ИФТИХОР АЗ РАМЗҲОИ МИЛЛӢ

Бинанда: 381 | Санаи нашр: 21 Ноябр 2023

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷики­стон – рамзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми қишрҳои ҷомеа, дӯстиву барода­рии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Парчами давлатӣ, ки 24 - ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад. Парчами давлатӣ, аз матои росткунҷаи на­фису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушах­хасро ифода менамояд.

Ранги сурх – мубориза барои озодӣ, шуҷоат ва мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода менамояд. Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз за­монҳои қадим ба муқобили аҷнабиён ба­рои ҳастии худ, муҳофизати маданият, анъ­анаҳои миллиро фаромӯш накардан тасвир менамояд.

Дар замони лашкаркашиҳои арабҳо ба Хуросону Мовароуннаҳр  аҷдодони мо зери дасти бего­нагон афтоданд, лекин ҳамон рӯҳу табиати саркаш, ки онро шарқшиноси маъруф Ри­чард Фрай “Ҳам бадбахтӣ ва ҳам хушбахтии ниёгон”-и мо шуморидааст, нагузошт, ки онҳо ба арабҳо омехта шуда, мавҷудияти халқи худро гум кунанд. Ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки тақрибан тамоми кишварҳои ба зери дасти арабҳо афтода, забон ва мадани­яти аҷнабиёнро қабул карданд.

Дар дунё халқҳое буданд, ки ба ҳуҷумҳои аҷнабиён тоб наоварда, миллату забони мо­дариашонро гум карданд ва аз саҳифаҳои зиндагӣ нопадид гардиданд. Соли 1915 олими кишваршиноси рус Н.Г. Павлов дар китоби “История таджи­ков” навиштааст: “Мо дар ара­фаи эҳёи нави ин миллати боистеъдод ва ҷонсахт – тоҷикон мебошем. То дами ин эҳё онҳо зиндагӣ не, балки ҳақирона рӯз­гузаронӣ мекарданд ва ин фақру ҳаҷз оқибати се зарбае буд, ки Ҷингизхон, Темур ва хонҳои Манғит ба онҳо расонидаанд. Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаринанд, кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба ин зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо агар саҳифаҳои таърихро варақгардон намоем, шоҳид ме­шавем, ки тоҷикон барои хеш ба муқобили душманон ва аҷнабиён муборизаҳои беа­мон бурдаанд.

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 15-сола­гии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод наму­данд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон” тағйирот ворид намуда, 24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатӣ муқаррар гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил кар­да шавад.

Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби бунёд­гузори Тоҷикистони мустақил, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2011 дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлата­мон, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд. Баландии пояи он 165 метр, дарозиаш 60 метр, бараш 30 метр буда, ба китоби “Ре­кордҳои Гиннес” ворид гардид. Майдоне, ки онҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, “Хиёбони Парчами миллӣ” номгу­зорӣ шуд. Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунан­даи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқад­даси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи ва­зифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ва­тандӯсти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳу­рии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва ифтихор аз рамзҳои Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва қадр кунад.

 

Мавлонбӣ Исҳоқова, китобдори

калони Китобхонаи илмии

Донишгоҳи давлатии тиҷорати

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top