ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: Омили калидии таҳкимбахшандаи рушди стратегияи миллӣ ва иқтисоди “сабз”

Бинанда: 317 | Санаи нашр: 08 Январ 2024

Таҷрибаи кишварҳои пешоҳанги иқтисодиёти инноватсионӣ нишон медиҳад, ки онҳо бо истифодаи оқилонаву мақсадноки захираву иқтидори мавҷуда  суръати коиноти рушдро касб кардаанд. Сарчашмаи рушд метавонад гуногун бошад. Ҳар як кишвар аз сарвату дороиҳо, махзану канданиҳои фоидабор, иқтидору неруӣ зеҳнӣ ва мавқеи ҷойгиршавӣ дигаре аз иқлиму сеюми аз табиат  пайваста меболаду мефахрад.

Дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳлилу арзёбии фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, саноатикунониву иқтисоди сабз ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди барррасӣ қарор гирифтаанд.

“Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем”.

 Имрӯзҳо  ҷомеаи мо  моҳияти ибораи иқтисоди «сабз»-ро ба маъноҳои мухталиф маънидод менамояд. Гурӯҳи аввал чунин меҳисобанд, ки ин соҳаи нави иқтисод буда, табиати муҳити зистро беҳтар мегардонад. Тарафи дуюм ин ифодаро ҳамчун технологияи нав ва як навъи экосистема, ки ба кӯмаку фоидаоварӣ ба табиат даъват мекунад, мефаҳманд. Гурӯҳи сеюм чунин мепиндоранд, ки он марҳилаи нави гузариши рушд буда, мақсади асосиаш истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дар маҷмуъ, иқтисоди сабз ба технология тоза ё «сабз» асос гирифтааст.

Дар баробари ин, мушкилоти мухталифи глобалии экологӣ, амнияти озуқаворӣ, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо неруи барқ ва ҳоказо тамоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳоро маҷбур сохтааст, ки барои бартараф кардани ин проблемаҳо, коҳиш додани таъсироти манфӣ ба муҳити зист ва мутобиқ гардонидани шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба тағйирёбии глобалии иқлиму баландшавии ҳарорат ҳарчи зудтар ба модели нави иқтисодӣ рӯй оранд. Чунки зарурати коркарди модели нави рушди иқтисодӣ, яъне иқтисоди сабзро афзудани хатарҳои экологӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист ба миён овардааст.

Аз ин рӯ, қисме аз коршиносон иқтисоди сабзро ба маънои васеъ, тарзи фаъолияти хоҷагидорие меҳисобанд, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад. Ба маънои маҳдуд бошад, ҳамчун технологияи коркард, истеҳсолу истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва коҳиш додани партовҳои ифлоскунандаю газҳои гулхонаӣ, мониторинги тағйирёбии иқлим ва инчунин, технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод карда мешавад.

Воқеан таи солҳои охир нишондиҳандаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ хеле назаррас мебошанд, чуноне, ки қайд гардидааст “дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Вазъи иқтисоди ҳар як кишвари ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо сатҳ ва сифати зиндагии шаҳрвандонаш тавсиф мешавад. Нишондиҳандаҳои сифати зиндагии аҳолӣ муҳимтарин нишондиҳандаҳои баҳодиҳии вазъи воқеии иҷтимоию иқтисодии дигаргуниҳои ба амаломада ва дараҷаи рушди иҷтимоии ҷомеа мебошанд. Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум муҳимтарин вазифаи стратегии рушди иқтисодиёт аст. Дар модели рушди иқтисодӣ, ки бартарияти қисмати инноватсионӣ дорад, ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти ҷомеа дар маҷмўъ нақши арзишманд дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шудааст. Ин пеш аз ҳама  аз  беҳтаршавии сатҳи сифати ҳаёти ҷомеаи мо дарак медиҳад. Чунин иқдомот идома ёфта “бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад”.

Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Ба андешаи мо сармояи инсонӣ яке аз муҳимтарин омилиест, ки дар он тафаккури эҷодӣ, арзишҳои зеҳнӣ, маҳорату истеъдод, салоҳияту касбият ва иқтидори шахсият дар бозори меҳнат арзёбӣ мегардад.

Сармояи инсонӣ нерӯи созанда, потенсиали меҳнатӣ, захираи арзишманд ва таъминкунандаи омили муваффақияти ташкилот дар фазои рақобат бо такия ба рақамикунонии фаъолият ба ҳисоб меравад. Сармояи инсонӣ нерӯ ё қувваест, ки баҳри рушди иқтисодиёти миллӣ ва татбиқи стратегия нақши калидӣ дорад.

Сармояи инсонӣ  захираи асосии истеҳсолии дар ихтиёри корхона буда, барои афзун намудани дороиҳо ва таъмини фаъолияти самарабахш хизмат менамояд. Сармояи инсонӣ маҷмӯи донишу салоҳиятҳо, сифатҳою арзишҳо, истеъдоду қобилиятҳое, ки дороию сарватмандии инсонро метавонад дучанд намояд, агар онҳоро баҳри мафиятбахшии ҷомеа ва тафаккури шахсӣ сафарбар намуда тавонӣ.

“Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд”.

Таҷрибаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон нишон медиҳанд, ки сармоягузорӣ ба нерӯи инсонӣ азалиятноктарин  сармоягузориҳост, зеро ба ҳар маблағи сарфшуда метавонад  то 100 маротиба  зиёдтар манфият ба бор оварад.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат пайваста озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, ки ин яке аз нишонаҳои таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ баҳри дарёфти истеъдодҳост.  Сармояи инсонӣ аз саломатӣ, дониш, таҷриба ва малакаҳое сарчашма мегирад, ки одамон барои таъмин ояндаи ҳаёти худ онро пайваста ҳифз ва такмил хоҳанд дод. Иқдоми навбатӣ дар соли 2024 озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.

Баргузории Озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2023 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст. Ҷиҳати ҳавасмандсозӣ ва бештар омода намудани наврасону ҷавонон барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ва иштирок дар Озмуни мазкур дар баробари довталабон, инчунин омӯзгорон ва падару модарони хонандагоне, ки дар он ғолиб меоянд аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат соли ҷорӣ низ барои иштирокчиёни Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он довталабони даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2024 аз ҷониби cарпарасти он – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, дар соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда мешавад, озмуни мазкур 4 570 000 (чор миллиону панҷсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

Ин гуна иқдомҳо дар ташаккули сармояи инсонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди стратегияи миллӣ баҳри тақвияти илму фарҳанг муосидат менамояд.

Дар татбиқи ин иқдому стратегияҳои миллӣ бояд такия ба нерӯи инсонӣ, моликияти зеҳнӣ ва мутахассисони касбии дорои масъулияту салоҳиятҳои зарурӣ  гузошта шавад ва дар ин самт боз ҳам нақши созандаро бояд  омӯзгорони асил ба даст гирифта бошанд.

Воқеан Паёми Президенти маҳбуби мо, барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон на танҳо дастур ё роҳнамо, балки барнома ё қадамҳои устувор баҳри таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ, 35 - солагии Иди миллии тоҷикистониён, яъне сазовор ҷашн гирифтани он хоҳад буд. Дар ин роҳ қувваю иқтидори зеҳнӣ, масъулияту заҳмати пайваста, нерӯи созанда, амну осоиштагиву муттаҳидӣ, нангу номуси миллӣ ва азму иродаи қавӣ  моро беш аз пеш зарур аст.

 

 

Қурбонов Абдукарим Раҳимович - муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, дотсент

Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич - дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top