ТАЪСИСИ НИҲОДИ (ИНСТИТУТИ) ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ

Бинанда: 344 | Санаи нашр: 10 Ноябр 2023
Бахши аввал...
 
Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки дар низоми давлатдории аксари мамлакатҳои ҷаҳон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ риштаи президентӣ чун яке аз намудҳои сардори давлат маъмул буда, таърихи беш аз дусадсола дорад . Тавре маълум аст, истилоҳи "президент" аз забони лотинӣ «Ргаеsidens» гирифта шуда, маънои таҳтуллафзии «дар пеш нишаста»-ро дорад . Аз ин истилоҳ бармеояд, ки «дар силсиламаротиби соҳибмансабони давлатӣ президент мансабдори аввал ё худ роҳбари олии кишвар ҳисоб меёбад» . Амалияи мазмуни муайяншударо нахуст дар таҷрибаи давлатдории беш аз дусадсолаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бараъло вохӯрдан мумкин аст . Таъсиси мансаби президент бо шакли раёсати ҷумҳуриявӣ тавъам буда, дар таҷрибаи давлатдории сатҳи ҷаҳонӣ таърихи худро касб мекунад.
Дар адабиёти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ақидаҳои ҷолиби диққат оид ба падидаи президентӣ фикру мулоҳизаҳои зиёде мавҷуданд. Барои мисол Б.П.Елисеев ниҳоди президентиро ҳамчун ниҳоди ҳуқуқии интегратсионӣ муайян менамояд, ки мақсадаш аз ҳамоҳангсозии фаъолияти институтҳои ҳокимияти давлатӣ иборат аст .
Мутахассиси соҳаи идораи давлатӣ Х.О. Ойев қайд мекунад, ки падидаи “Президент” нахустзамина ва асоси бунёдии ташаккули ҳокимияти иҷроия дар низоми ҳокимияти давлатӣ мебошад .
Ба маънои дигар А.С. Чесноков қайд менамояд, ки ниҳоди президентӣ низоми меъёрҳои конститутсионие мебошад, ки аз рӯи мазмун ва хусусият муайянкунандаи мақоми хуқуқии сарвари интихобшудаи давлат, танзимкунандаи вазъи он дар низоми мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки тартиби интихоб, таъин ва аз вазифа озод намуданро пешбинӣ менамояд .
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар сохтори идоракунии амалияи ҷумҳуриҳои Аврупо аз ибтидо ҷараёни ташаккулёбии ҳокимияти иҷроия аз рӯи қолаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузаронида шуд. Дар марҳилаи аввали давлатдории Амрико таваҷҷуҳ на танҳо ба ҳокимияти қонунгузорӣ, балки ҳокимияти иҷроия ва мақомоти намояндагӣ – Конгресси Континенталӣ равона шуда буд. То он вақт сарвари давлати яккаҳукмрон пешбинӣ нашуда буд. Бинобар ин Конгресс аз ҳисоби аъзоёни худ президентро интихоб менамуд, ки вазифаи он бо салоҳияти раисӣ кардан дар маҷлисҳо маҳдуд мешуд. Тибқи андешаи мутахассисони соҳаи давлатшиносӣ зуҳури вожаи «президент» ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ аз таъсиси расмии ИМА чун давлатӣ мустақил хеле пеш ба вуқуъ омадааст .
Бо мурури замон сиёсатмадорони Амрико фаъолияти Конгрессро таҳлилу баррасӣ намуда, ба хулоса омаданд, ки зарурати таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузорӣ ва иҷроия ба вуҷуд омадааст. Намояндагони конвенти конститутсионӣ, ки соли 1778 дар Филаделфия барои қабули Конститутсияи Федералии ИМА ҷамъ омаданд, интихоби таърихиро байни ҳукумати идоракунии монархӣ ва ҷумҳуриявиро матраҳ намуданд. Аксарияти амрикоиҳо, ки бо ҳокимияти монархии Бритониё хотима бахшида буданд, зиддӣ ташкили ҳокимияти иҷроия дар шахсияти монарх буданд, гарчанде доираи салоҳиятҳояш маҳдуд буд. Дар доираи ташаккули ин шакли ҳокимияти давлатӣ ба конвент шакли ҷумҳуриявӣ тавсия шуд, ки интихоб шудани шахсиятҳои мансабдорро пешбинӣ менамуд .
