ПРЕЗИДЕНТ: САРДОРИ ДАВЛАТ ВА ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ

Бинанда: 543 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2023

 

Бахши сеюм...

 

Наботов С.Х. доктори ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ, директори литсейи ДДТТ

Падидаи Президент ҳамчун сардори давлат дар тамоми мамлакатҳои муосир қисми ҷудонашаванда ва довари асосии механизми амалигардонии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Сардори давлат гуфта шахси расмӣ (ё мақомот) дар назардошта мешавад, ки дар иерархияи ҳокимияти давлатӣ ҷои олиро ишғол менамояд. Сардори давлат дар ҳаёти сиёсии дохилӣ ва муносибат бо дигар давлатҳо намояндагии мамлакатро дар сатҳи олӣ амалӣ мегардонад ва аз номи давлати мустақил баромад мекунад. Истисно аз қоидаи мазкур ба таври ҳуқуқӣ дар баъзе давлатҳо хеле кам ба назар мерасад (масалан, дар қонунгузории Эрон).

Дар давлатҳои демократӣ амалигардонии хокимияти давлатӣ бо принсипи таҷзияи ҳокимият ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ асос ёфтааст. Рукнҳои ҳокимият аз ҳамдигар бо мустақилияти муайяни худ фарқ намуда, дар навбати худ ҳамаи онҳо ҳангоми амалигардонии ҳокимият ба ҳамдигар робита доранд. Ҷое, ки сардори давлат дар ин сегона ишғол мекунад на  ҳама вақт ба таври кофӣ аниқ карда мешавад, яъне салоҳияти сарвари давлат номаҳдуд аст. Дар баъзе давлатҳо, масалан, дар ИМА, ба зиммаи сардори давлат амалигардонии функсияҳои ҳокимияти иҷроия гузошта шудааст. Аммо дар бештари давлатҳои мутараққӣ сардори давлат ин вазифаҳоро иҷро намекунад. Ба назари  З.И. Холхуҷаев  дар ин ҳолат сардори давлатро қисми таркибии ҳокимияти иҷроия ҳисобидан дуруст нест[1].

Вазъи ҳуқуқии сардори давлат бояд мушаххас бошад бо назардошти хусусиятҳои хоси сохти конститутсионӣ мутобиқи Конститутсия ва қонунгузории миллӣ, инчунин бо назардошти таҷрибаи амали   ниҳодҳои давлатӣ  ҳал карда шавад.

Дар таълимоти конститутсионию ҳуқуқии  аксари   давлатҳо ниҳоди сардори давлат ба сифати кафолати ваҳдати миллӣ шинохта мешавад, ки дар як вақт ворисият, устувории ҳокимияти давлатӣ ва робитаи мутақобилаи рукнҳои гуногуни ҳокимиятро таъмин менамояд. Дар чунин шароит танҳо ба яке аз рукнҳои ҳокимият мансуб донистани сардори давлат метавонад мувозинати ҳокимиятҳоро вайрон сохта, татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимиятро имконнопазир гардонад.

Бояд қайд кард, ки вазъи ҳуқуқии сардори давлат ва нақши воқеии он дар ҷараёни амалигардонин ҳокимияти давлатӣ аз шакли идоракунӣ ва хусусияти режими сиёсӣ вобаста аст. Дар мамлакатҳое, ки сардори давлат ваколатҳои васеъи намояндагиро соҳиб аст, корҳои давлатиро вай воқеан роҳбарӣ мекунад, сиёсати давлатиро ташаккул ва амалӣ менамояд. Дар давлатҳои шакли идоракунии парлумонӣ дошта, сардори давлат дар идоракунии корҳои давлатӣ иштироки бевосита надорад. Аммо дар ин давлатҳо низ ӯ ба раванди сиёсӣ таъсири муҳим мерасонад ва дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъиятҳои буҳронӣ ё фавқуллода бошад, фаъолӣ ва сатҳи таъсири ӯ ба дигар мақомотҳои давлатӣ метавонад хеле зиёд гардад.

Дар мамлакатҳои муосири хориҷӣ ба сифати сардори давлат чун қоидаи умумӣ ё президенти интихобӣ ва ё монархи таъиншуда баромад мекунанд. Дар баъзе мавридҳо бошад,  хеле кам, монархияҳое ба чашм мерасанд, ки дар он монарх мансаби худро дар асоси интихобӣ ишғол кардааст (масалан, дар Малайзия ва Аморати Муттаҳидаи Араб). Дар таҷрибаи конститутсионии сардори дастаҷамъии давлат низ ба назар мерасад. Ба ин Шурои иттифоқии Швейтсария, Шурои давлатии Куба, Раёсати Босня ва Герсоговина мисол шуда метавонанд, ки онҳоро сардори коллегиалии давлат гуфтан ҷоиз аст[2].

Дар баъзе мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ, Осиё ва Африқо шахсоне, ки мансаби сардори давлатро ишғол намудаанд президент ном бурда мешаванд, вале онҳо на ин ки интихоб, балки аз ҷониби доираи ҳарбиён ё дигар гурӯҳҳои сиёсӣ дар натиҷаи гуфтушунидҳои давлатӣ ба ин вазифа таъин шудаанд.

Дар қисми назарраси давлатҳои муттарақӣ, монарх ҳамчун сардори давлат боқи мондааст. Қариб нисфи тамоми мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ шакли идоракунии  монархияро нигоҳ доштаанд. Масалан, Британияи Кабир, Нидерландия, Дания, Шветсия, Норвегия, Испания. Дар собиқ домининаҳо (Канада, Австралия, Зеландияи Нав) ниҳоди сардори монархиявӣ хусусиятҳои хоси худро доранд. Дар ин ҷойҳо расман салоҳияти монархи Британияи Кабир сардори давлат мебошад, ки онро генерал-губернатор намояндагӣ мекунад. Ҳарчанд шарти таъин шудан (интихоб кардан) ва ҳаҷми ваколатҳои генерал-губернатор дар ин ҷойҳо аз ҷойгиршавии қуваҳои сиёсӣ дар мамлакат вобаста буда, дар қонунгузории миллӣ муайян шудааст.

Дар қисми зиёди мамлакатҳои озодшуда шакли идоракунии монархиявӣ инкор гардида, гузариш ба падидаи президенти интихобӣ мушоҳида мешавад. Бо ин роҳ, қисми зиёди собиқ, доминиҳои британӣ дар Осиё ва Африқо (Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, Кения, Норвегия ва ғайра) рафтаанд. Дар Ливия, Ямани ҷанубӣ, Эфиопия, Афғонистон ва дигар давлатҳо монархия барҳам дода шудааст.

Дар баробари ин ниҳоди монархия дар бисёр давлатҳои Шарқ нақши муҳими худро нигоҳ доштааст. Дар ин давлатҳо барои роҳбарӣ ва идоракунии корҳои давлатӣ ба монарх нақши фаъол хос аст. Ҳокимияти иҷроия дар дасти монарх қарор дошта, дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва судӣ низ ба монарх ваколатҳои зиёд дода шудааст, аз ҷумла, вазъи сардори давлат дар монархияҳои дуалистӣ (масалан, дар Марокко, Иордания, Кувейт) чунин аст. Дар монархияҳои мутлақ бошад сардори давлат ҳокимияти номаҳдудро соҳиб аст. Баъзан монарх на танҳо сардори идораи дунявй, балки сарвари динии тобеон низ мебошад (масалан, монархияи теократӣ дар Арабистони Саудӣ)[3].

Новобаста аз сатҳи баланди мутобиқшавӣ, монархия дар ҷаҳони муосир рӯз то рӯз мавқеи худро аз даст дода истодааст. Дар айни замон дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ сардори давлат президенти интихобӣ мебошад (ИМА, Франсия, ҶФО, Италия, Португалия, Бразилия, Мексика, Венесуэла, Ҳиндустон, Шри-Ланка ва ғайра).Ниҳоди яккасардории давлат дар мамлакатҳои Аврупои марказӣ  ва ИДМ низ паҳн гаштааст.

