ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: РАҚАМИКУНОНИИ МОЛИЯВУ АНДОЗ - ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Бинанда: 289 | Санаи нашр: 29 Декабр 2023

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 вобаста ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ чунин омадааст: “Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд”.

Дар шароити имрӯза тараққӣ ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ ва дигаргуниҳои мураккаби иҷтимоӣ ба ҷамъият таъсири худро расонида, қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи ин тағйиротҳо рушди босуръати технологияҳои нав ва вусъати дастрасӣ ба имкониятҳои рақамикунонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина мунтазам рушд ёфтани муносибаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла муносибатҳои андозӣ низ бояд ба талаботи замон мутобиқ карда шаванд.

Маъмурикунонии андоз дар замони рушди технологияҳои иттилоотӣ бе ташкили сохтори пурқуввати идоракунии андоз, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии андозситонӣ ғайриимкон мебошад.

Ҳамин тариқ, мо чунин мешуморем, ки маъмурикунонии андоз - дар доираи қонунгузории андоз андешидани чораҳои дахлдор (бо сарфаи вақт ва хароҷоти камтарин) ҷиҳати саривақт ва дар ҳаҷми пурра ворид намудани андозҳо ба буҷет фаҳмида мешавад.

Дар шароити ҳозира яке аз вазифаҳои асосии мақомоти андоз ҷамъоварӣ ва самаранок ситонидани андозҳо ба ҳисоб рафта, маъмурикунонии андоз бо усулҳои нави замонавӣ (истифодаи технологияҳои иттилотӣ, хизматрасониҳои фосилавӣ) яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб меравад. Зеро мақомоти андоз ва андозсупорандагони аксарияти давлатҳо дар шароити муосир ба хулосае омадаанд, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар маъмурикунонии андоз ба ҳарду ҷониб манфиатҳои мутақобила дорад.

Хулоса, ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ дар маъмурикунонии андоз, яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, барои ноил гардидан ба ҳадафи ташаккули Ҳукумати электронӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Мудири кафедраи андоз ва суғурта

н.и.и., дотсент Раҷабов Комрон Раҷабович

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top