ШАКЛИ ИДОРАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҶУМҲУРИИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Бинанда: 480 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2023

Бахши чорум...

Наботов С.Х. доктори ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ, директори литсейи ДДТТ

Тоҷикистони муосири муттамаддин шакли идораи ҷумҳурии президентиро дошта, моҳияти ҷавҳарии он дар Конститутсияи кишвар мустаҳкам гардидааст. Тавре аз мазмун ва заминаҳои бунёдии қисми дуюми моддаи 1-и Конститутсияи кишвар бармеояд: «шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тағйиру иловаҳои ҷадид рӯи даст омад, дар худ аслияти принсипҳои бунёдгузории давлатдории муосири тоҷикони муттамаддинро бо шакли идораи президентӣ инъикос менамояд . Ин раванд инқилоби арзишманду таърихӣ ва ҷадиди техникаи қонунгузории олии кишвар буда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат бо сиёсати серҷабҳа ва бобарори роҳбарияти давлат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, нерӯҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд .
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ бо тобишҳои худ асос ёфтааст, ки тибқи он Президент сарвари давлат ва ҳам сарвари ҳокимияти иҷроия эътироф шудааст ва он дар конститутсияи кишвар инъикос гардидааст.
Масъалаи мавриди баррасиро мо бо дарназрдошти ин хусусияти давлатӣ миллии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор медиҳем.
Умуман, омӯзиши шакли идоракунии давлатӣ, ки яке аз унсурҳои муҳими шохаҳои ҳокимиятӣ мебошад, аз масъалаҳои муҳими илми ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ буда, шакли идораи давлат ифодаи зоҳирии моҳият, таъинот, функсияҳои давлат ба ҳисоб рафта, ба тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ далолат мекунад.
Тавре маълум аст, дар адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ шакли идоракунӣ гуфта одатан ба маънои ташкили ҳокимияти давлатӣ, муносибати байни мақомоти давлатӣ, байни онҳо ва аҳолӣ фаҳмида мешавад. Шакли идоракунии ин ё он давлат аз рӯи тартиби ташкили хокимият муайян мешавад . Дар адабиёти ватанию хориҷӣ доир ба мафҳуми шакли давлат инчунин таърифҳои зиёди ҷудогона истифода мешаванд. Дар маҷмӯъ аз мафҳуми шакли давлат бармеояд, ки шакли идоракунии давлатӣ яке аз унсурҳои шакли давлат ба ҳисоб рафта, тартиби ташкили ҳокимияти марказиро ифода мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки тартиби ташкили ҳокимият дар давлатҳо ба таври гуногун аст. Гуногунии онҳо дар он зоҳир меёбад, ки ваколатҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ дар як қатор кишварҳо пурра ба монарх тааллуқ доранд, дар кишварҳои дигар бошад, миёни шохаҳои ҳокимият тақсим шудаанд. Тавре аз фаъолияти давлатдории Англия ва Япония бармеояд, ҳокимияти монарх меросӣ аст. Дар як қатор кишварҳои дигар бошад, мақомоти олии кишвар президент ва парламент интихоб мешаванд, аммо дар баъзе кишварҳо президентро шаҳрвандон интихоб мекунанд (ҷумҳуриҳои президентӣ) , парламент ё мақоми дигари муайянкунандаи парламент интихоб мекунад (ҷумҳурии парлумонӣ).
Дар бархе аз кишварҳо ҳукуматро бевосита президент бо иштироки парламент ё бе иштироки парламент ташкил мекунанд, аммо дар бархе аз давлатҳои дигар бошад, ҳукуматро аз ҳисоби ҳизбҳои дар парламент соҳиби ҷойҳои зиёдгашта ташкил мекунанд. Масалан, дар давлатҳои ҷудогона сарвазирро президент бо розигии палатаи поёнии парламент таъин мекунад, лекин дар як қатор давлатҳо аз ҷумла Англия сарвари ҳизбӣ дар интихоботи парламент ғолибшуда, ба таври автоматикӣ якбора сарвазир интихоб мешавад.
Айни замон шаклҳои идоракунӣ гуногун мебошанд, ки дар кишварҳои алоҳида хислатҳои хоси худро соҳибанд. Аммо, ҳамаи онҳо як хислати умумӣ (универсалӣ) доранд, ки ба ташкили ҳокимияти олии давлатӣ ишора мекунанд. Маҳз аз рӯи ҳамин хислаташ шакли идоракуниро муайян мекунанд.