Баъди музокираҳои зиёд таҳиягарони конститутсияи амрикоӣ бартариятро ба ҷорӣ кардани ниҳоди президентӣ доданд,пешниҳод ва тасдиқ намуданд, ки тибқи он ҳокимият дар салоҳияти идораи як шахси мансабдор, на ин ки якчанд нафар бошад . Ҳамин тавр, баъди таъсиси ҳокимияти иҷроияи федералии ИМА сараввал усули яккасардорӣ тасдиқ ва ҷорӣ шуд. Дар таърихи давлатдории ҷаҳон бори аввал мансаби президент чун мансаби давлатӣ дар ИМА соли 1787 ҳангоми қабули Конститутсияи ин кишвар таъсис дода шуд . Чунин номгузорӣ шудани сардори давлат на танҳо бо он робита дошт, ки президент дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ муттаҳид шуда буд, балки дар аксарияти иёлотҳои (штатҳо) Амрико низ роҳбарии ҳокимияти иҷроияро на ин ки губернатор, балки президент ба уҳда дошт .
Ҳамин тавр, ИМА нахустин давлате дар ҷаҳон буд, ки мансаби президент дар он ҷо ба вуҷуд омад, ки дар шахсияти як нафар сардори давлат ва сардори ҳокимияти иҷроияро муттаҳид менамуд . Бояд қайд кард, ки дар арсаи давлатдории ҷаҳонӣ аввалин президент ходими давлатии амрикоӣ доҳии он падар-асосгузори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Д. Вашингтон мебошад. Ӯ ҳамчунин сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ва қумандони иштирокчии ҷанг дар даврони ба даст овардани истиқлолияти Амрико ва асосгузори ниҳоди амрикоии президентӣ дар солҳои 1789-1797 ба ҳисоб меравад . Ғайр аз ин, маҳз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими низоми давлатдории сиёсӣ ба вуҷуд омад.Дар фарқият аз дигар давлатҳои он вақта,ки ҳокимияти иҷроияашон дар якҷоягӣ хусусияти подшоҳӣ ва меросӣ дошт, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сардори давлатро дар рафти интихоботи умумираъйӣ интихоб менамуданд, ки ин таҷриба то имрӯз роиҷ аст.
Минбаъд дар оғози асри XIX аввалин давлатҳое, ки ба низоми муқарраршудаи президентӣ, дар давлатдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд, давлатҳои Америкаи Лотинӣ ба ҳисоб мерафтанд. Баъдан бо таъсири қудратнокии ҳамсарҳадони шимолӣ дар бисёр давлатҳои Амрикои ҷанубӣ низ мансаби президент таъсис дода шуд.
Дар Аврупо мансаби президент соли 1848 дар ду кишвари қитъа Фаронса ва Швейтсария таъсис дода шуд . Дар як қатор мамлакатҳои аврупоӣ низоми идоракунии парлумонӣ ё кабинетӣ тасдиқ карда шуда буд, ки дар он подшоҳ ҳамчун сардори давлат ҳисобида мешуд, аммо ҳокимияти иҷроия аз тарафи сарвазир ё ин ки девони вазирон амалӣ карда мешуд. Дар ин ҳангом ҳукумат дар назди мақомоти қонунгузор ҷавобгар ба ҳисоб мерафт. То охири асри ХIХ дар дигар давлатҳои Аврупо (Осиё ва Африқо) падидаи президентӣ бартарият пайдо накарда, давлатдории подшоҳӣ амалӣ мегардид.
Дар асри ХХ инқилобҳо, ҷангҳои ҷаҳонӣ, барҳамхурии империяҳо ба ташкили давлатҳои соҳибихтиёр оварда расонд. На ҳамаи давлатҳои он вақта ҷумҳуриҳои президентӣ шуданд, аммо дар бештари онҳо мансаби президентӣ дар давлат таъсис дода шуда буд .
Дар Аврупо баъди хотимаи ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Австрия, Ҷумҳурии Веймар, Чехословакия, Полша, Эстония, Литва, Латвия, Туркия мансаби президент таъсис дода шуда, президент ҳамчун шахси мансабдори олӣ маҳсуб меёфт. Дар солҳои 30-40 асри ХХ ниҳоди президентӣ дар манотиқи Шарқи наздик ва Осиё низ зуҳур намуд, ки ин тарҳро Филиппин, Сурия, Лубнон ҷонибдорӣ намуданд. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба шумораи давлатҳое, ки президент сардорӣ менамуд, Итолиё, Юнон, Португалия, Исландия ва Малта дохил шуданд. Сонитар дар давлатҳои кураи қораи (қитъаи)Осиё мансаби президентро дар Кореяи Ҷанубӣ, Ветнами Ҷанубӣ, Тайван, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Ироқ, Эрон , Афғонистон қабул доштанд .
