РАВАНДИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО АЗ ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Бинанда: 541 | Санаи нашр: 13 Декабр 2023

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар маҷлиси 77-уми умумии маҷмааи СММ қатънома оид ба «Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул карда шуд. Ин иқдоми навин бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускор, панҷ пешниҳоди муҳими марбут ба обро ба Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод кардааст: Эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза – соли 2003; Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015; соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об; Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028». 14 декабр қатънома бо эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмоягузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо; дар соли 2025 доир намудани Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Дар қатъномаи мазкур таъкид шудааст, ки аҳамияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири назарраси обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсонҳо ва рушди устувор боқӣ мемонад. Инчунин дар ин қатънома таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи озоносфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои онро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.

Мавриди таъкиди хос аст, ки қариб 133 ҳазор км2 ҳудуди кӯҳҳои Тоҷикистон дорои ҷамъкунандаи захираҳои оби тозаи нӯшокӣ мебошанд. Истифодаи сарфакоронаи ин муъҷизаи бузурги табиат барои истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати истифодабарии кулли захираҳои об, шиносоии об ҳамчун манфиати иқтисодӣ, ба амал овардан ва таҳияи механизми самараноки пешгирии камшавии захираҳои обӣ, ҳалли мушкилот ва ба давлатҳои минтақа муаррифии ин захираҳои обӣ айни замон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

 Мушкилоти таъминамоии об барои аҳолӣ сол ба сол тезутунд гардидааст. Алҳол қариб 1 млрд. одамон дар дунё бо оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 млрд. нафар ба шароитҳои оддитарини санитарӣ дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 80 давлат норасоии захираҳои обро эҳсос менамоянд, ҳар ҳафта қариб 42 ҳазор нафар аз бемориҳое, ки ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва шароитҳои ғайрисанитарӣ вобастаанд, фавт доранд, ки бештар аз 90 фисади онҳо кӯдакони синнашон то 5 - сола мебошад. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба манбаи воситаҳои зиндамонии зиёда аз 1,2 млрд. нафар мардуми олам таҳдид мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини об ва беҳтар намудани шароити санитарии аҳолӣ аҳамияти махсус медиҳад. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 – юми декабри соли 2006, №514 «Барнома оид ба беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тоза барои солҳои 2008-2020» қабул карда шуд.

Соҳаи дигари афзалиятнокии ҳаётан муҳим ин таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ки ҳар сол сохтани НБО-и хурду миёна дар кишвар идома дорад.

 Дар навбати аввалтар бояд дар дарёи Вахш НБО-и Роғун ва НБО-и Айнӣ дар дарёи Зарафшон сохта шаванд. Инчунин, бо назардошти моҳияти захираҳои об дар шароити иқлимаш хушки Осиёи Марказӣ, алалхусус дар ҳавзаи Амударё, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бунёди объектҳои гидроэнергетикӣ, ҷиҳати ба ҳисоб гирифтани манфиати давлатҳои поёноб, ягон маҳдудиятро ҷорӣ накардааст. Новобаста аз он, ки 71% сатҳи курраи заминро об ташкил медиҳад, захираи оби тозаи нӯшокӣ бисёр каманд, бештар аз 35 млн. км3, ё ин ки 2,53 % тамоми захираи оби нӯшокии замин мебошад. Гузашта аз ин миқдори захираи оби дарёҳо ва кӯлҳо ҳамагӣ 0,0132 % - ро ташкил медиҳад. Умуман, захираҳои пешгӯишавандаи обҳои зеризаминии Тоҷикистон 18,7 км3 дар сол мебошанд, ки 41,6% захираи умумии ҳавзаи баҳри Аралро ташкил мекунад. Захираи тасдиқшудаи воқеии истихроҷшавандаи обҳои зеризаминӣ 8236,2 м3 дар шабонарӯзро ташкил менамояд.

Оби тоза асоси ҳаёт ва қисми таркибии ҳамаи ҷузъиёти биосистемаи заминӣ мебошад. Маҳз ҳаҷми норасоии захираҳои оби тоза дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои камбудии захираҳои обро мушкилоти дараҷаи як мегардонад. Мувофиқи ақидаи коршиносон, теъдоди нафарон дар давлатҳое, ки мушкилоти норасоии обро бештар эҳсос мекунанд, аллакай ба 2 млрд. нафар расидааст. Аз рӯи маълумоти СММ дар тамоми дунё бинобар сабаби норасогии оби тоза аллакай қариб 300 минтақаи имконпазири ихтилофот ба ҳисоб гирифта шудааст. Ба чунин минтақаҳо ҳавзаи баҳри Арал, ки он ба фалокати экологии миқёси сайёравӣ дучор гардидааст, комилан мансуб дониста мешавад.

