ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Бинанда: 540 | Санаи нашр: 29 Декабр 2023

Алиев Фарух Шарифович,

мудири кафедраи ҳуқуқи

тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Эълон гардидани соли 2024 - “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми беназир дар самти рушди фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвар мебошад. Талаботи асосӣ барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ин сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Донистани падидаҳои муҳимми ҳуқуқӣ ва давлатӣ барои худогоҳӣ ва дар навбати дигар ташаккули давлат ва ҳуқуқ умуман рушди босуботи фарҳанги ҳуқуқӣ, ки аз он ҳосил мегардад аз ҷониби ҷавонон бениҳоят зарур мебошад.

Фарҳанги ҳуқуқӣ дар давлатҳои ҳуқуқбунёд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин гурўҳи давлатҳо шомил мебошад - сатҳи дониши ҳуқуқӣ, дарки қонунҳо қобилияти истифодабарӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт мебошад. Фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон як намуди фарҳанги ҳуқуқии инсон мебошад. Хусусиятҳои хоси фарҳанги ҳуқуқии инсон пеш аз ҳама: сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо, донистани қонунҳои амалкунандаи кишвар, риоя, иҷро ва истифодаи ин қонунҳо мебошад. Чи тавре, ки баъзе муҳаққиқон қайд менамоянд «Дар ҷомеаи шаҳрвандии рушдёбанда ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аҳамияти хоса доранд ва ба фарҳанги умумии ҷомеа ворид карда мешаванд [3,c. 180].

Мутобиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб мешавад [4]. Дар ин замина, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвар дар маҷмуъ ва махсусан фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун насли нав, самти муҳимми сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад. Мантиқист, ки ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ аз сиёсати ҳуқуқии давлат бевосита вобастагӣ дорад [5, c. 59], агар сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии аҳолии кишвар баланд бошад, сиёсати ҳуқуқӣ ба таври муассир ташаккул меёбад, зеро донистани қонунҳо ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар чорабиниҳои ҳуқуқӣ, давлатро ба қабул намудани меъёрҳои ҳуқуқии зарурӣ ва такмил додани низоми қонунгузорӣ ҳавасманд мегардонад.

Воситаи муассири мубориза бо зуҳуроти номатлуб ин ташаккули фарҳанги баланд дар насли наврас, алалхусус фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад. Принсипҳои баланди ахлоқӣ, завқи эстетикӣ, фарҳанги сиёсии ҷавон танҳо бо роҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ ташаккул меёбанд ва бо ин робитаи ногусастанӣ доранд.

Муҳаққиқи ватанӣ Ф. Тоҳиров дар мавзуи «Мақоми Конститутсия дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» қайд менамояд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан бузургтарин ҳуҷҷати миллӣ ва давлатии кишварамон буда, дорои аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аз ин рў, хуб донистани қонуни асосии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон, ки ояндаи пойдорию пешрафти миллату давлатанд, ҳам фарзу ҳам суннат аст. Бояд, ки наврасону ҷавонон усулҳову ғояҳои дар Конститутсия сабтгардидаро хуб дарк карда, дар раванди ҳаёти ҳаррўзаи худ онҳоро татбиқ карда тавонанд». [6, c. 29].

Чунин тарзи баррасии масъала аз ҷониби муҳаққиқи варзидаи ватанӣ Ф.Тоҳиров. аз он шаҳодат менамояд, ки муаллиф бевосита ба ҷавонон таъкид менамояд, ки ҷиҳати баландбардоштани фарҳанги ҳуқуқиашон Конститутсия ва қонунҳои ҷориро донанд ва аз онҳо истифода намуда тавонанд. Аз андешаронии муаллиф бармеояд, ки махсусан донистани ҳуқуқу озодиҳои, конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунанда, ҷиҳати рушди давлату миллат ва пойдор мондани онҳо барои ҷавонон ҳам фарз ва ҳам суннат аст. Ин нуқтаи назар бори дигар муҳим будани масъалаи фарҳанги ҳуқуқии ҷавононро дар раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд собит намуда, мавзўи татқиқоти алоҳида будани онро, шаҳодат медиҳад.

Робитаи фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд  яке аз масъалаҳои муҳимтарин буда, ҳамзамон проблемаи асосии рушди давлати ҳуқуқбунёд гашта истодааст. Беҳтар кардани вазъи  фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи он ба  рушди самараноки давлати ҳуқуқбунёд ва такмили ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидати беандоза мерасонад.

Сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон  аз самаранокии амалишавии принсипҳои умумии ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳанд. Волоияти қонун, давлати ҳуқуқбунёд ва рушди мутаасили ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси фарҳанги ҳуқуқӣ ташаккул меёбад. Дар ҳолати баракс,  ғояи ҳуқуқуозодиҳои инсон ташаккул намеёбад, эҳтироми волоияти қонун коста мегардад ва принсипҳои умуми ҳуқуқӣ дар амал суст тадбиқ карда мешаванд.

Дар асоси моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар давалати ҳуқуқбунёд зиндагони дорем. Барои оне ки волоияти қонун, адолат, инсондўстӣ, иҷрои бошууронаи вазифаҳои конститутсионии ҳар шахс дар назди давлат ва эҳтироми ҳуқуқу озодииҳои асосии инсон ва шаҳрванд риоя гардад, сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ махсусан ҷавонон бояд баланд бардошта шавад. 

Алоқамандии фарҳанги ҳуқуқӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро муҳаққиқи ватанӣ С. Э. Насриддинзода бо тариқи васеъ таҳлил намуда, қайд менамояд, ки байни фарҳанги ҳуқуқӣ ва давлати ҳуқуқбунёд алоқаи мутақобила ҷой дарад. Аз як тараф давлати ҳуқуқбунёд барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ шароит муҳаё менамояд аз тарафи дигар давлати ҳуқуқбунёд сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқиро талаб менамояд. [7, c. 186].

Сангинов К. низ муҳиммияти фарҳанги ҳуқуқӣ аз ҷумла фарҳанги ҳуқуқии ҷавононро барои ташкили тавлати ҳуқуқбунёд баён намуда, қайд менамояд, ки Аломати асосии тамоми давлатҳои ҳуқуқбунёд аз он иборат аст, ки дар он чун шарти ҳатмӣ сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, алалхусус ҷавонон, инчунин фарҳанги касбӣ дар касбҳои гуногун ташаккул ёфта мебошад”. [8].

Муаллиф бевосита яке аз аломатҳои асосии тамоми давлатҳои ҳуқуқбунёдро, дар сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва махсусан фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон мебинад. 

Барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ муҳокимаронии Афлотун дар бораи омӯзонидани одамон барои риояи қонунҳо аз хурдсолӣ, бисёр аҳамияти калон дорад, ба андешаи ў ба шарофати чунин тарбия онҳо «одат» мекунанд ба қонуният. Ҳамчунин Афлотун эътимод дошт, ки риояи қонун вобастааст ба низоми муназзами таълим ва тарбия. Ў қайд менамояд, ки “Дар дилхоҳ шакли давлат мардуми соҳибмаълумоту бо тарбия муҳимтарин қонунҳоро поймол намекунанд”.[9, c. 189].

Муҳаққиқи дигари Юнони қадим Аристотел дар бораи аҳамияти тарбия дар амали намудани адолати судӣ чунин менависад “ Ҳар як шахси мансабдор, ки дар рўҳияи қонун тарбия ёфтааст, адолати судиро дурўст амали менамояд.”[10, c. 482-483].

Олимоне, ки бо мушкилоти давлати ҳуқуқбунёд комилан сарукор доранд, қайд мекунанд, ки давлати ҳуқуқбунёд дар андозаи типологӣ як намуди мустақили давлат аст, ки дар асоси воқеияти нав дар марҳилаи муайяни рушди ҷомеа ба вуҷуд омадааст. [11, c. 237].

Аз нуқтаи назари Б.А. Кистяковский давлати ҳуқуқбунёд ҳамчун “давлати муттасили рушдкардаи конститутсионӣ” шарҳ дода мешавад, ки дар эҳтиром кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асос ёфта, дар он инсон на танҳо объект, балки инчунин субъекти ҳокимият мебошад [12, c.  420].

Ба раванди ташаккули ҷомеаи муосири Тоҷикон бояд ҷаҳонбинии васеъи ҳуқуқии ҷавонон ҳамроҳ бошад.

Ба ақидаи мо, фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон бояд ҷанбаҳои асосии ҳуқуқро инъикос намояд ва шаклҳои вазъи ояндаи фарҳанги ҳуқуқро дар муҳити ҷавононӣ баяд ташаккул дод. Фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, чун маҳаки рушди давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Рушди Фарҳанги ҳуқуқӣ ҷавонон ба рушди ниҳодҳои ҳуқуқии демократии тамаддуни муосир хидмат мекунад.

Дар айни замон, сиёсат қисми ҷудонопазири ҳаёт аст. На танҳо ба манфиатҳои калонсолон, одамони баркамол, балки ба ҷавонон низ таъсир мерасонад. Ба андешаи мо, аксар шаҳрвандони ҷавони кишвар нисбат ба одамони миёнасолу калон сол ба сиёсат ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсӣ камтар таваҷҷӯҳ доранд. Дар ҳоле, ки зарур аст, ки ҷавонон сиёсати замони муосирро,  ки бениҳоят дар ҳоли мураккаб аст, сарфаҳм раванд. 

Дар замони муосир дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон дар шароити давлати ҳуқуқбунёд, масъалаи мубрам ин баландбардоштани дарачаи умумии шуури ҳуқуқӣ ҷавонон, аз байн бурдани нигилизми ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон, омӯзиши проблемаҳои пасткунандаи фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, ҳамчунин механизми баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии онҳо муҳим арзёби мешавад.

Имрӯз фароҳам овардани шароит барои ба таври пурра шомил кардани ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа калиди инкишофи бомуваффақияти сиёсати ҷавонони Тоҷикистон мебошад.  Н. А. Бердяев навиштааст, инсоният ба фарҳанг маҳкум аст. [13, c. 713].

Ҳаминтариқ дар натиҷаи таҳлили мавзуи мазкур ба хулосае омадем, ки бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ва ташаккул ёфтани давлати ҳуқуқбунёд дар ҶТ зарур аст, ки:

  • Омўзиши фанҳои таълимии ҳуқуқӣ дар макотиби миёна ҷиддӣ ба роҳмонда шуда, соатҳои онҳо зиёт карда шаванд;
  • Дар мактабҳои миёна ва олӣ пайваста маҳфилҳои ҳуқуқӣ гузаронида шаванд;
  • Дар ҷумҳури озмунҳои беҳтарин конститутсиядон, ҳуқуқшиноси ҷавон ва ба монанди инҳо тавасути телевизион ташкил карда шаванд. Мутаасифона аз фанҳои таълимии дигар гузаронида мешавад ба ҳуқуқ, ки тамоми рафтири инсонро дар замони муосир танзим менамояд ниҳоят кам эътибор дода мешавад;
  • Бо мақсади самарабахш гардидани таълими ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон дар мактабҳои олӣ омўзиши фанни таълимии ҳуқуқи инсон новобаст аз ихтисос муҳим ва зарур мебошад;
  • Ҳамчунин бахши хусусӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ ва мусоидати онҳо ба раванди ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон низ самара бахш буда, ташкили чунин ташкилотҳо барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.

Адабиёт:

  1. Холиқов А. Ғ. Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон қисми1. Душанбе, 2002. -  С.71.
  2. В. В. Кузнецов История Вавилона- Л, 1956 .– С-36
  3. Снашков С.А. Правовая культура как фактор информационной безопасности // Вестник Челябинского государственного университета. – 2013. -№22 (313). – С.180.
  4. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028
  5. Редков С.К. Реформы 19 века и их влияние на правовую культуру российского общества // Вестник КГУ им. Н.А. Некрасова. – 2012. - №4. – С.59
  6. Ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон. Маводҳои конфронси умумиҷумҳуриявӣ илмию амалӣ. Душанбе, 2005.- С.29.
  7. Насурдинов Э.С. Формирование правовой культуры в Республике Таджикистан в условиях углубления культурно-цивилизационных различий: проблемы теории и практики. Диссертация на соискание ученой степени доктора юридических наук. Специальность: 12.00.01. – Душанбе, 2015. – С. 186.
  8. Формирование прававой культуры молодежи: Сущность и проблемы https://cyberleninka.ru/article/v/formirovanie-pravovoy-kultury-molodezhi-suschnost-i-problemy
  9. Аристотель. Сочинения: в 4 т. Т. 4. М.: Мысль, 1983. - С. 482-483.
  10. Раянов Ф.М. Гражданское общество и правовое государство: проблемы понимания и соотношения : моногр. М. : Юрлитинформ, 2015. - С. 237
  11. Кистяковский Б.А. Государственное право (общее и русское): лекции // Философия и социология права. СПб., 1999.-  С. 420.
  12. Бердяев Н. Философия неравенства. Письмо ХIII. О культуре // Судьба России. Сочинения. М. : ЭКСМО-Пресс ; Харьков : Фолио, 1998. - С. 713.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top