Аммо аз ҳама бештар шакли идоракунии президентӣ дар Африко паҳн шуда буд. Ин тарҳ (ниҳод) дар охири солхои 50-ум ва аввали солхои 60-уми асри ХХ ибтидо гирифта буд, ки айни ҳол қариб дар тамоми давлатҳои африқоӣ президент сардори давлат мебошад. Бояд қайд кард, ки мансаби президентӣ на танҳо дар давлатҳои капиталистӣ ва тараққиёфта, балки ба давлатҳои собиқ (лагерӣ) сотсиалистӣ ба монанди Ҷумҳурии Федеративи Сотсиалистии Югославия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Руминия, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Куриё таъсири худро гузошт.
Таҳлили таҷрибаи мамолики хориҷии шакли ҷумҳуриявӣ дошта аз он шаҳодат медиҳад, ки дар амалия шаклҳои гуногуни мавқеи ниҳоди президент дар низоми идоракунии ҳокимияти давлатӣ ва мушаххасан дар тамос бо ҳокимияти иҷроия созмон ёфтаанд; президент-сардори давлат (масалан, Олмон); (президент -сардори ва ҳокимияти иҷроия; (масалан, ИМА); президент-сардори давлат ва роҳбари воқеии ҳукумати кишвар (масалан, Фаронса). Дар ҳар се тарҳи номбурда президент чун сардори давлат тавсиф меёбад, вале фарқияти муайянкунанда дар нақши президент мавриди тамос бо ҳокимияти иҷроия зоҳир мегардад.
Шаклҳои маъмули ниҳоди президентро ба ибораи дигар шартан модели аврупоӣ, амрикоӣ ва фаронсавӣ номидан мумкин аст .
Бояд қайд кард, ки аввалин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин самт «Низомномаи Вирҷиния» аз соли 1618 ба ҳисоб меравад, ки анъанҳои муборизаи дуру дарози мардуми англисро барои озодиҳои сиёсӣ таҷассум намуд .
Аммо аз нуқтаи назари тавсифи конститутсионӣ як гурӯҳ олимони соҳа, аз ҷумла дар кишвари Россия сарварони давлатро дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба чор гурӯҳ ҷудо намудаанд. Масалан дар Россия, Украина, Молдавия, Белорусия президент ҳамчун сарвари давлат мебошад. Лекин, дар Озорбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон онҳо на танҳо ҳамчун сарвари давлат, инчунин (роҳбари) ҳокимияти иҷроия низ ҳисобида мешаванд, ки бевосита дар Конститусияҳои ин кишварҳо (чунин салоҳият)мустаҳкам шудаанд .
Тағйироти асосие, ки дар арсаи ҷаҳонӣ дар охири солҳои 1980-ум (дар асоси бозсозиҳои Горбачёв) ба вуҷуд омада буд, ба тараққиёти минбаъдаи ниҳоди президентӣ асос гузошт. Қариб, ки дар тамоми ҷумҳуриҳои (ИҶШС)СССР, Ҷумҳурии федеративии сотсиалистии Югославия (ғайр аз Босния ва Герсеговина), инчунин Чехия ва Словакия мансаби президент ташкил дода шуда буд. Муғулистон низ мансаби президентро дар давлатдории худ ҷорӣ намуд.
Имрӯзҳо (мансаби) президент қисми ҷудонашавандаи низоми сиёсии давлатҳои зиёди қитъаҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад.Ҳар як давлати (президенти), аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол мустақилона муайян менамояд, ки мувофиқи конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ ниҳоди президент кадом нақшро дар ҳаёти сиёсии давлат мебозад.