Дар баробари ин ба инкишоф ёфтани ниҳоди Президент ҳамчун сардори давлат хусусияти торафт кам шудани миқдори монархия ва баръакс, афзудани миқдори мамлакатҳое, ки шакли ҷумхуриявиро доранд хос аст, ки сабабҳои ин раванд гуногун арзёбӣ карда мешавад. Дар рафти инқилобҳои озодкунии зиддифеодалӣ яке аз мақсадҳои асосии барҳам додани ҳокимияти мутлақ ва натиҷаҳои бенизомӣ дар он буд. Дар ҳолатҳое, ки баромадҳои инқилобӣ хусусияти радикалӣ доштанд, онҳо чун қоида, бо барҳамдиҳии монархия ва пайдо шудани сардори идораи давлатӣ интихобии дастаҷамъӣ ё яккасардорӣ анҷом меёфтанд. Дар мавридҳое, ки баромадҳои инқилоби зиддифеодалӣ хусусияти радикалии камтар доштанд, онҳо бештар бо нигоҳ доштани шакли монархиявии идоракунӣ ва дар як вақт маҳдуд сохтани ҳокимият ва ваколатҳои монарх анҷом меёфтанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар афкори ҷамъиятии аксари мамлакатҳо ва то андозае дар назарияи конститутсионию ҳуқуқӣ нуқтаи назаре ҷонибдорӣ мешавад, ки тибқи он роҳи нисбатан демократӣ ва бонизоми ташкили ҳокимияти давлатӣ на ин ки нигоҳдории монархия, балки таъсиси институти интихобии сардори давлат мебошад. Дар баробари ин хавфе, ки ҳангоми амали намудани яккасарварии давлат вуҷуд дорад, ба он оварда расонид, ки дар сатҳи конститутсионию ҳуқуқӣ як қатор маҳдудиятҳои назаррас муқаррар шуданд, ки мақсади онҳо пешгирӣ кардан ва бартараф сохтани имконияти ҷамъ шудани ҳокимият аз ҷониби ҳокими якксардори давлат буд. Натиҷаи ин андешаронӣ ба он оварда расонид, ки ниҳоди интихобии сардори давлат дар ҷумҳуриҳои парламенти хусусиятҳои хоси худро пайдо намуда, вазъи сардори давлатӣ интихобӣ ба вазъӣ сардори давлат дар монархини парламентӣ монанд шуд. Ин вазъи сардори давлат одатан бо формулаи «шоҳигарӣ мекунад, вале идора карда наметавонад» навишта мешавад[4]. Кафолатҳои чунин шакли сарварӣ ба таври кофӣ танҳо дар шароити демократияи инкишофёфта амал мекунад. Вале онҳо дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф кофӣ набуда, дар аксари давлатҳои мазкур ниҳоди сардори давлати интихобӣ ва яккасардор барои ҷорӣ намудани режимҳои авторитарӣ ва роҳбарии чандинкарата истифода шудааст. Дар чунин шароит сардори давлатӣ ҷумҳурӣ одатан хусусияти зидидемократӣ пайдо менамояд. Тасдиқ намудани диктатураи ягона бошад бо ҷазодиҳӣ сурат мегирад, ки боиси оқибатҳои вазнин ва баъзан аз байн рафтани давлатдории миллӣ мешавад. Ба ин мисол шуда метавонад ҳодисаҳои хунин дар Сомалӣ ё Либерия, ки боиси марги одамони зиёд, фалаҷ шудани сохторҳои давлатӣ ва ҳукмронии анархия гашта, дар шароити он на ҳокимияти давлатии муътадил ва на қонуният вуҷуд дошта наметавонанд.

Одатан танзими конститутсионию ҳуқуқии ниҳоди сардори давлат чунин ба роҳ монда мешавад, ки он барои ба таври назаррас тағйир ёфтани ҳаҷми ваколатҳои ҳокимиятии сардори давлат ҳангоми тағйирёбии таносуби қувваҳои сиёсӣ дар мамлакат, асосан вобаста ба ҷойгиршавии онҳо дар парламент ё ҳатто дар палатаи поёнии парламент имкон диҳад. Яке аз чунин мисолҳои басо муҳимро Конститутсияи Ҷумҳурии Фаронса медиҳад (дорост), ки он барои ба таври ҷиддӣ тағйир додани иштироки сардори давлат дар амалигардонии ҳокимияти иҷроия вобаста аз аксарияти сохти идоракунии президентӣ ва парламентӣ имкон медиҳад. Ба Ҷой ва нақши сардори давлат дар низоми мақомоти давлатӣ ғайр аз чунин омилҳо, ба монанди таносуби қувваҳои сиёсӣ арзишҳое, ки дар ҷомеа ҳукмронанд, идеал ва тасаввуротҳо дар бораи ташкили мувофиқи ҳокимияти оммавӣ, инчунин сатҳ ва дараҷаи мустақилияти шохаҳои гуногуни ҳокимият, метавонанд таъсир расонанд. Чунончӣ, дар доираи ҷумҳурии президентии ИМА ва ҷумҳурии президентӣ дар як қатор мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ нақш ва аҳамияти ниҳоди президентӣ якхела нестанд. Дар ИМА, ҳокимияти судии басо мустақил ва пурқувват, конгресси пурқувват мавҷуданд, имконияти аз ҳудуди муайянкардашудаи конститутсия баромадани президент қариб имкон надорад[5]. Вале дар аксарияти мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки ҳокимияти президенти барои гирифтани бартариҳои дигар ниҳодҳои давлатӣ кушиш мекунад, аз ҷумла, барои тасдиқи бартарии ҳокимияти иҷроия нисбати ҳокимияти қонунгузорӣ. Кам нестанд ҳолатҳое, ки дар шароити муборизаҳои шадид байни президент ва парламент қувваи бештар дар тарафи мақомоти намояндагӣ дида мешавад, ки ин метавонад барои ба ҷавобгарӣ кашидани президент бо тартиби муайянкардаи қонунгузории миллӣ оварда расонад.