Аз ин нуқтаи назар, тибқи таърифи Р.Ш. Сотиволдиев шакли идоракунӣ тарзи ташкили ҳокимияти олии давлатӣ, тартиби ташкили (интихоб, таъин, ташкилӣ) мақомоти олии давлатӣ-президент, монарх (шоҳ, султон, карол, королева, император), ҳукумат мебошад . Бояд кайд кард, ки ба мутахассисони соҳа ҳангоми муайян кардани шакли идоракунии дилхоҳ давлат ҳамин хислатро ба инобат гирифтанашон лозим меояд.
Маҳз аз ин боис аксарияти мутлақи муҳаққикон шакли идоракуниро ба маънои ташкили ҳокимияти олии давлатӣ, ҳокимяти марказӣ, мақомоти олӣ дарк мекунанд. Олимони соҳа вобаста ба омӯзиш ва таҳлилҳои илмӣ шакли идоракуниро, ки унсури шакли давлат ба ҳисоб меравад, бо тарзи худ мефаҳманд. Масалан, М.Н. Марченко барон ақида аст, ки шакли идоракунӣ ин тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти олӣ ва маҳалии давлатӣ мебошад . Ҳамзамон бояд қайд кард, ки мафҳуми васеъ ва маҳдуди шакли идоракунӣ вуҷуд дорад, ки аз рӯи он шакли идоракуниро ба вазъи сарвари давлат муайян мекунанд .
Лекин аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар бисёр ҳолатҳо ҳангоми омӯзиши шакли идоракунӣ асосан тартиби ташкили шакли идоракунӣ ба инобат гирифта мешавад. Аммо ин ҳокимият дар робита ба иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо зери таъсири ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил мешавад. Маҳз аз ин боис шакли идоракунӣ ҳам тартиби ташкили ҳокимияти олии давлатиро ва ҳам тамоси байни ҳокимият ва аҳолиро дар бар мегирад.
Ба андешаи Р.Ш. Сотиволдиев шакли идоракуни ду паҳлӯ дорад:
1) ташкили ҳокимияти давлатӣ ;
2) фаъолияти ҳокимияти давлатӣ.
Шакли идоракуниро на танҳо тарзи ташкили ҳокимият, балки тарзҳои алоқамандии ҳокимият ва аҳолӣ низ муайян мекунанд . Аз ин хулоса кардан мумкин, ки шакли идоракунӣ тарзи ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ аст.
Одатан дар адабиётҳои ҳуқуқӣ-назариявӣ мафҳуми “шакли идоракуниро” аз мафҳуми “идоракунии давлат” фарқ мекунанд. Идоракунии давлат мафҳуми васеътар буда, таъсири муташаккилонаву мақсадноки давлатро ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, идоракунии давлатӣ объектҳои гуногунро дар назар дорад. Шакли идоракунӣ бошад, ин тартиби ташкилу фаъолияти ҳокимияти давлатӣ аст .
Азбаски шакли идоракунӣ бо тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ алоқаманд аст, истифодаи таҷзияи ҳокимиятро дар назар дорад. Тавре маълум аст, таҷзияи ҳокимият тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ аст. Он ҳангоми интихоби ин ва ё он шакли идоракунӣ ба инобат гирифта мешавад. Лекин тартиби истифодаи таҷзияи ҳокимият дар кишварҳо гуногун ба кор андохта мешавад.
В.А. Четвернин дар робита таҷзияи ҳокимиятро дар ҷумҳурии президентӣ ва дар шакли идораи парлумонӣ фарқ мекунад . Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар дунё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишвари классикии таҷзияи ҳокимият ба ҳисоб меравад, дар он ҷо ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия аз якдигар ҷудоянд: президентро шаҳрвандон интихоб мекунанд, ҳукуматро президент ташкил медиҳад , президент ва ҳукумат назди парламент масъул нестанд, парламент дар ташкили ҳукумат иштирок намекунад ва ба фаъолияти он дахолат намекунад, Суди Олии ИМА, ки аъзоёнаш якумра таъин мешаванд, аз тарафи президентҳои баъдина тағйир дода намешавад ва аз болои ҳокимияти қонунгузору иҷроия тариқи муқаррар намудани амсоли истифода накардани қонунҳои зидди конститутсионӣ назорат мекунад .
