ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ҲАДАФМАНДИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 367 | Санаи нашр: 07 Декабр 2023

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар низоми молияи давлат бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани идораи он, таъмини шаффофият ва истифодаи самарабахши захираҳои молиявӣ, ташкили он мувофиқи стандартҳои байналмиллалӣ ислоҳоти мукаммал гузаронда шуданд.

Маҳз бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти мамлакат, бахусус баъди дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат интихоб гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рушди муносибатҳои бозорӣ заминаи зарурии ҳуқуқӣ гузошта шуд. Дар ин давра раванди ислоҳоти иқтисодию молиявӣ оғоз гардид, ки ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии давлат мусоидат намуд.

Бо ҷаҳду талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 10 соли оғози ислоҳоти иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист ба пешравии воқеию назаррас ноил гардида, иқтисоди миллиро муътадил ва барқарор намояд. Рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна дар як сол 7 фоиз ва ҷамъоварии қисми даромади буҷет аз 14,1 фоизи нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2000-ум то 22,3 фоизро дар соли 2020 ташкил дод.

Тўли солҳои соҳибистиқлолӣ, соҳаи молиёти кишвар ҳамчун сутуни боэътимоди давлат ҷиҳати комил гардонидани Истиқлолияти давлатӣ дар танзиму ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешрафтҳои назаррасро соҳиб гардид. Дар натиҷаи ба кор андохтани захираҳои иқтисодӣ ва меҳнатии кишварамон, иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ҳарчанд, кор дар ин самт мушкил буд аммо, мутахассисони соҳаи молия тавонистанд давраи буҳрониро паси сар карда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Қобили қайд аст, ки соли 1997 ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 518,4 миллион сомониро ташкил мекард, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 88,2 сомонӣ рост меомад. Дар натиҷаи самаранок ҷорӣ намудани ислоҳоти сохторӣ дар ҳама бахши иқтисодии кишвар, ин нишондиҳанда дар соли 2010-ум 24704,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 3243,6 сомонӣ ё 740,7 доллари амрикоӣ ва дар соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ 8788,9,7 сомонӣ ё 851,5 доллари амрикоиро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки дар 10 соли охир ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ зиёда аз 12,2 маротиба афзоиш ёфт.

Назорати комили маблағҳои буҷетӣ аз ҳар корманди соҳаи молия тақозо мекунад, то дар ин самт ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва он вақт метавон итминон ҳосил кард, ки вазъи молиявӣ дар ҳолати муътадил қарор дорад.

Президенти мамлакат дар сиёсати давлатдорӣ мавқеи идоракунии молияи давлатиро муайян намуда, зимни суханронии худ, дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Вазорати молия зикр намуданд, ки "Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафманди Ҳукумати мамлакат, инчунин, амалисозии ислоҳот дар идораи молияи давлатӣ Вазорати молия ҳоло ҳамчун як сохтори салоҳиятдор бо вазифаю уҳдадориҳои мушаххас фаъолият карда истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккули сиёсати молиявӣ, аз ҷумла андозу буҷет, заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияро таъмин намуд. Аз ҷумла, қонун ва ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дар самти идораи молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, назорат ва аудити дохиливу берунӣ қабул гардиданд".

Дар доираи ислоҳоти сиёсати минбаъдаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки афзалиятнокии онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ муайян намудаанд, равона мегардад.

Самти ислоҳот дар доираи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030 ҷиҳати рушди идоракунии молияи давлатӣ барои пурра ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ, такмил додани маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани дараҷаи шаффофият, қобилияти пешгўйи низоми андоз, рушди ғайримутамарказонии фискалӣ, ҳисоботдиҳӣ тавассути таъминот бо маълумоти дастрас, аз ҷумла, бо роҳи фарогирии амалиёти квазифискалӣ дар ҳисоботи молиявӣ, беҳтар намудани назорати парламентӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди буҷетикунонӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок равона гардидааст.

Иҷрои ин вазифаҳои гузошташудаи Стратегия касбияти баланди мутахассисонро талаб мекунад.

Сатҳи баланди касбияти кормандони соҳаи молия аз дараҷаи донишҳои назариявии дар донишкадаву донишгоҳҳо гирифтаашон вобастагии калон дорад. Аз ин рў, тайёр кардани кадрҳои соҳаи молиявӣ аз муассисахои олии таълимӣ тақозо менамояд, ки таълимро дар ин самт бо талаботи замона ба роҳ монда, бо мақомоти молиявии кишвар робитаи зич дошта бошанд, то ин ки аз бурду бохти бахш доимо воқиф бошанду барномаҳои таълимиро тасҳеҳ кунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки кормандони соҳаи молиявии кишвар иди касбии хуро доранд, ки ҳар сол рўзи 7 декабр ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, рӯзи касбии молиячиёнро ба ҳамаи кормандони соҳаи молия, донишҷўёни дар ихтисоси молия ва қарз таҳсилкунанда, ки кадрҳои ояндаи бахши молиявӣ мебошанд табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки рушди ҳамарўзаи иқтисодиёт дар кишвар таъмин гашта, саҳми молиячиён дар таъмини зиндагии шоистаи мардум назаррас бошад.

Мудири кафедраи молияи ДДТТ, н.и.и., дотсент Баҳодур Дӯстматов

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top