Масалан ба андешаи Б.Ҳ Раззоқов, ки дар ин самт рисолаи аввалинро оиди ниҳоди президентӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон навиштаанд «Дар шуури одатӣ президент чун мансабдори аввали давлат қабул шудааст, ки нуфузу обрӯи махсус ва воситаҳои пурзӯри ҳокимиятӣ дар ихтиёр дорад» . Дар ҳақиқат ба андешаи муаллиф розӣ шудан мантиқист, зеро таҷрибаи давлатдории имрӯза гувоҳӣ медиҳад, ки дар аксари мамлакатҳои ҳамҷавор дар шуури одатиашон мансаби мазкурро дар қатори силсиламаротиби соҳибмансабони давлатӣ ҳамчун мансаби олии интихобии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Аксарияти донишмандон бар он ақидаанд, ки давлатҳои аз лиҳози марзиву ҳудудӣ калонро танҳо ба воситаи низоми идоракунии президентӣ идора кардан самараноктар аст. Дар зимн (мисоли) давлатҳои бузурги ҷаҳонӣ: ИМА (масоҳаташ 9,3 млн. м.м) ва Бразилия (8,5 млн. м.м.) шакли идоракунии президентӣ доранд, аммо дар Канада (9,9 млн. м.м.) ва Австралия (7,7 млн. м.м.) шакли идоракунии парламентӣ амал менамояд. Дар Ҷумхурии Мардумии Чин (9,6 млн. м.м.) бошад дар шароити низоми яккаҳизбӣ расман усули идоракунии коллективии давлат эълон карда шудааст .
Ба андеши муҳаққиқи рус Н.А. Сахаров, баъзе давлатҳои начандон бузург, ба монанди, Кипр, Гондурас, Уругвай, Бенин, Малавӣ, Гамбия ва ғайра. дар худ низоми идоракунии президентиро муқаррар кардаанд, аммо давлатҳои бузурги аврупоӣ ба монанди Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Испания, Шветсия, Италия ҷумҳурии парламентарӣ ё ин ки подшоҳӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамин тариқ, вобастагии мустақим байни ҳаҷми ҳудуди ин ё он давлатҳо ва интихоби низоми идоракунии онҳо вуҷуд надорад, аммо қайд кардан бомаврид аст, ки давлатҳои бузург ба ҳокимияти давлатии пуррқудрат ниёз доранд .
Маъмулан вазифаи сардори давлат дар тамоми шаклҳои идоракунӣ мавҷуд аст. Дар давлатҳои монархӣ – монархияи меросӣ, дар ҷумҳуриявӣ – президенти интихобшуда. Қайд кардан ба маврид аст, ки идоракунии давлат ба шахси мансабдоре, ки бо тартиби меъёрҳои конститутсионӣ, устуворӣ ва муттасилии сохти ҳокимият, инчунин намояндагии олиро дар муносибатҳои байналхалқӣ таъмин менамояд, ниёз дорад. Сардори давлат, ки одатан дорои салоҳиятҳои васеъ дар мувофиқа бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ аст, ҳамчун нишонаи давлат ва намояндаи асосии халқ баромад менамояд. Сардори давлат барои мустаҳкам намудани ҳокимияти давлатӣ, бо роҳи конститутсионӣ таъмин намудани ҳалли тамоми масъалаҳои буҳронӣ ва низоъ байни мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври раъйдиҳӣ интихоб карда шудааст .
Ҳамин тариқ, ниҳоди президентиро дар мамакатҳои хориҷӣ ба панҷ навъ ё намуд ҷудо намудан мумкин аст:
1. президенти якка;
2.президенти коллегиалӣ (президентураи ҳайатӣ);
3. президентураи мураккаб (сохторӣ);
4. президентураи бифетсиалӣ (дусардорӣ);
5.президентураи баробарҳуқуқӣ, ки дар як давлат – Ҷумҳурии Сан Марино вуҷуд дорад .
Дар шаклҳои гуногуни идоракунии давлатӣ салоҳияти сардори давлат хусусияти нобаробарӣ доранд . Дар шакли идоракунии ҷумҳурӣ вобаста аз мувофиқати ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, инчунин, новобаста аз он ки кадом мақом ва кадом нақшро дар рафти фаъолияти онҳо президент мебозад, парламент ва ҳукумат чун анъана ба ҷумҳуриҳои президентӣ ва парлумонӣ ҷудо мешаванд. Барои мисол, Россия ва Амрико ҷумҳурии президентӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷумҳурии президентӣ ҳокимияти иҷроия, ташаккулёбӣ, мавқеъ, фаъолият ва ҷавобгарии он возеҳан аз ҳокимияти қонунгузор ҷудо мешаванд, аммо робитаи байни ин ду шохаи ҳокимияти давлатӣ аз низоми худидории дутарафа ва мутақобила асос мегиранд.