Тавре дар боло қайд гардид дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон ҷумҳуриявӣ сардори давлат, чун коида, президент интихобӣ мебошад. Вазъи воқеӣ ва нақши сиёсии президент бошад аз намудҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ вобаста аст. Масалан, дар ҷумҳурии президентӣ нисбат ба ҷумҳурии парламентӣ нақши сардори давлат хеле муҳим аст ва дар аксари давлатҳои нав озодшуда, ки низоми яккаҳизбӣ доранд, президент лидери пешвои ҳизби ҳукмрон буда, дороӣ ваколатҳое мебошад, ки дар таҷриба одатан аз доираи муайяншудаи конститутсия берун мебарояд[6].

Президентӣ ҷумҳурии парламентӣ ваколатҳои ҳукуматиро надорад ва дар идоракунии давлат фаъолона ширкат дошта наметавонад. Дар чунин маврид, президент бештар функсияҳоеро иҷро мекунад, ки хусусияти намояндагӣ доранд, ҳарчанд вобаста аз вазъияти сиёсии мушаххас, хусусан вақте, ки ӯ роҳбари ҳизби ҳукмрон аст, метавонад дар рафти давлатдорӣ таъсири хеле зиёд дошта бошад. Баъзан президент намояндаи ҳизби оппозитсионӣ мебошад, ки чунин вазъият дар давраҳои ҷудогона дар Италия, ҶФО, Австрия ба чашм мерасид. Нисбатан камтар ниҳоди сардори давлати «камқувват» дар мамлакатҳои нав озодшуда ба назар мерасад. Масалан, инро дар Ҳиндустон мушоҳида карда метавонем, ҳарчанд конститутсияи мамлакат ғайрирасмӣ ба президент ваколатҳои зиёд додааст.

Дар тамоми мавридҳое, ки сардори давлат дар ҷумҳуриҳои парламентӣ тибқи қонун ваколатҳои насбатан каму зиёд дорад, амалигардонии онҳо дар таҷриба ба ҳукумат таалдуқ дорад. Санадҳои президент дар асл аз ҷониби ҳукумат бармеояд. Онҳо барои тасдиқ шудан ба имзои сарвазир ё вазири манфиатдор ниёз доранд, ки ин расмиёт шарти ҳатмии ҳаққони будани санадҳои президент аст[7].

Дар роҳбарӣ ва идоракунии корҳои давлатӣ нақши муҳими истисноӣ доштани президент дар мамлакатҳое ба назар мерасад, ки президент ваколатҳои ҳукуматӣ дорад ва расман ҳокимияти иҷроияро низ роҳбарӣ мекунад. Дар чунин маврид дар як даст ваколатҳои сардори давлат ва сардори ҳукумат якҷоя мешаванд, ки чунин ҳолат пеш аз ҳама ба ҷумҳуриҳои президентӣ хос аст (ИМА, як қатор давлатҳои Америкаи Лотинӣ ва ғайра). Президент дар аксари давлатҳои нав озодшуда хеле ваколатҳои зиёд дорад.

