ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР

Бинанда: 260 | Санаи нашр: 11 Январ 2024

28-уми декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Паёми навбатиро ироа намуда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ барои давраҳои оянда бо ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муайян карда шуданд. Албатта, Паёмҳои Сарвари давлат санади муҳими барномавӣ, таҳлилӣ ва ҳисоботӣ буда, аҳамияти стратегӣ, афкорсозӣ ва байналмилалӣ дорад. Ҳамзамон Паём дастури мушаххаси созандагиҳои Ватан ва қадамҳои устувор барои иҷрои нақшаҳои бузурги давлатдорӣ буда, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба шукуфоӣ ва ободониҳои Ватан роҳнамоӣ месозад.

Аз мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маълум мегардад, ки рушди саноат ва саноатикунонии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, он аст, ки пешрафти соҳаи мазкур бо дарки баланди ватандорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ заминагузор мебошад.

Дар Паём қайд гардид, ки тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Рақамҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида ва иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди гузариш аз шакли иқтисодиёти аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ бомуваффақият амалӣ шуда истодааст.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2023 нисбати соли 1992-юм 4,6 баробар афзуда, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуда, ин нишондиҳанда танҳо дар ҳафт соли охир 2,4 баробар зиёд гардидааст. Боиси сарфарозист, ки беш аз пеш рушди иқтисоди миллӣ таъмин, буҷети давлати иҷро, гардиши тиҷорати хориҷӣ муътадил ва қурби асъори миллӣ нисбати шарикони тиҷоратӣ устувор нигоҳ дошта шудааст. Новобаста ба ин, Сарвари кишвар мунтазам зимни суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки: “…нишондиҳандаҳои мазкур бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар ҷиҳати ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя боқӣ мемонад”.

Лозим ба ёдоварист, ки суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар самтҳои гуногуни саноати миллӣ барои гузариши иқтисодиёт аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ ва таҳкими минбаъдаи иқтидори содиротии кишвар заминаи асосӣ мегузорад.

Дарвоқеъ, таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат ва неру бахшидан ба тараққиёти соҳаи саноат, коркарди маҳсулоти он талаботи бозори дохилию берунӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва саноатӣ иҷрои вазифаҳои хеле муҳимро тақозо менамояд. Бинобар ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки:

Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро таъмин намоянд;

Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонону бонувон эътибори махсус диҳанд. Вобаста ба масъалаҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт, бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Ногуфта намонад, ки таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва рушди саноату истеҳсолоти миллӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум кори саҳлу осон буда наметавонад. Ҳадафҳо ва афзалиятҳои асосии мамлакат дар ин самт муайяну мушаххас буда, ​татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар​ бомаром идома дорад. Вобаста ба ин, захираю имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифату рақобатпазири саноатӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва пайдо намудани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ бениҳоят зиёд мебошаданд.

Дар маҷмуъ, Паёми Сарвари давлат дар роҳи созандагиҳои Ватан масъулияти тамоми мардуми кишварро бештар намуда, ҳавасмандӣ ва фаъолияти муназзамро дар ин самт дучанд гардонида, барои рушди босуръати саноати кишвар такони ҷиддӣ медиҳад.

 

Ораз Муртазозода,

дотсенти кафераи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top