Ҷумҳурии парлумонӣ як шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ мебошад, ки нақши асосӣ дар амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ва ташкили мақомотҳои он ба дӯши парламент ҳамчун ҳокимияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ вогузор карда шудааст . Президент дар ин намуди идоракунӣ бештари вақт аз тарафи парламент (дар мисоли Юнон, Туркия, Лубнон, Чехия ва ғ.) ё ин ки дар маҷлиси васеъ, ки намояндагони федератсияро ба худ дохил менамоянд, интихоб карда мешавад. Аммо дар он гуна ҳолатҳое, ки Президент бевосита аз тарафи халқ ва на аз тарафи парламент таъин мешавад, салоҳиятҳои он маҳдуд мешавад, ки бевосита ҳокимияти иҷроия аз тарафи ҳукумат амалӣ карда мешавад.
Ҷумҳурии нимпрезидентӣ ё худ омехта дар илми давлатшиносии мамлакатҳои хориҷӣ на ҳамчун шакли мустақили идоракунӣ, балки ҳамчун шакли гузаранда ё ба шакли идоракунии президентӣ ва ё ба шакли идоракунии парламентӣ баррасӣ мегардад. Таҷрибаи амалии ҷумҳурии президентӣ дар як қатор мамлакатҳо, пеш аз ҳама дар Фаронса мавҷуд аст, ба ҳуқуқшиноси фаронсавӣ мутахассиси соҳаи давлатшиносии Фаронса М. Дюверже имкон дод, ки дар бораи мустақилона вуҷуд доштани ин шакли идоракунӣ хулоса барорад ва ин фикри ӯ оҳиста-оҳиста эътирофи умумро соҳиб гардид .
Мавриди қайд аст, ки сатҳи начандон назарраси нақши ниҳоди президент дар намуди ҷумҳуриҳои парламентӣ (Олмон, Италия) мушоҳида карда мешаванд. Аммо агар ҳамагуна давлат шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ (ИМА) ё ин ки нимпрезидентиро (Фаронса) интихоб намояд, пас ин маъно дорад, ки давлат бо роҳи ташкил додани ҳокимияти ҷумҳурии президентии тавоно ва пурқудрат рафта истодааст. Ин ҳокимият метавонад бевосита бо ҳокимияти иҷроия якҷоя шуда, онро таҳти роҳбарии худ қарор диҳад (ИМА) ва ё ин ки берун аз ҳукумати асосӣ истад .
Тавре ки аз Конститутсияи ИМА бармеояд, дар ИМА шахси мансабдори олӣ, ки салоҳиятҳои якҷояи сардори давлат ва сардори ҳукуматро амалӣ менамояд, президенти ИМА мебошад. Таҳлили таҷрибаи давлатдорӣ гувоҳи он аст, ки амалияи хориҷӣ шаҳодати хоси аҳамияти ниҳоди президентӣ дар ҳаёти сиёсии давлат мебошад . Бояд қайд кард, ки салоҳиятҳои ба уҳдадоштаи Президент ба ӯ имконият медиҳад, ки ба ҷараёни ҷамъиятӣ-сиёсии дар давлат мавҷуда, таъсир расонад. Дар давлатҳои демократӣ президент кафили устувории пояҳои низоми конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Дар мувофиқа бо мақоми хос ва салоҳиятҳои президент, бар дӯши ӯ ҷавобгарии махсус барои нигоҳ доштани қонуният ва некӯаҳволии халқ вогузор шудааст.
Агар ба таҷрибаи давлатдорӣ ва таъсиси ниҳоди президентӣ дар Федератсияи Россия диққат диҳем, мебинем, ки ин ниҳод дар таҷрибаи давлатдории русҳо низ навтаъсис аст ва таърихи на беш аз 30- сола дорад. «Таи солҳои ҳокимияти шӯравӣ риштаи президентӣ инкор мегардид. Дар адабиёти ҳуқуқии шӯравӣ он чун зуҳуроти сирф буржуазӣ, ифодакунандаи манфиатҳои синфи ҳукмрон ва умуман, барои сохти сотсиалистӣ бегона маънидод мегашт. Ин ҷо сабаби дигар ҳам ҷой дошт. Риштаи президентӣ мантиқан ба низоми шӯравӣ, ки ба таълимот дар бораи пураҳокимиятии Шӯроҳо асос ёфта буд, мувофиқат намекард. Таълимоти номбурда, ки тавъамсозии ҳокимияти қонунгузорӣ ва фаъолияти иҷроиявиро таъкид дошт, ба принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ки яке аз ифодаи он мавҷудияти мансаби президент мебошад, мухолифат менамуд” . Аммо ба ҳамаи зидиятҳои назарӣ ва тарҳӣ нигоҳ накарда, дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ масоили ниҳоди президентӣ на як бор пайдо шудааст. Масалан ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи дуюми ИҶШС соли 1936 раиси Раёсати (Президиуми) Шӯрои Олии ИҶШС-ро тамоми аҳолӣ интихоб намояд .
