Шоҳқонуни Тоҷикистони соҳибистиқлол

Бинанда: 530 | Санаи нашр: 30 Октябр 2023

Шоҳқонуни Тоҷикистони соҳибистиқлол

 

 Шоҳқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол Конститутсияи он буда, қонуни асосии давлат ба шумор меравад.

 Конститутсия дар низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб аст. Ин хусусияти Конститутсия дар моддаи 10 он чунин қайд гардидааст: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти воқеӣ ҳамчун омили мускаҳкамкунандаи тамоми низоми ҳуқуқӣ ва ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ баромад мекунад, зеро он асосҳои сохти давлатӣ ва ҷомеаро муқаррар менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги  давлати соҳибистиқлол ва миллати тоҷик аст, зеро
он соҳибихтиёрии комилро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин менамояд.

Фаромӯш набояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ   пас аз барҳам хӯрдани ин давлати пурқудрат ва эълони Эъломияи соҳибихтиёрӣ   ба қабули Конститутсияи нав эҳтиёҷ пайдо намуд. Акнун ҷомеа арзишҳои демократия, волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иқтисоди бозорӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар падидаҳоро дар мадди назар гирифта, барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду ягона ва ҷомеаи шаҳрвандӣ камари ҳиммат баст. Ин буд, ки аввалин маротиба дар таърихи мавҷудияти хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи худро ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

Ба ҳама маълум аст, ки Конститутсияи мо дар инкишофи мамлакат нақши муҳим бозидааст. Баъди истиқлолияти кишвар ва амали мустақилона кишвари мо рӯз то рӯз барои бунёди ҷомеаи нав, ҳаёти озодона таҷриба зарурӣ гирифта истодааст.

Конститутсияи кишвари мо  аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1966), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966), Эъломияи соҳибихтиёрии ҶШСТ (соли 1990) ва дигар санадҳо сарчашма гирифтааст. 

Яке аз бартариятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки   ҳуқуқу озодиҳои  дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аксгардидаро  пурра пешбинӣ намудааст.

  Бо назардошти ҳамаи ин,  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки  аз тарафи Тоҷикистон эътироф  гардидааст, мақоми аввал дода, онҳоро аз қонунҳои ҷумҳурӣ боло мегузорад. Он сарчашмаи асосии  тамоми соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шумор меравад.

Бо қабули Конститутсияи соли 1994 давраи нав дар ҳаёти кишвари мо оғоз гардида, баҳри пойдор намудани  арзишҳои демократӣ нақши муҳим бозид. Вазифаи аввалиндараҷаи он дар тафаккури омма ҷой додани иқтисоди бозорӣ ва ташаббускории хусусии шаҳрвандон мебошад.

 Конститутсияи кишвари мо муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Мавзуъҳои танзими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳое мебошанд, ки ба асосҳои сохтори ҷомеа ва давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ ва дигар масъалаҳо вобаста мебошанд. Албатта, барои ҳал намудани тамоми масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин намудани устувории сиёсӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ зарур аст.

 Агар дар Конститутсияҳои собиқ давлатҳои сотсиалистӣ мафкураи қувваҳои сиёсии ҳукмрон ва таъсири он ба ҷамъият инъикос ёфта бошанд, Конститутсияи муосири Тоҷикистон дар ҷамъият устувор гаштани мафкураи иқтисоди бозорӣ, моликияти хусусӣ, волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, демократия ва гуногунандешии сиёсиро пешбинӣ мекунад.

 Дар ҳақиқат, аввалин маротиба дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боби алоҳида ҷудо карда шудааст. Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ дошта, эътироф, риоя ва ҳифзи он аз тарафи давлат амалӣ  мегардад. Дар ин маврид давлат ҳамчун кафили таъмини онҳо амал мекунад.

 Бинобар арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқи инсон дар ҷомеа  пеш аз ҳама манфиати инсон ба эътибор гирифта шудааст, яъне манфиати инсон дар шароити имрӯза аз манфиатҳои ҷомеа ва давлат боло гузошта шудааст. Тамоми арзишу неъматҳо  аз инсон боло буда наметавонанд, ҳама чиз барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона мегардад.

