ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ПАЁМ – ТАЪМИНКУНАНДАИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Бинанда: 345 | Санаи нашр: 02 Январ 2024

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳим дар таъмини сулҳу субот, пешрафти соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ ва иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сармояи инсонии мамлакат ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши бориз дорад.

Воқеан, дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Ҳамасола, дар паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ пайваста таҳлил ва вазифагузорӣ карда мешаванд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани паҳлуҳои мухталифи сиёсати берунӣ ва дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи иҷтимою иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад.

«Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд» - изхор доштанд Президенти мамлакат. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд».

Дар Паём дастовардҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат ва пешрафти ин соҳаи пешбари иқтисодиёт махсусан қайд гардид. Таъкид карда шуд, ки солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар амалия самараи дилхоҳ дод. Дар соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, тавсеаи фондҳои асосӣ, тавлидоти маҳсулоти наву рақобатпазир аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 млрд. сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,5 маротиба зиёд мебошанд. Иқдомоти мазкур имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 46 миллиард сомонӣ расонида шуда, сифати молҳои тавлидоти ва хизматрасониҳо беҳтар гардад.

Сарвари давлат таваҷҷӯҳи мардуми кишварро ба рушди соҳаи энергетика ва дурнамои тараққиёти он ҷалб намуданд. Дар Тоҷикистон соли 2023 иқтидори энергетикии мамлакат ба 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли нерӯи барқ ба 22 миллиард киловатт-соат расонида шуд, ки ин нисбати солҳои гузашта зиёд мебошад. Дар солҳои минбаъда низ азнавсозӣ ва бунёди неругоҳҳои барқи обӣ вусъати тоза пайдо мекунанд. Дар соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба баҳрабардорӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин, иҷрои лоиҳаи «CASA-1000», бунёди неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Санобод» ва «Чарсем» ба нақша гирифта шудаанд. Дар ҳафт соли наздик содироти қувваи барқ ба 10 млрд. киловтт-соат расонида мешавад.

Як самти муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат рушди «нерӯи сабз» мебошад, ки аз рӯйи истифодаи он дар раддабандии байналмилалӣ Тоҷикистон дар ҷойи шашум қарор дорад. Вазифа гузошта шудааст, ки то соли 2030 истеҳсоли нерӯи эҳёшаванда аз ҳисоби манбаъҳои офтоб ва бод ба 1 мегаватт расонида шавад. Дар соли 2032 тамоми нерӯи барқи мамлакат аз манбаъҳои эҳёшаванда истеҳсол хоҳад шуд.

Ҳамзамон, ҳангоми ироаи Паём ба масълаҳои тозагии муҳити зист, беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ низ дар маркази диққат қарор дода шуд. Дар соли 2037 партови газҳои гулхонавӣ ба ҳадди ақал расонида мешавад ва ҷиҳати тоза нигоҳ доштани муҳити зист тадбирҳои пешгирикунанда андешида мешаванд.

Иҷрои вазифаи стратегии аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан - бо мақсади раҳо намудани кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуда истодааст.

Дар ин бобат тасмим гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик дар се самт долони транзитию иқтисодӣ фаъол гардонида шуда, интиқоли бору мусофиркашонӣ вусъат дода мешавад. Инҳо долонҳои нақлиётии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон, Чин – Тоҷикистон - Узбекистон – Туркманистон – Эрон - Туркия - Аврупо ва Тоҷикистон – Чин – Покистон мебошанд, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ пайваст менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ диққату эътибори калон медиҳад. Дар соли 2024 андозаи нафақа 30 фоиз, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 40 фоиз зиёд карда мешаванд. Ин тадбирҳои ҳавасмандсозанда ҳамаи кормандонро ба меҳнати созандаву босубот ва ташаббускориҳои нав ба нав роҳнамун месозанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Паёми Асосгузори ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи самтҳои рушди устувори иқтисодиёт, яъне роҳҳои афзоиш додани даромади буҷети давлатӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини босуръати саноатикунонии кишвар, ҷалб кардани сармояи хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ ва туризм ҳаматарафа дида баромада шуда, вазифаҳои мушаххас оид ба рушди соҳаҳои мазкур гузошта шудаанд.

Ҳамин тарик, дар ҳуҷҷати барномавӣ ва роҳнамунсозанда - Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи дурахшони кишвар, беҳтаршавии некӯаҳволии аҳолӣ ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон -  Тоҷикистони соҳибистиклол пешбинӣ шуда, ҳар як фарди кишварро муваззаф менамояд, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

 

Абдуалим Ҳомидов н.и.и.,

мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон

ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top