НАҚШИ ХИРАДИ ЗАН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОНИ БАРӮМАНД

Бинанда: 417 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2023

Зан-модар ва ишқи ӯ ба фарзанд муқаддастарин эҳсос дар олам аст. Танҳо модар аст, ки дар ҳама ҳолат хоҳишҳои фарзанди худро болотар аз ҳама чиз медонад ва барои расидан ба ҳадафҳои олияш дуогӯву мададрасон аст. Модар барои хушбахтии фарзандаш тамоми ҷидду ҷаҳди хешро равона мекунад, то парвардаи ӯ миёни халқ соҳиби иззату икроми хос бошад. Бузургии модар фақат дар он нест, ки бузургони ҷаҳонро зодаву ба камол расондааст, балки дар он аст, ки барои муваффақ шудани пайванди ҷонаш аз баҳри орзуҳову нақшаҳои худ гузаштааст. Аз ибтидои зиндагӣ модар азизу мукаррам буд, аммо буданд қавмҳое, ки ба зан ҳамчун ба як заифи нотавон ва беиззат муносибат мекарданд.

Хушбахтона, дар дини мубини Ислом ба зан-модар эҳтирому арҷ қоил шуданд ва иззати модарро аз фарши бало ба арши аъло бароварданд.

Эҳтироми модарро худи Паёмбари гиромӣ (с) таъкид кардаанд ва эҳтиром кардани ӯро аз фарзҳои инсонӣ шумурдаанд.

Мебояд зикр кард, ки дини мубини Ислом он ќадар ба зан-модар эњтирому арљ ќоил аст, ки ягон дину мазњаби дигар надорад. Бо истифода аз њадис Низомї байте дорад ба ин назар:                   

Љаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад.

Бешубҳа, модари ҳама хуб аст, аммо ҷаннат дар зери қудуми он модарест, ки фарзандашро бо ростиву покиву хирад тарбия мекунаду ба камол мерасонад. Зани соњибмаърифату солења  хонаводаи худро ба биҳишти кучаке табдил медиҳад. Агар зан соҳибхираду донишманд бошад тамоми аҳли хонавода ба ӯ пайравӣ мекунанд.

Масъулияти асосии тарбияи фарзанд ба дӯши модар аст. Модари бомаърифат ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳад, ки пайвандонаш нобакору нохалаву каҷрав бошанд. Зеро дар тарбияи шахсияти ҳар инсон модар то охирин нафас дар вуҷуди шахс боқӣ мемонад. Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.

Модари бохирад ҳидоят меҳнату машаққати омӯзишро ба фарзандаш на як навъи ҷазо, балки зарурат дар тарбияи маънавии онҳо мешуморад.

Зани соҳибхиради тоҷик дар тули таърих абармардони арсаи ҷаҳониро зодаву ба камол расондааст. Дар баробари тарбияи фарзанд ва нурбахшии хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси миллат дар паҳлӯи мардон бар зиддӣ душманон далерона мубориза бурдаанд.

Бо тангназариву каҷбинии бархе аз қудратмандони даврони пешин зан ба як ғуломи даруниқафасӣ табдил ёфту вазифааш танҳо ба дунё овардани фарзанд махсусан писарони бисёр буд.

Хушбахтона баъди ба даст омдани Истиқлоли гаронарзиши тоҷик қадрру манзалати зан дубора боло бардошта шуд. Масъалаи беҳтаргардонии шароити занон дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифт.

          Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ноустувории амнияту суботи кишвар бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расид, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон мавқеи хос пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ  таъмин намуд. Дар асоси ин санаду меъёрҳо занон дар баробари мардон баҳраманд аз тамоми имкониятҳои омӯзишу пажӯҳишу машғулият ва идоракунӣ гардиданд.

Бӯи модар медиҳад, ин сарзамин,
          Манзараш монанди гулшан нозанин.

Тоҷикистон - ин Ватан-Модар бувад,
           Бар ҳама азму ҷидолаш, офарин!

Ҳама аҳсану таҳсин мехонем ба фарзонамодароне, ки дар ҷабини кушоди фарзанди фаррухпай аз хурди ситораи муборакро дидаанд ва дар роҳи камолоташ ҳикмати бузургонро пайгирӣ намудаанд.

Набзи имрӯзаи замон тақозои онро дорад, ки модари тоҷик бояд ба хотири эҳтиром ба хоки муқаддаси ватан маърифату маданияти баланд дошта бошад то фарзандонеро чун Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар қаҳрамонони Тоҷикистон ба камол расонад. Ба зиндагӣ ба чашми хирад нигоҳ кунад ва  дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад. Зеро дар тарбияи фарзанди барӯманд хираду донишу маданият хеле муҳим аст.

                                                                                  Ҷамила Ғафурова

Мудири шуъбаи фарҳанг

                                                                                         ва осорхонаи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top