ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ РАҚОБАТПАЗИРӢ

Бинанда: 273 | Санаи нашр: 15 Январ 2024

Санаи 28-уми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии хешро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа намуданд. Дар Паём Ҷаноби Олӣ оид ба масъалаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсати фаъолонаи иҷтимоӣ бо баланд шудани нақши омили инсонӣ ва сармоягузорӣ ба рушди сармояи инсонӣ, инчунин иқтисодиёти рақамӣ қайд намуданд.

Дар муқоиса бо сармоягузориҳо ба дигар шаклҳои сармоя, сармоягузорӣ ба рушди сармояи инсонӣ аз нуқтаи назари ҳам шахс ва ҷомеа манфиатовар буда, ба дигар омилҳо таъсир мерасонад. Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад ё ин ки рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.

Аз тамоми шаклҳои сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ муҳимтаринаш ин маблағгузорӣ ба нигаҳдории кадрҳои касбӣ мебошад, яъне андеша сари он меравад, ки тарбия, таълим, такмилдиҳӣ, бозомӯзӣ, ҳавасмандгардонӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи кадрӣ хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Хусусияти чунин сармоягузориҳо дар он аст, ки ин хароҷот ба таври ғайримустақим дониш ва таҷрибаи одамонро зиёд мекунанд, ба афзоиши ҳосилнокии сармояи дар инсон таҷассумёфта мусоидат мекунанд.

Ҳануз соли 1995 олими Донишгоҳи Массачусетси Амрико Николас Негропонте истилоҳи «иқтисоди рақамӣ» - ро пешниҳод намуд. Соли 2016 гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи вазъи иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон бо номи «Дивидендҳои рақамӣ» ба табъ расид. Ӯ дар натиҷаи таҳқиқоти илмии худ ба чунин хулоса омад: рақамисозӣ ҳиссаи назарраси маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои пешрафта барои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳн кардани иттилоот ва донишҳо ҳисоб мекунад. Дар зери таъсири нақши афзояндаи иттилоот ва дониш дар муҳити соҳибкорӣ, зарурати идоракунии иқтидори кадрӣ ҳамчун барандаи ин дониш рўз то рўз аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Рушди иқтидори кадрии кишвар дар шароити рақамикунонии иқтисод яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Ташаккули иқтисоди рақамӣ дар шароити табиии рушди иқтисодӣ муҳим мебошад, аз ин рӯ, масъалаи табдил додани захираҳои инсонӣ ба инсони рақамӣ ва рушди иқтисоди кадрии он аҳамияти калон пайдо мекунад. Ин дигаргуниҳо ибтидо ва сабаби ислоҳот дар бозори меҳнат мебошанд. Аз ин бармеояд, ки рақамикунонии иқтисодро метавон ҳамчун имконияти истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни системаи иқтисодӣ бо мақсади табдил додани захираҳои инсонӣ баррасӣ кард. Дар Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642 тасдиқ шудааст, омадааст, ки “рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, такон додан ба табодули намудҳои мавҷуда ва рушди намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими тамоюли содиротӣ ва ҳамзамон қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ бо роҳи воридотивазкунӣ имконият фароҳам меорад”.

Ба андешаи мо, рақамикунонии иқтисодиёт ин низомест, ки дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рақамӣ, инчунин шабакаи ҷаҳонии Интернет ташаккул ёфтааст. Истифодаи дастовардҳои бахши рақамӣ ба тағйирёбии равандҳои корӣ, стратегияҳо, пайдоиши самтҳои нави фаъолият ва ба ин васила ба баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ мусоидат менамояд.

Кабутов Қурбоналӣ Мирзоевич,

муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top