Мувофиқи оморҳои коршиносони соҳа дар мавриди зиёдшавии тағйирёбии иқлим то соли 2050 теъдоди аҳолии кураи Замин, ки аз норасогии оби ошомидани танқисӣ мекашад то 9 млрд. нафар мерасад ва вобаста ба идомаи тамоюли истифодаи об 30% аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро ба об қонеъ карда наметавонанд. Асоси масъала дар он аст, ки дар аввали асри XXI инсоният ба мушкилоти глобалии ифлосшавии муҳити зист ва ҷузъи муҳимтарини он-об рӯ ба рӯ гардид, ки он миқёсан ба ҳадди хатарнок расидааст. Захираҳои оби тозаи кишвари мо, ки дар мавзеъҳои барфҳои доимӣ ва пиряхӣ ҷой гирифтаанд, аз сабаби тағйир ёфтани иқлим ва равандҳои тезутунд шудани муҳити экологии минтақа коҳиш ёфта истодаанд.

Тағйирёбии кунунии иқлим, ки асосан хусусияти техногенӣ дорад, барои тамоми давлатҳо ва ҳар сокини сайёра оқибатҳои номатлубу ҷиддӣ дорад. Аз рӯи маълумоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IРСС), дар 100 соли охир (солҳои 1906-2005) ҳарорати миёнаи сатҳи замин тахминан 0,740° С баланд гардидааст. Ин бошад ба камшавии миқдори ях дар Арктика дар ҳар даҳ сол ба ҳисоби миёна то 2,7 % ва баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ба 17 см оварда расонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар сабаби шароитҳои муракаби географӣ ба тағйирёбии иқлим бештар осебпазир буда, дар 60 соли охир ҳарорати миёна дар кишвар қариб 10° С боло рафтааст. Тӯли 20 соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ чор маротиба хушксолии сахт мушоҳида карда шудааст. Мувофиқи пешгӯии коршиносон хушксолии солҳои 2000-2001, ки тамоми Осиёи Марказиро фаро гирифт, дар даҳ соли охир шадидтарин буд. Дар минтақа норасоии ҷиддии об ҳис карда шуд ва аз ин сабаб садҳо ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ баромаданд. Зимистони солҳои 2007-2008 ва 2022-2023 нисбати дигар солҳои сипаришуда аз ҳама қаҳратун буд ва он нишон дод, ки иқтисодиёти давлатҳои минтақа пеши тағйирёбии глобалии иқлим ва оқибатҳои он осебпазир буда, ба он вобастагии зиёд дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун сарзамини кӯҳсор бисёр иқлими гуногун ва мухталиф дорад. Тағйирёбии иқлим ва аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани он ба фарқияти баландшавии сатҳи маҳал вобаста мебошад. Тағйир ёфтани иқлимро ҳамчун таҳдиди замони муосир ва дигаргун шудани экосистемаи экологии асосии миқёси глобалӣ дониста, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 зимни вохӯрии ҷашнии Созмони умумиҷахонии обуҳавосанҷӣ дар ш. Женева ва баъдан дар вохӯрии тарафҳои Протоколи Киото оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген, ҷиҳати таъсиси хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таклиф пешниҳод намуд. Маълум ки дар ду даҳсолаи садаи XXI дар натиҷаи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо мушоҳида шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз он дар кишвар “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” қабул шудааст, ки тибқи ин барнома Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт.

Барф ва пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои возеҳу равшани тағйирёбии иқлим ва то як дараҷаи муайян вокуниши муҳити табиии минтақаи ташаккулёбии об ба гармшавии глобалии сайёраи Замин мебошанд. Дар Осиёи Марказӣ масоҳати яхбаста бошиддат кам шуда истодааст, ки ин ба боло рафтани ҳарорат ва тағйирёбии боришот вобаста аст. Мувофиқи маълумотҳо дар давраи аз соли 1956 то 1990-ум захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ кам гардида, коҳишёбӣ бо шиддатнокии миёнаи қариб 0,6-0,8% дар як сол аз рӯи масоҳати яхбандӣ ва қариб 0,1% аз ҳаҷми ях давом дорад. Чунин ҳол дар Тоҷикистон ҳам ба назар мерасад. Дар ин ҷо пиряхҳо дар даҳсолаҳои охир зиёда аз сеяки ҳаҷми худро коҳиш додаанд. Мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ, дар солҳои 60-уми асри гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 14500 пирях мавҷуд будааст. Ҳаҷми пиряхҳо ба 845 км3 баробар буда, масоҳаташон 6-8% ҳудуди кишварро ташкил медиҳад.

