МЕҲАНПАРВАРИЮ ВАТАНДӮСТӢ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ МЕБОШАД

Бинанда: 443 | Санаи нашр: 28 Октябр 2023

МЕҲАНПАРВАРИЮ ВАТАНДӮСТӢ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ МЕБОШАД

Эй Ватан, гавҳораи дерини аҷдодони ман,

Покии рӯҳ, покии ҷон, покии виҷдони ман.

Х.Ҷалил

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бояд ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошанд.

Дар ҷавонон тарбия намудани ҳисси меҳанпарварию ватандӯстӣ ба пойдор ва ташаккулёбии шахсияте, ки дорои хислатҳои шаҳрвандию меҳанпарварӣ мебошад, таъсири мусбат мерасонад.

Дар даҳсолаҳои охир дар байни бархе аз ҷавонон арзишҳои ахлоқию иҷтимоӣ аз байн рафта, таваҷҷуҳ ба таърих коҳиш ёфта, асли ниёгони худ фаромӯш шуда истодааст. Махсусан ташвишовар дар он аст, ки насли омма, хосатан ҷавонон бо рафторҳои ношоиставу хурофотӣ тарбия ёфта истодаанд.

Ватандӯстӣ чист? Ба ақидаи аксарияти олимони, ин - садоқат ба Ватан, хизмати бепоёни шаҳрвандон ба Ватани худ аст. Тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа, оила ва мактабҳои таҳсилоти миёнаю олӣ мебошад.

Имрӯзҳо вазифаи муҳими ҳар яки мо ин тарбияи ватандӯстонаи донишҷӯён мебошад, ки дар замири онҳо бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан бо омодагӣ ба амалӣ намудани мавқеи шаҳрвандӣ ва ӯҳдадориҳои конститутсионӣ оид ба ҳифзу ҳимояи манфиатҳои Ватан мебошад. Тарбияи ватандӯстӣ комилан ба ҳама маҳалу миллатҳо аҳамияти хос мебошад.

Ба мақсад мувофиқ аст, ки мавзӯъҳои ватандӯстӣ дар риштаