ҶАНБАҲОИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Бинанда: 243 | Санаи нашр: 29 Декабр 2023

Дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар он доир ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, варзиш ва сайёҳӣ вазифагузории мушаххас ба миён гузошта шудааст.

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муждаи неку боварибахш барои идомаи қадамҳои устувор ва рушди бемайлони нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии кишвар дар шароити зудтағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон мебошад.

Дар Паём зикр гардид, ки ба мушкилоти зикршуда нигоҳ накарда, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шуда, ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд, инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда мешавад;

Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Тавре Президенти кишвар дар ироаи ин ҳуҷҷати расмӣ зикр карданд, ки «Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам».

Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Президенти мамлакат барои тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, молиявию иқтисодӣ, дигар субъектҳои хоҷагидорӣ сармашқи кор ва дастури роҳнамо баҳри ҳар чи тезтар амалигардонии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ва дар ин замина, муҳайё намудани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб мешавад.

 

Б.М. Дустматов,мудири кафедраи молияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top