Олимони тоҷик арзёбии таъсири тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистонро анҷом додаанд. Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шудааст, ки шурӯъ аз соли 1930 масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Мувофиқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, давоми 70-80 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар, чӣ дар водиҳо дар баландии 1000 метр аз сатҳи баҳр ва чӣ дар кӯҳҳо дар баландии аз 2500 метр, боло рафтааст ва ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда мерасонад.

Ин раванд дар баландкӯҳҳо низ, ки қисми асосии пиряхҳо ва барфҳои кишвар ҷойгиранд, мушоҳида мешавад. Агар дар соли 1950 ҳарорати миёнаи солона дар ин ҷойҳо дар сатҳи - 2,1° С ташкил дода бошад, пас дар соли 2020 он то - 0,9° С боло рафтааст.

Тағйирёбии иқлим ва сабаби гармшавии ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоили тағйирёбии глобалии иқлим рабт дорад.

Ҳисоб карда шудааст, ки болоравии ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар охири асри 21 дар Осиёи Марказӣ метавонад аз 3,7 то 5,6° С - ро ташкил диҳад.

Инчунин афзоиши ҳарорат дар зимистон аз 3,0 то 5,8 дараҷа, тобистон аз 3,5 то 5,5 дараҷа Селсияро ташкил медиҳад. Баландшавии ҳарорат дар пасманзари коҳиши боришот тақрибан дар тамоми минтақа ба вуқӯъ мепайвандад.

Тағйирёбии тези иқлим ҳалқаи сарбастаеро мемонад, ки худи инсонҳо бо роҳи рушди саноатсозӣ, корхонаҳои саноатӣ, истифодаи нафт, газ ва ангишт ба он таъсир мегузоранд.

Дар атмосфера гази карбон ва газҳои гулхонаӣ аз меъёр зиёд шуда истодаанд. Ин ҳолат таъсири нигоҳ доштани гармиро ба вуҷуд меорад ва имкон намедиҳад, ки ба атмосфера равад – замин гарм мешавад ва сабаби обшавии пиряхҳо ва дигар пайомадҳои манфӣ мегардад, ки бар асари онҳо одамон дар тамоми сайёра ранҷ мекашанд. Бештар ҳодисаҳои табиӣ монанди хушксолӣ, сел, обхезӣ ва монанди ин ба вуқӯъ мепайвандад.

Раванди кунунии таназзули пиряхҳо агар 30-40 соли оянда идома ёбад, бисёре аз пиряхҳои хурди Тоҷикистон комилан аз байн мераванд ва ин ба низоми обии баъзе дарёҳои Тоҷикистон, монанди Зарафшон Кофарниҳон, Қаратоғ, Оби хинг таъсир мерасонад.

Тахмин карда мешавад, ки масоҳати пиряхҳои кишвар дар қиёс ба имрӯз 15-20 дарсад кам шуда, ҳаҷми об дар пиряхҳо 80-100 км3 кам мешавад. Бо тарзи ҳисоб муайян шудааст, ки ба гармшавии ҳаво нигоҳ накарда, баъзе пиряхҳои бузург боқӣ мемонанд, - мегӯянд иқлимшиносони тоҷик.

Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки таъсири эҳтимолии таназзули пиряхҳо ба захираҳои об метавонад дар давраи кутоҳмуддат ба афзоиши оби дарёҳо оварда расонад, аммо дар давраи дарозмуддат ба эҳтимоли зиёд ба камбуди об сабаб мешавад.

Гурӯҳе аз коршиносони тоҷик роҳи ҳифзи захираҳои оби кишварро, ки дар пайи обшавии пиряхҳо коҳиш меёбанд, бунёди обанборҳои миёнаю хурд ва афзоиши ҷангалҳо дар навоҳии куҳӣ медонанд.