Тавре В.А. Четвернин менависад, дар давлатҳои дорои шакли идораи парлумонӣ таҷзияи ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия ҷой надорад, чунки ҳукуматро парламент аз ҳисоби ҳизб ё ҳизбҳои ғолиб ташкил мекунад, сарвазир ва аъзои ҳукумат бошад, вакилони палати поёнии парлумон мебошанд. Ҳукумат дар назди парламент масъул аст ва парламент метавонад ҳукуматро пеш аз муҳлат ба истеъфо фиристад, сарвари давлат (президент ё монарх) ваколатҳои ҷиддӣ надорад, сарвазир дорои ваколатҳои муҳим буда, лекин намояндаи ҳизби сиёсии ғолиб аст .
Дарвоқеъ тартиби истифодаи таҷзияи ҳокимият дар шакли идораи президентӣ ва парлумонӣ ба куллӣ аз ҳам фарқият доранд.
Дар адабиёти ватанӣ аз нуқтаи назари олимон фарқияти онҳо дар ҳолатҳои зерин зоҳир меёбад:
Якум, дар ҷумҳурии президентӣ ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия алоҳида ташкил шуда, илова бар ин тарзҳои ташкили ин ду шохаи ҳокимият аз ҳам фарқ доранд: ҳокимияти қонунгузор (палатаи поёнии парламент) аз ҷониби шаҳрвандон интихоб мешавад, ҳукумат алоҳида (аз ҷониби президент ва бо розигии парламент) ташкил мешавад. Дар ҷумҳурии парлумонӣ парламент ва ҳукумат дар як вақт ташкил мешаванд: ҳизби сиёсие, ки дар натиҷаи интихоботи парлумонӣ соҳиби аксар ҷой дар парламент гаштааст, ҳукуматро ташкил мекунад; ҳукумат аз парламент вобастагии бевосита дорад ва аз ин нигоҳ таҷзияи ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия шаффоф аст.
Дувум, сарвари ҷумҳурии президентӣ – президент аз тарафи шаҳрвандон бевосита интихоб шуда, одатан ҳам савари давлат ва ҳам ҳукумат аст .
Сеюм, Президент дар ҷумҳурии президентӣ ба ҳокимияти иҷроия сарварӣ мекунад, аммо президент дар ҷумҳурии парлумонӣ ба ҳукумат ва ҳокимияти иҷроия бевосита роҳбарӣ намекунад.
Чорум, дар ҷумҳурии президентӣ ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия (бо сарварии президент) алоҳида ташкил шуда, мустақилона амал мекунанд. Дар ҷумҳурии парлумонӣ ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия (таҳти роҳбарии сарвазир) якҷоя ташкил шуда, (дар натиҷаи интихоботи ҳизбҳо ба парламент), дар вобастагии бевосита амал мекунанд (ҳукуматро парламент ташкил мекунад, аъзои ҳукумат аъзои ҳизби парлумонии ғолиб ва палатаи поёнии парлумонанд) .
Аз боис шаклҳои идоракунии давлат бо назардошти тарзи татбиқи амали таҷзияи ҳокимият фарқ мекунад.
Дар адабиёти шояд ҳуқуқӣ одатан ду шакли идоракунӣ фарқ карда мешавад :
1) шакли идораи монархӣ;
2) шакли идораи ҷумҳурӣ.
Бояд зикр намуд, ки дар мамолики хориҷӣ ҷумҳуриҳо президентӣ, парламентӣ ва омехта (президентӣ - парламентӣ ё парламентӣ - президентӣ) мешаванд. Ин хусусияти ҷумҳуриҳо маъмулан дар конститутсияи кишварҳо дарҷ карда мешавад. Масалан, чунин меъёр дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла конститутсияҳои Қазоқистон ва Туркманистон дарҷ гардидааст. Меъёри номбурда ифодакунандаи воқеии идоракунии давлатӣ буда, мазмуни конститутсияро комил мегардонад.
Тоҷикистон низ ҷумҳурии президентӣ буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Бинобар ин, пешниҳоди зикргардида ифодакунандаи воқеии шакли идоракунии президентӣ буда, он Конститутсияро мукаммал менамояд .
Тавре, ки аз адабиёти ҳуқуқӣ бармеояд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ бо тобишҳои худ таъсис ёфтааст, ки тибқи он Президент ҳам ба сифати сарвари давлат ва ҳам ба сифати сарвари ҳокимияти иҷроия эътироф шудааст .