Сардори давлат дар ҷумҳуриҳои президентӣ ҳамчун роҳбари сиёсӣ ваколатҳои васеъ дорад. Ӯ соҳиби воситаҳое мебошад, ки ба ҷараёни қонунгузорӣ таъсир мерасонанд, ваколатҳои ихтиёрдорӣ (танзимнамоӣ) дорад, дар соҳаи роҳбарии қувваҳои мусаллаҳ ва идоракунии шаҳрвандӣ бартариятҳои муҳим дорад.

Кӯшиши васеъ намудани ҳокимияти президентӣ аксар маврид сабаби бархурди пуршиддати байни сардори давлат ва мақомоти намояндагӣ мегардад, ки дар натиҷа на ҳама вақт президент ғолиб меояд. Аксар маврид ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки парламент зери фишори ҷамъият маҷбур мешавад ба тафтиши амалҳои ғайриқонунии маъмурият машғул шавад. Мисоли ба ин монанд «парвандаи уотергейтс» дар ИМА шуда метавонад, ки боиси ба истеъфо рафтани президент Р. Никсон гардид.

Тавре дар боло қайд гардид дар бисёре аз давлатҳо шохаи ҳокимияти иҷроияро мустақиман Президент амалӣ менамояд. Сифат ва самаранокии идоракунии давлатӣ маҳз аз ҳамин шохаи ҳокимияти иҷроия бар меояд. Бояд тазаккур дод, ки ҳокимияти иҷроия хислати универсалӣ дошта, аз дигар шохаҳои ҳокимият фарқ менамояд. Дар муқоиса ба дигар шохаҳои ҳокимият, ҳокимияти иҷроия аз рӯи қувват ва тавоноӣ дар ҷои аввал меистад. Аз ҳама хислати ҷолиби диққати ин шохаи ҳокимият дар он зоҳир меёбад, ки умумисоҳавӣ  (универсалӣ) ба ҳисоб меравад.

Президент, дар идоракунии давлатӣ ва амалӣ кардани ҳокимияти марказии давлатӣ нақши калидӣ мебозад ва бевосита нақши боризро дар ҳокимияти олии иҷроия амалӣ менамояд. Тавре, ки маълум аст, истилоҳи «ҳокимияти давлатӣ» ба калимаҳои «ҳокимият» ва «давлат» ишора мекунад. Ин бесабаб нест. Ҳокимияти давлатӣ як намуди ҳокимият аст, ки аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ва мақомоти олии давлат, Президент бевосита дар аксари кишварҳо амалӣ карда мешавад. Ғайр аз ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеа ҳокимияти шахсии сарвари оила (одатан, падар) ҳокимияти корпоративии дохили ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигарон вуҷуд доранд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳокимият то замони давлат, дар ҷомеаи то давлатӣ (дар шакли ҳокимияти пешвои авлод ва қабила, ҳокимияти шурои қабила ва ғ.) низ вуҷуд дошт[8].

Дар доираҳои илмӣ мафҳуми ягонаи ҳокимияти иҷроияи давлатӣ вуҷуд надорад. Вобаста ба мафҳуми ҳокимият ва тавъамии он ба Президент ҳамчун мақоми олии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки зарур медонем ба фикри чанде аз донишмандони ватаниву хориҷӣ диққат диҳем.

Як гурӯҳи олимон табиати ҳокимиятро дар муносибатҳои ҳукумронии одамон  аз болои одамон ё худ итоати ҳамаи аъзоёни ҷомеа ба иродаи як шахс, гурӯҳи нафарон мебинанд[9]. Масалан, ба ақидаи Р.Ш. Сотиволдиев ҳокимият шакли таъсиррасонист, ки баҳри ҳадафҳои муайян сурат мегирад. Муаллиф ҳамчунин дар ҷои дигар мегӯяд «ҳокимият воситаи таъсиррасонии иродавӣ, мақсаднок ва муташаккилона ба шуур, ирода ва рафтори одамон баҳри таъмини муташаккилӣ, низому тартибот дар ҳаёти одамон аст[10]».

Аммо нуқтаи назари ҷолиб ақидаҳои файласуфи машҳури фаронсавӣ Ш.Л. Монтеске мебошад, ки дар асари безаволи худ дар бораи сохтори давлатии Англия сухан ронда, дар ҳар як давлат мавҷудияти се шохаи ҳокимиятро қайд менамояд: ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сару кор дорад ва ҳокимияти судӣ, ки масъалаҳои ҳуқуқи шаҳрвандиро ҳал менамояд[11].

