ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Бинанда: 478 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2023

Шаклу сохтори сиёсии давлат, арзишҳои меҳварии ҷомеа ва сатҳи тараққиёти низоми сиёсии ҳар давлатро маҳз аз моҳияти Конститутсияи он муайян мекунанд. Яъне, Конститутсия шиносномаи ҳар миллат ва ҳуҷҷати муаррификунандаи моҳияту ҳувияти ҳар давлат мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Конститутсияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии пойдори худро дорад. Мувофиқи таҳлили коршиносони муътабари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил аст. Он меъёрҳои муосиртарини сохторӣ ва арзишии низоми демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро фаро мегирад. Ин аст, ки мо дар арсаи байналмилалӣ бо ин пояи устувори давлатдорӣ - Конститутсияи мукаммали худ ифтихор менамоем.
Барои соҳиб шудан ба ин шиносномаи пурифтихор миллат ва давлати мо роҳи басе душвор ва печидаро тай намуд, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар сафи пеши ин талошу муборизаи таърихии миллат Пешвои муаззами тоҷикон, абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон меистод.
Корномаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳуми конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошт. Ба ибораи дигар, қонунписандӣ ва конститутсионализм аз ибтидо меҳвари тафаккури сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медоданд, ки батадриҷ ба мазмуни фаъолият ва мактаби сиёсӣ табдил ёфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба сари давлат омад, ки Конститутсияи Тоҷикистон на танҳо ба як санади бетаъсир, балки ба бозичаи дасти гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ табдил ёфта буд. Қариб дар ҳар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон чанд банди Конститутсия ба манфиати ин ё он гурӯҳ тағйир дода мешуд. Танҳо дар давоми соли 1992 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Муҳиммияти ин масъаларо ба инобат гирифта, Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки: «Бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардад». Аз ин сабаб, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сиёсӣ ва давлатии худро маҳз аз омода намудани лоиҳаи Конститутсия оғоз намуд.
Бояд гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли бисёр шаффоф ва демократӣ ба роҳ монд. Мувофиқи Конститутсияи то соли 1994 амалкунанда, Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳуқуқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро доро буд, вале Эмомалӣ Раҳмон ба таҳия ва муҳокимаи умумихалқии Конститутсия ва қабули он ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ — референдум таъкид намуд. Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамуд, ки дар Конститутсияи нав бояд пешниҳоди мардум ва орзуву омоли ҳар як қишри ҷомеаи кишвар ба назар гирифта шавад.
Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, нақши мардум дар ин раванд ба нақши марказӣ ва муайянкунанда табдил ёфт ва бори аввал ба маънои томи ин ибора «конститутсияи мардумӣ» таҳия ва қабул шуд. Моҳияти комилан халқӣ будани ин санад, пеш аз ҳама, дар он ифода меёфт, ки матни он аз муҳокимаи васеи умумихалқӣ гузашт, дар он маҳз халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият эътироф гашт ва салоҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз парламент бевосита ба ихтиёри худи халқ гузошта шуд. Яъне, ба ин восита, Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти Конститутсияро ба ихтиёри соҳиби асосии давлат, — халқи Тоҷикистон вогузор намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат дар шаклгирии мазмун ва меъёрҳои усулии Конститутсия саҳми таърихӣ дошт. Масалан, матни моддаи якуми Конститутсия, ки тамоми мазмун ва моҳияти давлатдории миллии моро ифода мекунад, бевосита аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шудааст. Он меъёрҳои усулие, ки дар ин модда сабт шудаанд, ҳанӯз дар аввалин суханронии Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми интихобаш ба ҳайси Роҳбари Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд садо дода буданд. Маҳз дар он лаҳзаи таърихӣ бо қатъият эълон карда буд, ки ҷонибдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.
Яке аз меъёрҳои бунёдии дигаре, ки дар раванди таҳияи Конститутсияи навини Тоҷикистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, дар сатҳи Конститутсия ҳифз шудани моҳияти иҷтимоии давлат буд. Аз ин ҷост, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи мафҳуми «давлати иҷтимоӣ» ҳуқуқҳои бунёдии аҳолӣ барои дастрасӣ ба таҳсил, хизматрасонии тиббии ройгон, ҳимояи иҷтимоии қишрҳои осебпазир ва ғайра ҳифз шудааст. Ин нукта низ мавқеи халқпарварона ва мардумдӯстона доштани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба таври равшан нишон медиҳад.
Ҳамин тавр, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Конститутсияи навини миллӣ ислоҳоти амиқи қонунгузорӣ сурат гирифт. Дар як давраи кӯтоҳ, дар заминаи Конститутсияи кишвар чандин қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷонибаю дуҷониба ва қонунҳои соҳавӣ қабул шуда, санадҳои меъёрии вазифаҳои давравии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шуданд. Ба ин восита, модели давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Конститутсия қабул шуда буд, дар низоми қонунгузории кишвар пурра татбиқ гардид.
Мавриди зикр аст, ки зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як раванди бисёр муҳим ва мураккаби таърихӣ, яъне ислоҳоти амиқи конститутсионӣ ва миллишавии низоми ҳуқуқии кишвар ба пуррагӣ анҷом ёфт. Бо ин хидмати бузурги таърихии худ Эмомалӣ Раҳмон ба давлатдории миллии мо моҳият ва ҳастии ҳуқуқӣ бахшида, шакли ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун кишвари аз назари ҳуқуқӣ мустақил ба вуҷуд овард.
Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории миллии мо на танҳо ҳамчун ташаббускори қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ба унвони татбиқкунандаи амалии ин санади таърихӣ низ шинохта мешавад. Албатта, қабули чунин Конститутсияи мукаммал кори осон набуд, аммо дар амал татбиқ кардани он вазифаи боз ҳам душвортар буд.
Бояд қайд кард, ки ҳатто кишварҳои пешрафта барои татбиқи амалии ин аслҳои давлати дунявӣ ва демократии ҳуқуқбунёд даҳсолаҳо ва садсолаҳоро сарф намуда буданд, аммо Тоҷикистон ин марҳиларо дар фурсати кӯтоҳ тай намуд, ки натиҷаи заҳмат, талош ва ҷасорати махсуси Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз мафҳумҳое чун волоияти қонун, давлати дунявии демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, моликияти хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, матбуоти озоду мустақил, парлумони касбӣ, судҳои дахлнопазир ва ғайра, ки башарият онҳоро дар тӯли асрҳо ба даст овардааст, барои ҷомеаи мо мафҳумҳои бисёр ошно ва маъмулӣ шудаанд. Пас, метавон хулоса намуд, ки аз назари татбиқи амалии меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ, кишвари мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳиши беназири таърихиро анҷом додааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бевосита роҳбарӣ карда, дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои он саҳми бевосита гузошта, ислоҳоти сарнавиштсози конститутсиониро ҷасурона пеш бурда, бо фаъолияти пурсамари худ татбиқи амалии ин санади таърихиро таъмин намудааст.
Ҳамин тариқ, нақш, хидмат ва симои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва модели муосири давлатдории миллии тоҷикон пеши назар зоҳир мегардад.

Ёкубзода Муҳаммадҷон Ёқуб - сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top