ПАРЧАМ - РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТ

Бинанда: 440 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2023

Парчам яке аз рамзҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Ҳазорсолаҳо гузаштагони мо ватан, миллат, озодӣ, забон, фарҳанг ва сарзамини аҷдодиро зери парчами ваҳдат ва ҳамбастагӣ ҳимоя мекарданд. Дар робита ба ин, парчами миллии мо рамзи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва тамаддуни миллати тоҷик мебошад. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла парчами давлатӣ, эҳтироми ҳама арзишҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд:"Барои мо тоҷикон парчами давлатӣ рамзи ҷовидонии миллат, ваҳдат ва ҳамбастагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин воситаи тарбияи фарзандону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи мо мебошад".

Парчами давлатӣ тамоми мардуми кишварро, ки аз давлат ва давлатдории худ ифтихор доранд, барои таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва талошҳои доимӣ барои шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Дар таърихи инсоният парчам аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, бузургӣ ва ифтихор, ва шаъну шараф буд. Давлати тоҷикон таърих ва анъанаи қадимӣ дорад. Аҷдодони мо аз замони кайонидҳо парчаме доштанд, ки рамзи мавҷудияти давлати онҳо буд.

Аслан миёни аҷдоди тоҷикон фарҳанги парчамдорӣ аз замонҳои қадим чун нишона ва баёнгари рамзи муттаҳидӣ ва ҳамраъйӣ вуҷуд дошта, ҳастии он мардумро ба сӯи зафар ва ягонагӣ ҳидоят намудааст. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон "Дирафши Ковиён" номида мешуд, ки ҳамчун рамзи ягонагӣ ва тамомияти давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Таърихнигорон мегӯянд, ки яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз замонҳои қадим маҳз парчам буд. Аксари муҳаққиқон ба хулосае омаданд, ки таърихи парчам зиёда аз 4 ҳазор сола аст. Аҷдодони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо зери парчами худ саф кашида, тамомияти қаламрав, тафаккури миллӣ, ваҳдат, ҳамбастагӣ, шаъну шараф, забон ва фарҳанги худро ҳимоя мекарданд. Яъне, парчами давлатӣ барои мо на танҳо матоъ аст, балки даъват ба ваҳдат, ҳамбастагӣ, шуҷоат, шараф, ватандӯстӣ, ҳимояи марзҳо ва татбиқи кӯшишҳо ба хотири бунёди ҷомеаи одилона нишон дода шудааст. Дар асарҳои таърихӣ ва ҳикояву қиссаҳои ҷовидонаи ниёгони мо нақлҳо аз ҷонсупории қаҳрамонони миллӣ барои ҳифозати парчам ҳикоят мекунанд, ки ин амр ба муқаддасоти таърихии парчам дар назди ниёгони шарафманди мо ишорат намуда, бозгӯӣ он аст, ки эҳтиром ва муқаддас доштани парчам дар замони имрӯз ҳам навъе идомаи суннатҳои поки ниёгон маҳсуб меёбад.

Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол ва соҳибихтиёри мо парчами миллӣ, яъне рамзи гузаштаи пуршараф ва ояндаи дурахшонро, ки воқеаи нави таърихӣ мебошад, ба даст овард. Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ аз рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат шаҳодат медиҳад ва симои воқеии таърихӣ дорад.

Парчам яке аз рамзҳо ва рукнҳои асосии миллати тоҷик аст. Президенти мамлакат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 - 24 ноябрро бо эҳтиром ва садоқат Рӯзи парчами Давлатӣ эълон намуданд.

Инсоният таърихан барои ифодаи идеалҳо ва ҳадафҳои худ рамзҳои гуногун эҷод кардааст. Зарурати таърихӣ шахсро водор сохт, ки рамзро барои барқарор кардани хотира ё кор истифода барад. Ба ибораи дигар, рамз як навъ ифодаи орзуҳо ва сирри тақдири миллат ва давлат аст.

Парчами миллӣ ранги сурх, сафед ва сабз дорад ва аз замонҳои қадим бо аҳамияти худ дар байни мардум ҷойгоҳи худро нигоҳ доштааст. Парчами Давлатии Тоҷикистон аз матои шакли росткунҷа бо се хати уфуқӣ иборат аст. Хатти болоии сурх ва паҳнои он ба хати поёнии сабз баробар аст ва хати миёнаи сафед аз паҳнои яке аз рангҳо якуним маротиба зиедтар аст. Дар хати сафед аз ҷои асоси дар мобайни парчам рамзи тиллоии тоҷ ва дар он ҳафт ситораи ниммудаввар мавҷуд аст.

Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.

Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.

Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.

Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар Парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.

Дар Паёми табрикотии худ 24 ноябри соли 2019 Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ифтихор ва ҷасоратест, ки мардуми мо аз қадим ҳамчун воситаи муттаҳидшавӣ қадр мекунанд».

Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон ин нишонаи садоқатро баланд бардошта, бо рангу дурахшони зебои он ифтихор мекунанд. Пас аз тақрибан се даҳсола, ин рамзи миллӣ ба рамзи ватандӯстӣ табдил ёфт, одамонро, бахусус наврасон ва ҷавононро ба ҳам меорад, ҳисси ватандӯстии онҳоро тақвият медиҳад, умеди ояндаи беҳтарро дар қалби онҳо тақвият медиҳад ва эҳтироми истиқлолиятро дар ҳама мустаҳкам мекунад.

Хулоса, дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери парчам чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро аз майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Пеш-пеши лашкар ва барои дар сафи пеши лашкар устувор доштан ва пеш бурдани лашкар сарбози далеру шуҷоъ ва тануманду ҷасурро интихоб мекарданд, ки ӯро маъмулан парчамдор, аламбардор ва ё байрақбардор мегуфтанд.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари хирадманди он, Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот, муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз давлатдории халқи тамаддунофар – тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин парчам то абад партавфишон бимонад.

  

Валиев Беҳруз, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top