ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Бинанда: 611 | Санаи нашр: 03 Январ 2024

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28.12.2023. баргузор гардид, қайд намуданд, ки “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем. Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Ҳол он ки мо дар давраи пандемияи КОВИД–19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарор доштем. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд”.

            Қобили тазаккур аст, ки пешрафти ҳар як давлат аз иқтисодиёти он вобастагӣ дорад, моро зарур меояд барои ҳарчи бештару хубтар баланд бардоштани иқтисоди миллии худ чораҳои зарурии зеринро андешида бошем:

1. Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аз қабилӣ (барномасоз, муҳандис, ихтироъкор) ва амсоли инҳо;

2. Дастгирии олимони ҷавони соҳаи иқтисод аз ҷониби олимони собиқадори ин соҳа;

3. Сохта ва ба истифода додани корхонаҳои хурду бузург дар миқёси мамлакат, бо ҷалби соҳибкорони ватанивӯ хориҷӣ,

4. Ҷалб кардани мардуми деҳот ба ҳар гуна касбу корӣ гуногун дар макони зисташон;

5. Гузаронидани курсҳои сайёр оид ба касбомӯзии занону бонувон дар деҳот, ва ғайраҳо

Аз гуфтаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки роҳбарияти Олии кишвар пайваста дастгир ва ғамхори ватану миллат буда, аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданашон то имрӯз ҳама кӯшишу заҳматҳоро барои пешрафти Тоҷикистони азиз ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум дареғ надошта, хизматҳои беназирро анҷом дода истодаанд. Пас мо бояд ба қадри ин неъмати худодод бирасем ва ифтихор дошта бошем ки барои мо чунин роҳбари ғамхору меҳрубон ба монанди Эмомалӣ Раҳмон насиб гаштааст.

 

Олимхон Раҷабов н.и.и., дотсент,

мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top