ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ПАЁМ – РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

Бинанда: 233 | Санаи нашр: 30 Декабр 2023

Мо, аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем, маълумотҳои омории онро пайваста дар раванди кории худ истифода бурда, нуқтаҳои асосии онро мавриди иҷро расонем. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки бо истифода аз нуқтаҳои асосии он навиштани маърӯзаҳо, рефератҳо, корҳои санҷишӣ аз ҷониби донишҷӯён ба роҳ монем. Худи мо ҳам аз ин раванд бархудор гашта, таҳлилу таблиғи онро ба роҳ монем.

Ба масъалаи иҷтимоии тарбия, нақшу мақоми инсон (донишҷӯ, омӯзгор, падару модар ва дигарон) дар ҷомеа бештар аҳамият диҳем.

Маводҳои Паёми Пешвои муаззами миллат барои нашр кардани маводҳои дарсӣ аз ҷумла: китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва ғайра кӯмаки амалӣ мерасонад. Мо Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, дар мавриди чор самти асосии стратегияи миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, сухан ронданро зарур медонем. Чуноне, ки таъкид гардид, дар амал татбиқ гардидани чор ҳадафи миллӣ имкон фароҳам меорад, то зиндагии мардум ва вазъи иқтисодии кишвар беҳтару хубтар шавад. Инчунин аз ҷониби роҳбари давлат бо мақсади рушди иқтисоди сабз, дар мамлакат пешниҳод карда шуд, ки то соли 2037 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари сабз, табдил дода шавад.

Дар мадди аввал гузоштани соҳаи иҷтимоӣ, баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷавӣ ва нафақа, боз як ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллат мебошад. Бо ин восита, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам беҳтару хубтар мегардад.

Инчунин дар ҷараёни дарсҳо ва соатҳои сарпарастӣ шарҳ додани нуқтаҳои асосии Паёмро зарур медонем.

Туйчиқулов З.Ҷ. - н.и.и., дотсент,

мудири кафедраи “Назарияи иқтисодӣ”

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top