Эмомалӣ Раҳмон – ҷоннисори сулҳи тоҷикон

Бинанда: 410 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2023

 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб баргузор гашт ва дар он шахсияте, ки тамоми ҳастияшро барои пешрафти давлату миллат бахшидааст, ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки ин шахс фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯзҳо бо ифтихор метавонем, ки зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллату давлат, кору фаъолият ва зиндагии осуда намоем. Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии нави тоҷикон ташаккул ёфта, ба ин васила тарзи идоракунии давлати президентӣ дар кишвар ба вуҷуд омад, бо бартарию хусусиятҳои хоси худ дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосаро касб намудааст.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад. Қаҳрамони миллати тоҷик  Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 офтоби дурахшони фараҳманде бар сари халқе, ки аз ранҷ хаста шудаву ба ояндаи дурахшон ва аз зиндагӣ умеде надошт, нурпошӣ намуд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шуданашон ҳамчун як роҳбари ҷавон дар як баромади кутоҳи  пурмазмуну умедворкунандаи худ чунин гуфта буданд: “Тамоми донишу таҷрибаамро баҳри таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакат сафарбар мекунам, ба Конститутсия, Нишону Парчам ва халқ содиқ мемонам, ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам. Мо бояд ҳама чун ёру бародар бошем, то ки кишвари азизамонро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ дорем”. Ва имрӯз низ ӯ ба ин суханони худ содиқ аст. Маҳз барои ҳамин халқ ӯро дӯст медорад ва дастгирӣ мекунад.

Барои ноил шудан ба мақсадҳои неки худ ва малҳам шудан ба дарди ҳар як фарзанди миллати тоҷик, ки дилашон аз ҷабри ғарибӣ реш шуда буд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чандин борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карда, бо иродаи қавӣ ваъда дода буданд: «Ман намегузорам, то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар азоби ғарибӣ бубинад, ҳатто агар лозим ояд ҷони худро нисор месозам!» ва «То як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд». Сарвари давлат ба ин суханҳои худ вафо карда, мардуми ғамзадаро аз ғурбат раҳо намуданд.

Аҳмадшоҳи Масъуд дар робита ба ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сулҳ чунин гуфта буд: «Ба давлати шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед!».

Ҳамаи дастовардҳои халқи сарбаланди тоҷик аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва бо шарофати ин санаи таърихӣ давлату миллат аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфта, тамомияти арзии он ҳамчун давлати ягона ҳифз гардид, аркони асосии сиёсиву идорӣ ва давлатдории миллӣ дубора эҳё шуд.

Самараҳои Иҷлосия хеле зиёданд, аз он ҷумла баргардонидани беш аз як миллион гуреза, қабули қонуну қарорҳои наҷотдиҳандаи миллат, раҳоии мамлакат аз муҳосираи сиёсиву иқтисодӣ, барқарорсозии харобиҳои ҷанг, ба сулҳу ваҳдат расонидани миллати пароканда ва амалӣ намудани ормонҳои нуҳуфтаи халқи тоҷик бо талошу корнамоиҳои бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Барқарор гардидани сулҳи тоҷикон, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоиҳои беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Имрӯз тоҷикон ба шарофати ҳидоят ва роҳнамоии сарвари хирадманди хеш Эмомалӣ Раҳмон мақом ва рисолати худро дар дунёи муосир пайдо намуда, дар ҷодаи шинохти оламу оламиён гомҳои устувор гузоштанд, дарҳои пӯшида ва марзҳои бастаи худро ба истиқболи дӯстони дерин ва ҳамёрони навин боз карданд. Дар замони муосир тоҷикон бо ҳифзи ҳувияти миллӣ ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардида, овози тоҷик ва забони ширину шевои тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо медиҳад, иқдомот ва ибтикороти Роҳбари давлат дар доираҳои бонуфуз ва муътабари сиёсати ҷаҳонӣ мавриди эътироф ва шоёни таҳсин қарор гирифтааст.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан ҳам таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз ба туфайли заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамбастагии мардуми кишва муяссар гардидааст.

 

Омӯзгори литсейи ДДТТ

Ғафуров Равшан

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top