ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ТАШАККУЛИ «ИҚТИСОДИ САБЗ», СУРЪАТ БАХШИДАНИ РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ

Бинанда: 265 | Санаи нашр: 28 Декабр 2023

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 вобаста ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ чунин омадааст: “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд”. Чи гунае, ки таъкид гардид, қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ гардидааст.

Иқтисоди сабз яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, солҳои охир ибораи иқтисоди сабз аз ҷониби олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод ва ғайра мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додад. Консепсияи иқтисоди сабз ғояҳои мухталифи илми иқтисод ва фалсафа, аз ҷумла иқтисоди феминистӣ, иқтисоди захиравӣ, иқтисоди экологӣ, иқтисоди муҳити зист, постмодернистӣ, зиддиистеъмолот, муқобил ба ҷаҳонишавӣ, анархияи сабз, сиёсати сабз ва назарияи муносибатҳои байналмилалиро дарбар мегирад.

Пешниҳоди дахлдор имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида таъкид гардид, ки ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррас дар самти рушди иқтисоди «сабз» дар кишвар андешида шуда истодааст. Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия гардида, соли 2022 ба тасвиб расид. Мақсади Стратегияи мазкур гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад.

Ҳаҷми маблағгузрории стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ намудааст, ки дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад.

 

 

 

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ

н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top