Ин пешниҳодро И.В. Сталин (роҳбари ҳамонвақтаи ҳизбӣ) қатъан рад намуда, ишора ба он менамояд, ки мансабдори яккасардори расмӣ чун президент ба сохти сотсиалистӣ тамоман бегона аст .
Бори дуюм дар таърихи ИҶШС масъалаи ҷорӣ намудани мансаби президент ба ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта рост меомад. Маротибаи дуюм худи роҳбарияти ҳизбию ҳукуматии Шӯравӣ Раёсати Шӯрои Олиро ҳамчун президенти коллегиалӣ тавсиф менамуданд.
Аслан қадами аввалин дар роҳи таъсиси мансаби президентӣ баъди эълони сиёсати бозсозӣ гузошта шуд. Аз соли 1990 Анҷумани сеюми вакилони халқии ИҶШС Қонунро “Дар бораи таъсиси мансаби президенти ИҶШС ва даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ИҶШС” қабул намуд. Бояд қайд кард, ки тибқи моддаи 127 –уми Конститутсияи ИҶШС Президентӣ ИҶШС ҳамчун сардори давлат тавсиф мегардид .
Ҳамин тавр дар Россия ва дигар давлатҳои Шӯравии собиқ ниҳоди президентӣ аз соли 1991 ҷорӣ аст. Новобаста аз ин аллакай 27 ноябри соли 1989 академик А. Сахаров ба намояндаи комиссияи Конститутсионӣ М.С. Горбачев лоиҳаи Конститутсияҳои ҷумҳуриҳои СССР-ро супурда буд, ки моддаҳои 35 ва 36 он ба ниҳоди президентӣ дар СССР бахшида шуда буд. Аммо ин Конститутсия қабул нашуд .
Қарор дар бораи ворид намудани ниҳоди мазкур дар низоми давлатдории Россия дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки моҳи апрели соли 1991 гузаронида шуда буд, қабул шуд, ки 12 июни худи ҳамон сол ба мансаби президент Б.Н. Елсин бо овоздиҳии умумихалқӣ интихоб гардид .
Бояд қайд кард, ки ворид намудани ниҳоди президентӣ дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ бевосита ба дигаргун кардани низоми ҳокимияти давлатӣ, шакли ташкили идоракунии ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, ки ба ҳокимияти ягонаи Шӯрои депутатҳои халқӣ дар сатҳи гуногун асос меёбанд, робита дорад.
Дар баробари ин хусусиятҳои хоси шакли идоракунии ҷумҳуриявиро дар солхои 90-уми асри ХХ дар Россия бояд ба назар гирифт .
Зеро дар ибтидо инкишофи ниҳоди пештараи президентӣ моҳиятан аз ниҳоди президентии муосир фарқ дошт. Дар ибтидо он бо мақсади барқарори маъруфияти ҳокимияти давлатӣ, мустаҳкам ва таъмин намудани риояи қонунҳо дар мамлакат ташкил карда шуда буд.
Қонун «Дар бораи Президенти ҶСФСР» (27 апрели соли 1991) ҳамагӣ аз 11 модда иборат буда, баъзе аз меъёрҳои қонуни мазкур шабоҳатан бо қонунҳои дигар амал менамоянд, аммо меъёрҳои дигарашон қувваи қонуниашонро гум намудаанд. Дар қонуни мазкур Президент ҳамчун шахси мансабдори воло ва сардори ҳокимияти иҷроияи ҶСФСР тавсиф дода шуда буд. .
