ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: УФУҚҲОИ РУШДИ УСТУВОР

Бинанда: 212 | Санаи нашр: 30 Декабр 2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, вазифаҳои муҳими сохторҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, инчунин самтҳои муҳиму самарабахши мақоми олии қонунбарори мамлакатро муайян намуданд.

Чи тавре ки Пешвои миллат қайд намуданд, новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ, таҳримҳои иқтисодию молиявӣ ва низоъҳои минтақавӣ, дар соли сипаригардида сатҳи рушди ММД 8,3 фоиз, қисми даромади буҷети давлат 102,5 фоиз иҷро гардид. Агар дар ҳафти соли охир ин нишондиҳандаро таҳлил намоем, суръати миёнаи рушди ММД 7,5 фоизро дар бар мегирад ва 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Даромади пулии аҳолӣ бошад дар соли 2023 ба 112,7 млрд. сомонӣ баробар гардид, сатҳи камбизоатӣ то 21,2 фоиз кам карда шуд ва сатҳи таваррум 3,8 фоизро ташкил намуд. Мувофиқи дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли оянда сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам карда шавад ва суръати рушди иқтисодӣ бошад, на кам аз 8 фоиз таъмин гардад. Дар давоми се соли оянда хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ ба 60 млрд. сомонӣ бояд расонида шавад.

Дар замони муосир яке аз самтҳои ниҳоят муҳими расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат тақвияти низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ташаккули хизматрасониҳои муосири низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт нақш ва мавқеи низоми бонкӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил намуд. Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ин давра 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил намуд. Дар ин давра бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ 32 дарсад афзоиш ёфта, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо супориш доданд, ки дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ намуда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.

Аз дуруст ба роҳ мондани ин тадбирҳо афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин гардида, хароҷот низ ба соҳаҳои мухталифи мамлакат зиёд мегардад ва дар ин замина ҳангоми такмили ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ омилҳои коррупсионӣ низ аз байн мераванд.

Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар самти дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат бо фоизи нисбатан паст, инчунин пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо истифодаи васеи технологияҳои муосир тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳалимов Л.М., н.и.и., дотсент,

мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top