Ҳамин тариқ, ҳокимияти давлатӣ дар шароити муосир ҷанбаи марказии идораи давлатӣ ба шумор рафта, кафолати амалишавии идораи давлатӣ мебошад. Бе ҳокимияти давлатӣ  на танҳо идораи давлатӣ, балки худи давлат мавҷуд набуда, он дар баробари нишонаи давлат буданаш боз омили идора намудани давлат мебошад[12], ки бевосита дар он дар аксар кишварҳо Президент ҳамчун мақоми олии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад.

Бесабаб нест, ки интихоботи Президент дар ҳамаи давлатҳо (ҳам Шарқ ва ҳам Ғарб) бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, иштироки бевоситаи онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ (муҳокимаи номзадҳо, пешбарии онҳо ва ғ.) мегузарад. Шаҳрвандон дар интихоби сарвари давлат таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд, пешрафт рушду инкшофи кишвари худро маҳз аз сарвари давлат вобаста медонанд.

Масалан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия  ва тавассути Ҳукумати кишвар ҳамчун Раиси Ҳукумат ба сатҳи марказии ҳокимияти иҷроия, ки ба он вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои ҷумҳуриявӣ шомиланд, роҳбарӣ  менамояд. Амалисозии салоҳиятҳои Президенти кишвар дар соҳаи идораи давлатӣ аз сифату сатҳи фаъолияти мақомоти номбурда вобастагии зич дорад.

Барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти ҳокимияти иҷроия мавқеи расмии Президент ҳатмист, зеро дар инҷо принсипи “ҳокимият ва итоат” амал мекунад. Гузашта аз ин Ҳукумат қисми таркибии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки сарварии он ба ӯҳдаи Президент вогузошта шудааст[13]. Мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита функсияи идораи давлатиро амалӣ месозанд ва барои ташкили иҷрои  қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Президент ва Ҳукумати кишвар масъул мебошанд.

Ҳамзамон бояд кайд кард, ки Президент мақоми марказӣ дар низоми мақомотҳои давлатӣ ба шумор меравад. Масалан, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16 апрели соли 2012, №828[14] мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешаванд, чунин тақсимбандӣ шудаанд:

-дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешаванд, ки ҳар кадоми онҳо дар навбати худ вазифаҳои худро иҷро менамоянд.

Ҳамчун сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдиҳандаи бехатарии миллӣ, соҳибистиқлолӣ, ягонагӣ ва тамомияти ҳудудии мамлакат мебошад. Вай ҳамчун таҷассумкунандаи ягонагии миллӣ, сарфармондеҳи кувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Ба ҳамин монанд ақидаҳоро дар адабиёти ҳуқуқӣ вохурдан мумкин аст, ки Консепсияи ҳокимияти иҷроия, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст, сифатан нав буда, дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон (соли  1978) бо тағйироту иловаҳои минбаъдаи ба он ҷой дода, дошта, куллан фарқ менамояд. Моҳияти навовариҳо пеш аз ҳама, аз он бар меояд, ки дар ҷумҳурии мо шакли идораи президентӣ тасдиқ гашта, таҷзияи классикии ҳокимияти давлатӣ расман гузаронида шудааст[15].

Аввалан ҳокимияти иҷроия пурра ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутааллиқ дониста шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия тавсиф меёбад.

Дуюм ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия роҳбарии Ҳукумат ва мамлакат низ вогузор гардидааст, яъне ӯ ҳамзамон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сеюм таъсири бевосита ташкилию фармоишии ҳокимияти намояндагӣ (қонунгузорӣ) ба фаъолияти Ҳукумат маҳдуд гардидааст.

Чорум низоми ҳокимияти иҷроия дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ташкилии хешро пайдо намуд.

Панҷум ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таъсири доимии Президенти кишвар қарор гирифта, ӯ бо истифода аз ваколатҳои муҳим ва васеи худ дар соҳаи идораи давлдатӣ, ки дар Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ мустаҳкам шудаанд, ба мазмуни фаъолияти ҳама зинаҳои ҳокимияти иҷроия таъсири муайянкунанда дорад[16].

