҳамчун “божгоҳ” истифода мебурданд. Аз ин боис вожаҳои божгоҳ, божгир ҳамчун боҷдеҳу боҷгир истифода мешудааст. Истифодаи ин вожаҳо дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳам дучор меоянд:

Ба об андар афканд Хусрав сиёҳ,

Чу киштӣ ҳамеронд то боҷгоҳ.

Чунин посух дод, ки эй шаҳриёр,

Падар божбон буда, ман бождор.

 

Аммо, мутобиқи баъзе далелҳо ин мафҳумҳо пеш аз “Шоҳнома”-и Аблуқосим Фирдавсӣ низ дучор меоянд. Барои тасдиқи ин далел аз “Шоҳнома”-и Абумансур Муҳаммад ибни Аҳмади Дақиқӣ аз ҷумлаи аввалин шоҳномаҳои манзум бо забони порсии дарӣ ба шумор мераванд. Шоҳномаҳое, ки то ӯ буданд, дар наср буданд ва яке аз “Шоҳномаи мансур” ба қалами Абумансур Муҳаммад ибни Абдураззоқи Тусӣ дар соли 957 эҷод шудааст. Пас аз 20 сол онро Дақиқӣ бо фармони Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ (976-997) ба назм медарорад. Дақиқӣ мегӯяд:

 

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Зардушти пир,

Ки: “Дар дини мо ин набошад ҳажир,

Ки ту “бож” бидиҳӣ ба солори Чин,

На андархур ояд ба ойину дин».

 

На бошам бар ин низ ҳамдостон,

Зи шоҳони мо дар гаҳи бостон.

Ба туркон надодаст кас “божу сов”,

Ба Эрон набудшон ҳама тушу тов.

 

Дар оянда барои эҳё кардани ин вожаҳои қадимаи порсӣ-дарӣ (тоҷикӣ) аз қабили (боҷ, боҷгир, боҷгирӣ, боҷгоҳ, боҷгузор, боҷгузорӣ, боҷдеҳ, боҷдов, боҷпулӣ, боҷстон, боҷситонӣ, боҷхона, боҷхоҳ) ва мавриди амал қарор додани ин вожаҳо дар мақомоти гумрук ҳамчун “Мафҳумҳои асосӣ” ё номгузории мақомоти гумрук бо ин номҳо аз аҳамият холӣ нестанд.

Моҳияти ин шеър аз он далолат мекунад, ки мардуми Аҷам ва фарҳанги форсии ориётаборон дар қарнҳои вусто дар раванди таъриху тамаддун бо давлатҳо ва империяҳои мухталиф дар муносибат ва мухолифатҳои низомиву иқтисодӣ қарор доштанд, вале рисолату ҳуввияти таърихӣ ва нангу шарафи миллии худро назди аҷнабиёну бегонагон ҳифз мекарданд. Ба ақидаи файласуфи олмонӣ Фридрих Гегел “форсҳо аз аввалин қавмҳои таърихӣ маҳсуб меёбанд. Дар давлати форсҳо иттиҳоди ҷавҳарӣ ва озодиро мушоҳида кардан мумкин аст” ё ҷои дигар таъкид мекунад, ки “ақвоми Зандӣ (форсу тоҷик) баландтарин мартабаи маънавиётро дар давлати форс соҳиб буданд”. Бинобар ин барои бедор кардани “ҳофизаи таърихӣ” дар замони муосир, ки таҳдидҳои ҷаҳонишавиро барои миллатҳои таърихан ранҷдида ва кунунан, ки дар марҳилаи гузариш қарор доранд, хавфи бештаре эҷод мекунанд, шарт ва амри зарурист.