Коҳишёбии пиряхҳо сабаби то 20-40% камшавии таъмини оби дарёҳо аз ҳисоби онҳо гардида, ҷоришавии умумии дарёҳои асосиро то 7 % кам менамояд. Сарфи назар аз пешгӯиҳо дар хусуси то 14-18 % зиёд шудани миқдори боришот, он ба ҷараёни оби дарёҳо таъсири назаррас намерасонад, чунки қисми зиёди он аз масоҳати ҷамъшавии об бухор мешавад. Шиддати обшавии пиряхҳо, дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим, то андозаи чашмгир ба хушкшавии баҳри Арал низ мусоидат намуд. Соле миллионҳо тонна чанг ва намакҳои қаъри баҳри хушкшуда тавассути шамолҳои сахту тӯфонҳо ба ҳаво бархеста, ба масофаи дур паҳн мегардад. Мувофиқи пешӯии коршиносон, як қисми ин намакҳо ба пиряхҳои Помиру Тиён-Шон нишаста, обшавии онҳоро метезонад. Тағйирёбии масоҳатҳои яхбаста ва барфпӯши минтақаи ташаккулёбии ҷараён ба реҷаи гидрологӣ ва дар маҷмӯъ ба захираҳои об таъсири зиёд мерасонад. Пиряхҳо ва барфтӯдаҳо, ки 25-30 % ҷараёни солонаи обро таъмин менамоянд, дар давраи нашъунамо то 50 % манбаи асосии ташаккули ҷараёни оби дарёҳо дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Бо назардошти нақши асосии об дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии давлатҳои минтақа давом ёфтани чунин раванд дар даҳсолаҳои наздиктарин метавонад ин давлатҳоро ба оқибатҳои боз ҳам шиддатноки норасогии об дучор намояд. Аз таърихи Осиёи Марказӣ маълум аст, ки беаҳмиятӣ нисбат ба истифодаи беназорати захираҳои табиӣ, аллалхусус захираҳои об ба чӣ оварда мерасонад.

Аҳамияти пиряхҳои Тоҷикистонро дар таъмин намудан ба об ва, ҳамчунин, бехатарии умумии давлатҳои минтақаро ба назар гирифта, 17 – уми декабри соли 2009 дар пойтахти Дания, ш. Копенгаген, дар вохӯрии тарафҳо Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Фонди байналмилалии нигаҳдории пиряхҳоро пешниҳод карданд. Чунин ниҳод метавонад кӯшишҳои давлатҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самти муҳими стратегӣ ҳамоҳанг созад. Ба гуфти баъзе олимон, таҳқиқи пиряхҳои Помир, ки онҳо 60 % масоҳати яхбастаи Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, имконият медиҳад, ки тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаи ин таҳқиқот дар тараққиёти илми ҷаҳонӣ дар бораи иқлим нақши муҳим бозида метавонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази бузурги яхбандии ҳозиразамон дар Осиёи Марказӣ мебошад. Пиряхҳои дар ҳудуди он воқеъ буда на фақат ғункунандаи захираҳои оби тоза, балки, инчунин, танзимкунандаи оби дарёҳо ва иқлим мебошанд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон манбаи асосии таъмини оби дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд. Ҳаҷми умумии захираҳои обии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал 110-120 км3-ро ташкил мекунад.

Пиряхҳои ҷумҳурӣ асосан дар Помир мутамарказ гардида, дар он пиряхҳо қариб 550 км3 оби тоза ғун шудааст, ки қариб нисфи ҳаҷми оби дарёҳои Тоҷикистонро медиҳанд. Пиряхи бузургтарини кӯҳии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ пиряхи Федченко мебошад, ки дарозиаш 77 км, бараш то 3-4 км ва ғафсиаш зиёда 1 км-ро ташкил медиҳад. Дар пиряхи мазкур яке аз баландтарин дар ҷаҳон дидбонгоҳи метеорологӣ ба номи Горбунов (4200 м аз сатҳи баҳр) амал мекунад. Ин дидбонгоҳ дар ташаккулёбии оби дарёҳо, алалхусус дар он ноҳияҳои арзҳои миёна ва субтропикӣ, ки қаторкӯҳҳои баланди пиряхпӯш бо ҳамвориҳои иқлимаш хушк ҳамҳудуданд, нақши муҳим мебозад (масалан, Осиёи Марказӣ). Мувофиқи таҳқиқи олимон ин ҳодисаҳо раванди устувори давомнокро доранд ва ин ҳолат дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ба боз ҳам коҳиш ёфтани оби дарёҳо оварда мерасонад. Пиряхҳо маҳсули таъсири мутақобилаи релеф ва иқлим буда, дар тағйирёбии иқлим бисёр ҳассос мебошанд. Алҳол бинобар гармшавии глобалӣ таназзули пиряхҳо нисбат ба пайдоишашон суръати зиёдтар дорад. Умедворем, ки бо ҷустуҷӯ намудани роҳҳои нав ва кам кардани газҳои партовӣ ба атмосфера, инчунин, бо тарзу усулҳои замонавӣ ба роҳ мондани истеҳсолот то андозае метавонем дар паст кардани сатҳи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ҳиссагузор бошем.

Ҳабибулло Мақсадов, н.и.т., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top