Дар ин ҳолат ба андешаи Х.О. Ойев. дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мазмуни боби чорум, панҷум ва дигар бобҳои Конститутсия, инчунин аз қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, ки дар асоси Конститутсия қабул карда шудаанд, падидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  асосҳои конститутсионии худро дарёфт ва вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии Президентро дар низоми марказии ҳокимияти давлатӣ муқаррар намуд, ки хусусиятҳои он аз инҳо иборат мебошад:

Якум падидаи президент падидае мебошад, ки дар он намояндагии умумихалқӣ дар сатҳи марказии ҳокимияти давлатӣ таҷассум меёбад

Дуюм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ӯро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол бо тартиби муқарраршуда интихоб менамоянд[17]. Аз ин бар меояд, ки президент дар Ҷумҳури Тоҷикистон мақоми олии ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия чунин функсияҳоро иҷро мекунад:

-функсияи кафолатӣ ;

-функсияи ҳакамӣ ;

-функсияи назоратӣ;

-функсияи намояндагӣ[18]

Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани конститутсия ва конунҳоро ба роҳ монда, оиди иҷроиши аниқи он ҷавобгар мебошад. Ҳамчунин президент сиёсати берунаи давлатиро роҳбарӣ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо паёми солонаи ҳуд дар бораи вазъи давлат ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба (Маҷлиси Олӣ таҳлилҳо гузаронида чораандеши менамояд) халқ муроҷиат менамояд.

Нисбати нақши президент ҳамчунин ибораҳои “идоракунии умумии давлат”, “назорати  фаъолияти муътадили ниҳодҳои давлатӣ” истифода мешаванд, ки равандҳои ҷадидро дар қонунгузории миллӣ ифода намуда, барои равшантар фаҳмидани мавқеи президент дар низоми ҳокимияти давлатии ягона таҷзияи рукнҳои он имкон медиҳад[19].

Мақоми конститутсионии сардори давлат пеш аз ҳама дар доштани ҳуқуқу уҳдадориҳое мебошад, ки Президентро симои калидӣ идоракунӣ дар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ мегардонад. Умуман Президент дар дилхоҳ давлат дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ салоҳияти васеъ дорад. Баъзе ин ваколатҳо хислати истисноӣ дошта, баъзеи дигарашон бо ваколатҳои дигар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ шабеҳ аст.

Дар маҷмуъ президенти дилхоҳ давлат вазифаҳои махсусеро иҷро менамояд, ки дигар мақомотҳои давлатӣ наметавонанд онро иҷро намоянд.

Якум Президенти дилхоҳ давлат дар муносибатҳои дохиливу хориҷӣ давлатро намояндагӣ мекунад.

Дуюм Президент кафили Конститутсия мебошад.

Сеюм Президент кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон мебошад.

Чорум Президент дар маҷмуъ барои ҳифз намудани марзу бум ва истиқлолияти миллӣ чораҳо меандешад.

Панҷум Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва ҳориҷиро муайян менамояд.

Тавре аз муқаррароти конститутсионии мазкур бар меояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмати  зиёди кишварҳои пасошуравӣ низ дар соҳаи сиёсати ҳориҷӣ, президент сиёсати ҳориҷии давлатро бар ӯҳда дорад; давлатро дар муносибатҳои байналҳалкӣ намояндагӣ мекунад; бо кишварҳои ҳориҷӣ гуфтушунид мегузаронад; шартномаҳо ва созишномаҳои байналҳалкӣ баста, барои ба тасвиб расонидан ба парлумон пешниҳод мекунад; ифтихорномаҳои тасвибиро имзо менамояд.

Ҳамин тавр аз таҳлили Конститутсияи кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ва мамолики дигари хориҷӣ, ки ин ҷо мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд, бармеояд, ки дар шаклҳои гуногуни идоракунии давлатӣ салоҳияти сардори давлат хусусияти нобаробарӣ доранд ва доираи салоҳиятҳои Президент дар ин кишварҳо васеъ мебошанд.

Солҳои охир бошад ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон бо рукни ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти давлатӣ робитаи ногусастанӣ касб намуд, зеро Конститутсияи кишвар ба нақши фаъоли Президент дар низоми ҳокимияти иҷроия ҳидоят дорад. Чунин тарҳ на танҳо имкон медиҳад, ки сардори давлат ба мазмуни фаъолияти ҳама сохторҳои маъмурияти умум таъсири муайянкунанда пайдо намояд, балки барои сафарбар намудани нуфузи ҳокимияти иҷроия ба амалисозии ислоҳоти тақдирсоз дар марҳалаи гузариш ба низоми ҷадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ, иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Бинобар ҳамин муҳим аст, ки қолаби тамоси Президент бо Ҳукумати кишвар боз ҳам тақвият ёфта, ниҳоди президентӣ василаи самараноки ташкили оқилонаи идораи кишвар ва таъмини рушди устувори инноватсионӣ гардад[20].