Бояд тазаккур дод, ки раванди ҷаҳонишавӣ ин як феномени якҷабҳагӣ нест, балки фарогири кулли низоми ҷомеаи инсонист. Ба андешаи академик Мамадшо Илолов “ҷаҳонгардӣ як рӯйдоди мураккаб буда, танҳо аз дастовардҳои технологияи коммуникатсионию информатсионӣ иборат нест”. Аммо тоб овардан ба ин низоми печида барои категорияи фарҳанг маҳаки устувор лозим мебояд. Дар рӯ ба рӯи тағйиротҳои ҷаҳонӣ дастовардҳои технологию иттилоотӣ низ оҷизанд. Мантиқи фикрии мо ин аст, ки мафҳумҳои тоҷикӣ ва арзишҳои фарҳангии миллӣ бояд мавқеъ ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохтору идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ пайдо кунанд. Зеро ба қавли муаррихи инглис Ҷ.Тойнби “барои мо шарт нест, ки таърихро маҷбур созем то аз нав такрор шавад. Вай барои мо кушода аст, то ин ки таърихро бо нерӯи худамон такони нав диҳем”. Тавре ки дар боло зикр намудем, маншаи мафҳуми “гумрук” дар фарҳанги форс-тоҷик бо вожаи “боҷгоҳ” дучор меояд. Мафҳум ва истилоҳи “гумрук” бошад аз решаи ғайрифорсӣ сарчашма мегирад, ки ин ҳадяи таърихиро то кунун миллати тоҷик ба мерос гирифтааст. Вале таърих гувоҳ аст, ки сарзамини аҷдодии тоҷиконро юнониён, пас он арабҳо ва турку муғулҳо ғорату тасарруф карданд, ки аз ин забткориҳо фарҳангу маданияти тоҷикон бетаъсир намондааст. Ёдоварӣ ва эҳё кардани таърихи ниёгон ин амри зарурӣ ва шарафи инсонии ҳар як кас аст, зеро “инсоният ба гузашта назар меафканад, то ин ки масири ояндаро пайдо кунад”. Бояд гуфт , ки дар замони имрӯзи давлатдории кишвар ин раванд густариш дорад ва бешубҳа дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт чора-тадбирҳо андешида мешаванд.

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Новобаста аз мушкилоти сиёсӣ ва давраи ҳасостарини инкишофи таърихи давлатдории тоҷикон, 22 январи соли 1992 дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Саридораи назорати гумрукӣ таъсис дода шуд, баъдан дар доираи барномаи ислоҳоти идораи давлатӣ, сохтори мақомоти гумрук якчанд маротиба тағйир дода шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт.

Бо дарки муҳимияти масъалаи таъмини амнияти иқтисодии кишвар тавассути фишангҳои гумрукӣ, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими инфрасохтори гумрукӣ ва таҷҳизонидани дидбонгоҳҳои гумрукӣ як қатор чорабиниҳои ҳуқуқӣ, ташкилию сохторӣ, моддиву техникӣ, таҳия ва татбиқ карда шуда, мақомоти гумруки ҷумҳурӣ аз як бахши нисбатан маҳдуд ва хурд ба мақомоти муқтадире, ки таъминкунандаи амнияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, табдил ёфт.

Дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 1992 дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ нахустин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифи гумрукӣ” қабул гардида, мавриди амал қарор дода шуданд. Кодекси гумрук дар таҳрири соли 1992 барои ташкили системаи гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бунёдгузор ва дар инкишофи он заминаҳои ибтидоиро гузошт. Дар асоси он маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки самтҳои мухталифи фаъолияти мақомоти гумруки ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Баъдан, густариши муносибатҳои бозаргонӣ, рушди минбаъдаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ислоҳоти иқтисодию сохтории дар мамлакат бавуқӯъомада зарурати такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукиро ба миён гузоштанд.

Бо ин мақсад, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 04 ноябри соли 1995 таҳрири наву мукаммалгардидаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифи гумрукӣ”-ро қабул намуд, ки дар онҳо вазифа ва самтҳои фаъолияти гумрук дар сатҳи наву босифат ва ҳамаҷониба дарҷ ёфта буданд.

Вобаста ба муносибатҳои нави бозоргонӣ зарурияти таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва ба талаботи замон мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба миён омад. Қобили қайд аст, ки Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2005 мавриди амал қарор дошта, ба принсип ва меъёрҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ва Конвенсияи соддагардонӣ, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Конвенсияи Киото аз соли 1999) мутобиқ гардонида шудааст. Дар асоси Кодекси гумрук як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки тартиби соддагардонидашудаи расмиёти содиротию воридотӣ, шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиётро пешбинӣ менамоянд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумрук таҳия шуда, мавриди амал қарор доранд, пурра ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Конвенсияи Киото оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ мутобиқ карда шуда, заминаи ҳуқуқӣ ва амалиро барои соддагардонӣ ва суратбахшии расмиёти гумрукӣ, инчунин, зиёд гардидани гардиши тиҷорати хориҷии молҳо фароҳам меоранд.

Бо дарназардошти вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташкилотҳои ҳамгироӣ ва бо мақсади беҳбудии сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои масъули зиёдеро ба монанди таъмини амнияти иқтисодии кишвар ба ӯҳда дошта, дар баробари ҳифзи сарватҳои таърихиву фарҳангӣ, танзими тиҷорати хориҷӣ, мубориза ба зидди қочоқ ва вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ, ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳурӣ, барои ҳифзи амнияти миллӣ, ҳаёт ва саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Мо имсол санаи 22 - юми январ 32-солагии таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ба ин муносибат тамоми кормандони ин мақомот, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро табрик ва муборакбод менамоем.

 

Ҳикматов С. И.,

мудири кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ, н.и.и., дотсент

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top