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурии президентиро муқаррар намуда, бо ин роҳ имкон дод, ки низоми ягона ва сариштаёфтаи ҳокимияти иҷроия созмон дода шуда, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот дар ҷомеа таъмин гардида, ба инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мусоидат карда шавад .
Ҷумҳурӣ як шакли идоракунӣ, ки ба интихобӣ будани сарвари давлат (президент, парламент) асос ёфтааст, мебошад . Аз нав барқароргардии шакли идораи ҷумҳурӣ ба охири асри 18 (ИМА, Фаронса) рост меояд .
Бояд қайд кард, ки шакли идоракунӣ яке аз унсурҳои хосаи шакли давлатдорӣ мебошад, ки ташкили ҳокимияти олии давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии мақомотҳои олии давлат (пеш аз ҳама сардори давлат- президент), принсипҳои мутақобилаи байни онҳо, иштироки шаҳрвандон дар интихоби ин мақомотҳоро ошкор менамояд. Шакли идоракунӣ ифодаи зоҳирии мазмуни давлат буда, тарзи ташкил, сохтор ва вазъи ҳуқуқии мақомоти олии ҳокимияти давлатиро муайян месозад . Тавре, ки қайд гардид аксари олимони соҳаи давлатшиносӣ, дар илми ҳуқуқи конститусионӣ мамлакатҳои хориҷӣ ду шакли асосии идоракунии давлатҳоро ҷонибдорӣ ва ҷудо кардаанд: монархия ва ҷумҳурӣ, ки ҳар кадоми онҳо дар навбати худ намудҳои худро доранд.
Монархия - чунин шакли идоракуниест, ки дар он ҳокимияти олии давлатӣ мансуби ҳокимияти яккасардор (шоҳ, шоҳаншоҳ, султон, амир, малика, император, хон ва ғ.) буда, ин ҳокимиятро ӯ бо роҳи меросӣ ба даст овардааст ва якумрӣ ишғол мекунад. Ҳокимият дар шакли идоракунии монархиявӣ ба тариқи меросӣ аз насл ба насл мегузарад .
Ҳарду шаклҳои идоракунӣ, ки дар бораи шакли аввал шакли ҷумҳурӣ дар оғоз қайд гардид, таърихан зери таъсири маҷмӯи омилҳои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, миллӣ-этникӣ, фарҳангӣ ва динидошта ба вуҷуд омадаанд.
Қайд намудан лозим аст, ки ба ҳар як марҳилаи инкишофи ҷомеа ин ё он шакли идоракунӣ рост меояд. Масалан, агар ба марҳилаи феодализм бештар шакли монархиявии идоракунии давлат хос бошад, ба замони нав ҷумҳурӣ нисбатан мувофиқ аст. Аммо онро бояд ба назар гирифт, ки агар пештар фарқияти байни монархия ва ҷумҳурӣ сатҳи демократикунонии ҷомеа, сохти сиёсии онро инъикос намояд, имрӯз нигоҳ доштани шакли монархиявии идоракунӣ сатҳи пасти демократияро дар давлатҳои мазкур нисбати ҷумҳурӣ нишон медиҳад. Ин танҳо аз устувории анъанаҳои сиёсии давлатҳои мазкур гувоҳӣ медиҳад, ки дар он монархия кайҳо боз чун унсури мутаҳидкунандаи ҷомеа фаҳмида мешавад.
Дар давлатҳои ҷавони Осиё ва Африка, ки ҷомеа дар муносибатҳои иҷтимоӣ ҳоло дар марҳилаи тағйирёбист ва институтҳои сиёсӣ акнун ташаккул ёфта истодаанд, шакли идоракунӣ ҳоло устувор нест ва метавонад ба ин ё он тараф тағйир ёбад (масалан, Ҷумҳурии Африкои Марказӣ аввал ба империя ва баъд боз ба ҷумҳурӣ табдил ёфт) .
Боиси зикр аст, ки шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ дар ҷаҳони мутамаддини муосир аз ҳама шакли васеъ паҳнгашта мебошад, ки қобили қабули бисёре аз давлатҳо шудааст. Аксарияти мутлақи давлатҳое, ки аъзои ташкилоти универсалии байналмилалӣ, СММ мебошанд, шакли идоракунии ҷумҳуриявиро доранд. Асосан дар назарияҳои илмӣ ва таҷрибаи давлатдории ҷаҳони муосир се намуди шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ маълум аст: ҷумҳурии президентӣ, ҷумҳурии парламентӣ, ҷумҳурии нимпрезидентӣ ё худ омехта.