Ҳамин тариқ, боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Боби мазкур моддаҳои 14 - 47-ро дар бар мегирад,  ки  аз се як ҳиссаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

Бояд зикр кард, кард ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеа аст, аз ин сабаб дар дар бобҳои дигари  Конститутсия низ меъёрҳои махсус ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудаанд. Масалан, дар моддаи 5 боби 1 омадааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.  Дар моддаи 64 боби 4 гуфта шудааст, ки Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрвандро ҳифз менамояд, қайд гардидааст дар моддаи 84 боби 8).

Вобаста ба пайдарҳамии ҷойгиршавии ҳуқуқҳои инсон дар Сарқонун аввал ҳуқуқҳои шахсӣ ҷойгир шудаанд, баъдан ҳуқуқҳои сиёсӣ ва дар охир ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ омадаанд. Чунин тартиб бори аввал дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст, зеро дар Конститутсияҳои даврони шуравӣ пеш аз ҳама ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шуда, баъд ҳуқуқҳои шахсию сиёсӣ оварда мешуд.

Бояд қайд намуд, ки як қисми асосии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд на фақат ҳуқуқу озодӣ, инчунин, вазифаҳои асосии вай низ мебошад.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи  ҳуқуқҳои шахсӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро кафолат дода, тибқи моддаи 42 ҳар як шаҳрвандро уҳдадор намудааст, ки Конститутсия ва дигар қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Ҳифзи табиат   ва набототи он, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки аз асрҳои  гузашта, то ба давраи мо омода расидаанд ва шоҳили ёдбуди аҷдодону гузаштагони моянд, вазифаи ҳар як шахс аст. Супоридани андоз, боҷ, ҷарима ва дигар пардохтҳо, ки қонунҳои амалкунандаи давлат ҷорӣ кардаанд, бояд иҷро карда шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри инкишофи мамлакат нақши муҳим бозидааст. Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо туфайли Қонуни асосӣ, ки дар он ғояҳои сохтмони давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешбинӣ гардидаанд, ба даст омадаанд.

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқии инкишофёбанда мебошад. Меъёрҳои Конститутсия мустаҳкам буда, тағйирёбии он аз тағйирёбии сохтори ҷамъият ва давлат вобаста аст, аз ин рӯ тартиби даровардани тағйиру иловаҳо ба он маҳдуд карда шудааст.

 Конститутсияи Тоҷикистон  дар ҳақиқат ифодагари манфиатҳои ҷомеа ва ҳар як узви он мебошад. Он аз сабаби тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва баҳри  мураттабгардонии сохтори  идоракунии давлатӣ   ба он се маротиба:26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016  ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо дохил карда шуданд.

 Ҳар як фарди ҷомеа дар баробари риоя ва иҷро намудани Конститутсия бояд аз мазмуни он бархурдор бошанд.  Донистани меъёрҳои Конститутсия маърифати ҳуқуқии шахсро баланд бардошта, масъулияти ӯро баҳри эҳтироми Ватан, қонун ва дигар арзишҳои миллӣ зиёд мегардонад.

 Конститутсия ҳамчун шоҳқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарчашмаи асосии қонунгузории кишвар моро водор месозад, ки онро эҳтиром карда,  дар ҳаёт татбиқ намоем.

 Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои ташкили давлати саҳибистиқлол, мустаҳкамии сиёсати дохилию берунии мамлакат замина гузоштааст. Он ҳуҷҷати раҳнамои давлати соҳибистиқлоламон аст, ки    роҳи минбаъдаи тараққиёти давлати моро муайян месозад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи мо ганҷу сарвати бебаҳо аст:

Шоҳи қонунҳо Сарқонун бошад,

Кишвари моро чун сутун бошад.

Баҳри халқи мо ганҷу сарват аст,

Тоҷи   қонунҳо баҳри миллат аст,

Аз истиқлол он нишона бошад,

Қонуни хуби замона бошад.

Чун кӯҳи Помир поянда бошад,

Чун моҳи тобон тобанда бошад.

Мулки азизам, ту бахтиёрӣ,

Шодем аз он ки Шаҳқонун дорӣ.

 

Маҳмадхонов Т. - н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

                    

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top