Конститутсияи аксари далатҳои мавриди таҳлил қароргирифта собит сохт, ки дар ин кишварҳо Президент ҳамчун мақоми олии ҳокимияти иҷроя дар таҳким ва густариши дигар шохаҳои ҳокимият робитаи ногусастанӣ дошта, нақши калидиро ҳамчун мақоми олии кишвар дар таъмини риояи дақиқи қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафилияти истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии кишварҳо мебозад.

 

 

Адабиёти истифодашуда:

 

1.Холхуҷаев  З.И. Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ. Душанбе, 2013. С.193

2.Конститутсияи Амрико. Реҷаи дастрасӣ: http://www.constitution.ru

3.Сотиволдиев Р.Ш. Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ. Китоби дарсӣ. Ҷилди 1. Душанбе, 2010. С430-470

4.Монтескӣе Ш.Л.  О духе законов. М. 1999. С 144

5.Муллоев Д.М. Назарияи идораи давлатӣ: китоби дарсӣ. Душанбе, 2013.  С.256

6.Тафсири илмию омавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, Шарқи озод, 2009. С.34-339

7.Сафаров Л.Ш., Мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавозуни ҳокимияти давлатӣ., Маводҳо аз конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 20 солагии ниҳоди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2010 С.91.

8.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии Конститутсия ва қонунҳо.  Душанбе, 2010. С.37-43

9.Ҷабборов Ф.Н. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди давлатдории миллӣ. Маводҳои конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба ифтихори 20 солагии таъсиси ниҳоди президентӣ дар кишвар, ш.Душанбе, 25 ноябри соли  2010. С 96-103

10.Раззоқов Б.Ҳ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- сарвари ҳокимияти иҷроия. Душанбе, «Ирфон», 2010. С.15

 

 

 

 

[1] Холхуҷаев  З.И. Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ. Душанбе, 2013. С.193

[2]  Реҷаи дастрасӣ: http://www.constitution.ru

[3] Реҷаи дастрасӣ: http://www.constitution.ru

[4] Холхуҷаев  З.И. Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ. Душанбе, 2013. С.196

[5]  Конститутсияи Амрико. Реҷаи дастрасӣ: http://www.constitution.ru

[6] Холхуҷаев  З.И. Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ. Душанбе, 2013. С.196

[7] Холхуҷаев  З.И. Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ. Душанбе, 2013. С.202-203

[8] Сотиволдиев Р.Ш. Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ. Китоби дарсӣ. Ҷилди 1. Душанбе, 2010. С430-470

[9]Аслан чунин назар  хоси мутафакирон Н. Макиавели файласуфи англис., Ходими бузурги сиёсии Россия В.Ленин буд.

[10]Сотиволдиев Р.Ш. Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ. Китоби дарсӣ. Ҷилди 1. Душанбе,  С330 .

[11] Монтескӣе Ш.Л.  О духе законов. М. 1999. С 144

[12]Муллоев Д.М. Назарияи идораи давлатӣ: китоби дарсӣ. Душанбе, 2013.  С.256

[13] Тафсири илмию омавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, Шарқи озод, 2009. С.34-339

[14]Реҷаи дастрасӣ: http://base.mmk.tj/

[15] Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз таѓйру иловаба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  идоракунии президенти мебошад ки  дар ин бора дар қисмати баъдии мавод  ба таври возеҳ  гуфта мегузарем.

[16]Ниг.:Сафаров Л.Ш., Мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавозуни ҳокимияти давлатӣ., Маводҳо аз конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 20 солагии ниҳоди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2010 С.91.

[17]Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии Конститутсия ва қонунҳо.  Душанбе, 2010. С.37-43

[18]Ҷабборов Ф.Н. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди давлатдории миллӣ. Маводҳои конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба ифтихори 20 солагии таъсиси ниҳоди президентӣ дар кишвар, ш.Душанбе, 25 ноябри соли  2010. С 96-103

[19]Раззоқов Б.Ҳ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- сарвари ҳокимияти иҷроия. Душанбе, «Ирфон», 2010. С.15

[20]Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии Конститутсия ва қонунҳо. Душанбе, 2010. С 17-29

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top