Ҷумҳурии президентӣ – яке аз намудҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ мебошад. Ба сифати аввалин ҷумҳурии президентӣ ИМА эътироф шудаст. Айни замон ин шакли идоракунӣ дар Венесуэла, Мексика, Бразилия, Қазоқистон васеъ паҳн гардидааст. Дар ҷумҳуриҳои президентӣ ҳокимияти иҷроияро Президент амалӣ менамояд ва ҳукумат фақат дар назди ӯ ҷавобгӯ мебошад. Одатан дар ҷумҳуриҳои президентӣ мансаби сарвазир вуҷуд надорад. Дар ҷумҳурии президентӣ (ИМА, Тоҷикистон ва ғайра) Президент сарвари давлат ва ҳукумат аст . Яъне аз ин бармеояд, ки ҳукумат бо тавсияи Президент ва тасдиқи парламент ташкил мешавад.
Ба ҷумҳуриҳои президентӣ чунин хусусиятҳо хосанд:- дар ҷумҳуриҳои президентӣ сардори давлат- президент аз ҷониби халқ ё дар интихоботи мустақим (дар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ) ва ё дар интихобти ғайримустақим (дар ИМА, ки аввал коллегияи интихобкунандагон аз иёлотҳо интихоб мешавад ва баъд ин коллегия ҳамчун коллегияи махсус Президентро интихоб мекунад) интихоб карда мешавад; -президент ваколатҳои зиёд дорад: ӯ дар як вақт сардори давлат, сардори ҳокимияти иҷроия, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ аст .
- дар ҷумҳурии президентӣ ҳукумат бо роҳи ғайрипарламентӣ ташкил карда мешавад, аъзоёни ҳукумат аз тарафи президент ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд.
Нишонаи фарқкунандаи ҷумҳурии президентӣ ин вуҷуд доштани низоми сахти тақсимоти ҳокимият мебошад. Ҳар як рукни ҳокимият – қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ нисбат ба ду шохаи дигар хеле мустақиланд. Дар баробари ин низоми «боздорӣ ва мувозинат» амал мекунад. Парламент функсияи қонунгузориро иҷро менамояд, қонунҳоеро қабул менамояд, ки барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ мебошанд, вале ҳокимимияти иҷроия низ дар шахсияти президент нисбат ба қонунҳои қабулнамудаи парламент ҳуқуқи вето гузоштанро соҳиб аст. Бо чунин тарз президент ба истифодаи ваколати қонунгузории парламент барои вайрон намудани механизми конститутсионии идоракунӣ ва маҳдуд намудани мустақилияти дигар рукнҳои ҳокимият роҳ намедиҳад .
Низоми боздорӣ ва мувозинат дар ҷумҳурии президентӣ дар он ифода меёбад, ки парламент наметавонад ҳукуматро ба истеъфо равон кунад, инчуин президент низ наметавонад парламентро барҳам диҳад.
Намуди алоҳидаи ҷумҳурии президентӣ ҷумҳурии суперпрезидентӣ ва ҷумҳурии яккаҳокимятӣ мебошад. Фарқияти асосии онҳо аз ҷумҳурии президентӣ дар он аст, ки ҳар дуи онҳо давлати ҳуқуқбунёд буда, наметавонанд ҳарчанд дар он давлатҳое, ки чунин шакли идоракунӣ вуҷуд дорад, расман конститусия амал мекунад. Аммо ин конститутсияҳо одатан ба мисли конститутсияҳои коммунистӣ характери ғайриҳуқуқӣ доранд.
Ҳамин тариқ, бо назардошти бори аввал дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико зуҳӯр кардани ҷумҳурии президентӣ ба сабабу омилҳои пайдоиш ва хусусиятҳои он медонем ва ҳамзамон ба таърихи пайдоиш ва қабули қолаби шакли идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқолол баъд аз пош хӯрдани Итттиҳоди Шӯравӣ назар мекунем.
Ҳоло Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурии президентиро муқаррар намуда, бо ин роҳ имкон дод, ки низоми ягона ва сариштаёфтаи ҳокимияти иҷроия созмон дода шуда, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот дар ҷомеа таъмин гардида, ба инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мусоидат карда шавад.