Ҳамин тавр, вазъи ҳуқуқии президент дар ду қисмати асосӣ таҷассум ёфта буд, яъне: президент дар як вақт сардори давлат ва сардори ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб мерафт. Аммо дар ин шакл ниҳоди президентӣ тӯлонӣ амал накард. Буҳрони конститутсионӣ, ки бо ҳодисаҳои 3-4 октябри соли 1993 анҷомид ба қабули Конститутсияи нав оварда расонд, ки вазъи ҳуқуқӣ ва салоҳиятҳои Президентро дигаргуна муайян намуд. Қонун «Дар бораи Президенти ҶСФСР» бинобар сабаби мухолифи меъёрҳои Конститутсия буданаш, бо Қарори Президент беэътибор дониста шуд ва дар амалия татбиқ нагардид .
Конститутсияи соли 1993 дар Россия низоми нави ҳокимияти мақомоти давлатиро муайян намуда, шакли амрикоии ҷумҳурии президентӣ, ки президент дар симои як шахс ҳам сардори давлат ва ҳам сардори ҳукумат ба ҳисоб мерафт, рад карда шуд. Интихоб ба манфиати шакл ва тарҳи фаронсавӣ, яъне омехта- ҷумҳурии нимпрезидентӣ карда шуд, ки вазифаҳои гуногун байни ду шахсони мансабдор, яке сардори давлат ва дигаре сардори ҳукумат Сарвазир вуҷуд дорад. Ин тарҳ дар Россия имрӯз роиҷ аст, ки сардори давлат Президент ва сардори Ҳукумат Сарвазир ба ҳисоб меравад .
Дар дилхоҳ давлат бори аввал таъсис ва таҷриба кардани ниҳоди президентӣ комёбии беназир дар таҷрибаи давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин гуна ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи давлатдории Федератсияи Россия навгонии беназир буда, таҳлили он дар низоми ҳокимияти давлатии Россия як самти фаъоли соҳаи тадқиқоти давлатӣ-ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамин тавр, истилоҳи «президент» таърихан бо шакли раёсати ҷумҳуриявӣ алоқаманд буда, аз мавқеи махсуси он дар низоми идораи давлатӣ дарак медиҳад. Вазъи ҳуқуқии президент дар ҳама кишварҳо бевосита дар меъёрҳои конститутсионӣ мустаҳкам шуда, фаъолияти мансабдори олии давлатиро ифода мекунад.
Зуҳури ҳуқуқии ниҳоди президент ҳамчун мансаби давлатӣ бо шакли раёсати (идораи) ҷумҳуриявӣ алоқаманд буда, унсури ҷудонашавандаи ин низоми давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Дигар аломати тавсифдиҳандаи истилоҳи “президент” ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб шудани он мебошад. Аслан ин мансаб таъинӣ нест, балки тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб мегардад. Ба андешаи мо президент дар силсиламаротиби соҳибмансабони интихобии давлатӣ, мансабдори олии интихобии давлат ба шумор меравад. Хулосаи таҳлили вазъи ҳуқуқии президент дар давлатҳои шакли раёсати ҷумҳурӣ гувоҳи он аст, ки дар бештари ҳолатҳо он хислати яккасардорӣ дошта, аз ҷониби шаҳрванди давлат ишғол мегардад. Таҳлили адабиёти ҳуқуқӣ-сиёсӣ нишон медиҳанд, ки донишмандон баъзан дар рафти ҷамъбасти таҷрибаи ҷаҳонии (идораи) сохтмони давлатӣ ба фаъолияти «президенти дастаҷамъӣ» натиҷабардорӣ намудаанд. Ҳодисаи истисноӣ будани президенти дастаҷамъи ва ифоданок набудани хусусияти мансаби президентиро В.Е. Чиркин дар асари таълифнамудаи худ собит сохтааст . Иштибоҳ дар ин маврид аз он сар мезанад, ки мафҳумҳои президент ва сардори давлат тобиши ташкилӣ-ҳуқуқӣ ҳаммаъно эътироф мегарданд. Ин ҳолатро шартан қабул кардан мумкин аст. Чунки президент як шакли сардори давлат, мушаххасан ба ҳайси яккасардорӣ он баромад менамояд.
Ҷанбаи дигаре, ки ба муайянияти назариявӣ ниёз дорад, бо таносуби мафҳумҳои «ниҳоди (институти) президент» ва «ниҳоди президентӣ» вобаста аст. Президент мансабдори яккасардор эътироф ёбад ҳам, барои мусоидат ба амалисозии салоҳиятҳои он теъдоди сохторҳои ташкилӣ фаъолият мебаранд . Аз ин лиҳоз, агар мафҳуми «ниҳоди президент» маҷмӯи меъёрҳои конститутсионӣ-ҳуқуқиро нисбати таъсис, фаъолияти мансаби президентро фаро гирад ибораи «ниҳоди президентӣ» мазмуни васеътар дорад ва дарбаргирандаи маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбати шаклу сохторҳои ташкилӣ ба фаъолияти президент мусоидаткунанда аст.
