Тоҷикистон, парчамат бодо парафшон!

Бинанда: 639 | Санаи нашр: 21 Ноябр 2023

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи Қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи 16-уми Шурои Олии ҷумҳурӣ 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.

 Ранги сурхи Парчами давлатӣ ҳамчун ифодагари – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед - бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад, маънидод карда мешавад.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи Парчами нави давлатӣ ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии Раиси навинтихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.

Рӯзи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба Раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда, савганд ёд намуданд.

Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, Парчами давлатӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан  ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.

Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

 


Амонов Саҳбон, н.и.и., котиби масъули маҷаллаи илмии ”Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон“

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top