Раванди муносибатҳои солими ҷамъиятӣ ва давлатдории муосир дурустии арзишҳоеро, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо асос ёфтааст, собит сохт ва нишон дод, ки ҳар кадом ҷавобгӯи мақсаду мароми мардуми кишвар мебошад. Ба ин арзишҳо дохил мешаванд:
-эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ;
-арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ;
-сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва баёнгари соҳибихтиёр будани халқи Тоҷикистон;
-ягонагӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ;
-озодии эътиқод, сухан ва воситаҳои ахбори омма;
-фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва баробарҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият;
-дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо ва тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. Маврид ба зикр аст, ки пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷомеаро ба як номуайянӣ гирифтор сохт. Маълум набуд, ки мо кадом роҳи инкишофи ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мақсади Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли давлатдории эътирофшуда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мебошад .
Чунин интихоб ба ҳамроҳшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, эътирофи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро муқаррар намуда, бо ин роҳ имкон дод, ки низоми ягона ва ҳокимияти иҷроия созмон дода шуда, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот дар ҷомеа таъмин гардида, ба инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мусоидат карда шавад.
Бояд қайд кард, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ниҳоди президентӣ муваққатан аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуданд.
Мухолифони ниҳоди президентӣ дар он ақида буданд, ки дар Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парлумонӣ мувофиқ аст. Ин андеша ба даврони шӯравӣ, ки идораи коллективона рӯи кор буд, такя мекард .
Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд, моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститусионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Констиутсияи нав ташкил намуд. Ба ҳайти ин гурӯҳи корӣ олимон, кормандони амалӣ ва коршиносон шомил карда шуданд.
Дар давоми шаш моҳ гӯрӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсиро омода кард.Як лоиҳа ба шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи президентӣ бахшида шуда буд.Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идоракунии президентиро ҳимоя менамуд, маъқул дониста, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард. Бо дарназардошти мушахассоти Тоҷикистон ва бо мақсади мутшаккилона гузаронидани ислоҳот, инчунин таҷрибаи талхи давлатдории собиқи худ аъзои Комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрӯз ба шароити мушаххаси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президенти мебошад. Илова бар ин аксари шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид, ва ниҳоят 6 ноябри соли 1994 ба таври райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Конститутсияи 6 ноябри соли 1994 қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибисиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазири ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ вахориҷии давлат, асосҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ниҳоят шакли идоракуни давлатӣ (давлатдорӣ) эълон шуданд.
Дар ин ҷо нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон мебошад.
Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ ӯ ақидаи худро оид ба институти президентӣ баён карда, бо далелҳои муътамад барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур будани ниҳоди президентиро собит намуд. Гузашта аз ин, тавре Зариф Ализода ёдовар мешавад дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд, ки «Шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрӯз ба шароити мушаххаси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси Тоҷикистон мебошад» . Акнун 22 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурустӣ ва ба шароити мамлакат созгор будани ниҳоди президентиро собит кард.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ризоияти миллӣ ба даст оварда шуда, минбаъд меъёрҳои он такмил ёфт. Дар таърихи навини тоҷикон мо аллакай шоҳиди се маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия гаштем. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ворид кардашуда, меъёрҳои онро бамаротиб такмил дода, ба шароити онвақта ва имрӯзаи рушди ҷомеа мувофиқ гардонида шуданд ва ҳар яке вазифаи таърихии худро дошта, аз иҷрои ин вазифа баромаданд .
Тағйироте, ки ба моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи навин ворид гардид минбаъд ифодакунандаи шакли идораи ҷумҳурӣ мебошад. Тавре дар гузашта аз адабиёти пеш аз қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар он чунин меъёр ҷой надошт, ҳарчанд президентӣ будани шакли идоракунии Тоҷикистонро ҳама медонанд.
Масалан, он замон ба андешаи Ҷабборов Ф.Н. гарчанде ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мафҳуми ҷумҳурии президентӣ оварда нашуда бошад ҳам, Тоҷикистон аз рӯи шакли идоракунӣ ҷумҳурии президентӣ буд, ки нишонаҳои онро дар м. 1, 49, 62, 70, 74 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида намудан мумкин буд . Зиёда аз ин, дар моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирнопазирии шакли идораи ҷумҳурӣ қайд гардидааст, аммо кадом шакл будани он дар Конститутсия нишон дода нашуда буд. Аз ин рӯ, ин тағйирот Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2016 мукаммал гардонида, шакли идоракуниро мушаххас намуд.