Ҳамин тавр, андешаи як қатор муаллифони ватанӣ, бахусус Б.Ҳ. Раззоқовро мо низ ҷонибдорӣ намуда, ба хулосае омадем, ки дар ҳақиқат «зуҳури ниҳоди мазкур дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ бо рукни иҷроияи ҳокимияти давлатӣ алоқаманд буда, тадриҷан то иҷрои вазифаҳои ҳамоҳангсозӣ ва баъзан, ҳатто то доварӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, ифодаи ягонагии давлат ва ваҳдати миллӣ таҳаввул намудааст» .Ва то таъсиси созмони расмии ниҳоди мазкур дар давлатҳои алоҳида тавре дар боло қайд кардем, бо тарзу қолабҳои гуногун арзи ҳастӣ кардааст.
 
Адабиётҳои истифодашуда:
1. Раззоқов Б.Ҳ. Ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастури илмӣ-методӣ. Душанбе: «Ирфон». 2006 С .49-56
2. Сахаров Н.А. Институт президентства в современном мире. М:
3. Энциклопедический юридический словарь. М., 1997.С. 244.,
4. Наботов С.Х. Правовые аспекты компетенции глав государств Российской Федерации и Республики Таджикистан: сравнительно правовой анализ. Актуальные проблемы современной юридической науки:материалы научно-практической конференции. 19 декабря 2013г. Новосибирск / НОУ ВПО Центросоюза РФ «СибУПК». –Новосибирск, 2014.- 158с.,
5. Большой юридический словарь (электронный ресурс).- Режим доступа:// www/ info- Law/ru/dic/htm.
6. Елисеев Б.П. Институт Президента РФ.- М.: Юридическая литература, 1992., 7. Конджакулян К.М. Сущность института президентства в Российской Федерации и Республике Армения в контексте исполнительной власти // Конституционное и муниципальное право. 2011. N .10. С. 13 - 16.
7. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии Конститутсия ва қонунҳо. Душанбе, 244. С.30-44
8. Чесноков А.С. Президент и правительство: модель взаимодействия при осуществлении государственной власти в Российской Федерации. М.: РГТЭУ, 2005. С. 143 - 144.
9. Пугачева В.П. Введение в политологию: Словарь-справочник. Под ред. М.: Аспект, Пресс, 1996. С.199.
10. Соединенные Штаты Америки: Конститутсия и зоконодательные акты: Пре.с анг.Под ред. Жидкова О.А. М.,1993. С.35
11. Сахаров Н.А. Институт президентства в современном мире. - М: Юридическая литература, 1994. - С.7.
12.Ковешников Марченко Е.М., Стешенко М.Н., Л.А Конституционное право стран Содружества Независимых Государств. Учебник для вузов. М НОРМА-Инфра М, 1999. - С.206
13. Раззоқов Б.Ҳ. Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон- сарвари ҳокимияти иҷроия. Душанбе «Ирфон», 2010. С.212
14. Енгибарян Р.В., Тадевосян Э.В. Конституционное право. Москва, Юрист, 2000г. С. 181-183
15. Чиркин В Е Глава государства сравнительно – правовое исследование. НОРМА ИНФРА-М Москва, 2010 . 170.с.
16. Енгибарян Р.В., Тадевосян Э.В. Конституционное право. Москва, Юрист, 2000г. С. 181-183
17. Окуньков Л.А. Президент Российской Федерации. Конституция и политическая практика. Москва: Изд. группа ИНФРА-М-НОРМА, 1996г. С. 241
18. Холхуҷаев З.И.Ҳуқуқи конститусионии (давлатии) мамлакатҳои хориҷӣ воситаи таъимӣ: нашриёти «Озар» Душанбе, 2013. С.86-96.
19. Дегтев Г.В. Становление и развитие института президентства в России: теоретико-правовые и конституционные основы. М: Проспект, 2006. С. 79
20. Конджакулян К.М. Сущность института президентства в Российской Федерации и Республике Армения в контексте исполнительной власти // Конституционное и муниципальное право. 2010. N 10, С. 13 - 16.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top