Меъёрҳои монанд дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Конститутсияҳои Қазоқистон ва Туркманистон дарҷ гардидааст. Тоҷикистон низ ҷумҳурии президентӣ буда, Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Бинобар ин пешниҳоди зикргардида ифодакунандаи воқеии шакли идоракунии президентӣ буда, он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мукаммал намуд .
Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр ва демократӣ эълон шудааст. Ва олимони соҳа шакли идораи Тоҷикистонро ҷумҳурии «президентӣ» донистаанд. Зеро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи умумӣ интихоб шудааст, аммо ҳукуматро худи ӯ ташкил карда ба он сарварӣ мекунад ва ба ҳокимияти қонунгузор ва судӣ таъсири мерасонад. Илова бар ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурии давлатро тағйирнопазир донистааст .
Ҳамин тавр, халқи Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурии президентиро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 бори аввал ва бори дувум моҳи майи соли 2016 бо қабул ва ворид гардидани тағйиру иловаҳо интихоб карданд. Мавҷуд будани шакли идораи ҷумҳурии президентиро моддаҳои 3,4,ва 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мекунад. Аз ҷумла, дар моддаи 64 Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст”. Яъне Президенти кишвар дар як вақт ҳам сарвари давлат ва ҳам Раиси Ҳукумат мебошад, ки чунин ҳолат танҳо ба ҷумҳурии президентӣ хос мебошад. Аз гуфтаҳои боло баръало аён аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби Сарвазир мавҷуд аст, аммо ӯ Раиси Ҳукумат ба ҳисоб намеравад . Президенти кишвар дар як вақт ҳам сарвари давлат ва ҳам Раиси Ҳукумат будан ин нишонаи сифатнокӣ ва самаранокии корӣ ҳайати Ҳукумат, аз Президент сар карда то тамоми сохторҳои поёнии ҳукуматро ифода мекунад. Ғайр аз ин, тавре дар боло қайд кардем, Ҳукумат на, дар назди парламент, балкӣ дар назди Президент масъул мебошад. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, ки ин ҳолат ба давлати дорои шакли идораи ҷумҳурии президентӣ мансуб аст.
Ҳамин тавр, хусусиятҳои номбурда гувоҳи онанд, ки шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии президентӣ ба шароити кунунӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ, Ваҳдати миллӣ ва дурнамои пешрафти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад ва дар таҷрибаи навини давлатдории миллати тоҷик шакли идораи ҷумҳурии президентӣ беназир аст.
1. Ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 ба таври райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ин гуфтаҳоро тасдиқ менамояд.
2. Шарипов Абдуфаттоҳ., Шамсиддин Садриддин. Президент. (нақши Эмомалӣ Раҳмонов дар таҳкими ҳокимяти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ). Душанбе, «Деваштич», 2005. С.72
3. Сотиволдиев Ш.Р. Проблемаҳои назарияи двлат ва ҳуқуқ. Китоби дарси. Ҷилди 1.Душанбе, 2010. С.460-470
4. Марченко М.Н. Проблемы теории государства и права. Москва 2004. С.180
5. Чиркин В.Е. Государствоведение. С. 129.
6. Прблемы общей теории права и госудрства/ Под. Ред. В.С. Нерсесянца. С.599-601.
7. Тафсири илмию омавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, Шарқи озод, 2009. С.316-326
8. З. Ализода. Конститутсияи соли 1994 ва нақши он барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол., Маводи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. (29 ноябри соли 2009) – Душанбе, «Шуҷоиён», 2009 . С.192.
9. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ. Душанбе, 2014. С. 561.
10. Холхуҷаев З.И. Ҳуқуқи конститусионии (давлатии) мамлакатҳои хориҷӣ. Душанбе, 2013.С.323
11. Зариф Ализода:. Сарқонун дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши калидӣ дорад.- Рӯзномаи «Ҷумҳурият». реҷаи дастрасӣ: http://www.jumhuriyat.tj
12. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии Конститутсия ва қонунҳо. Душанбе, 2010. С.96-103
13. Зуҳуров Ш.: «Пазируфтани тағйиру иловаҳо ба иродаи мардум вобаста аст», рӯзномаи «Ҷумҳурият» 4.05.2016 №: 85
14. Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2003. моддаи 100

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top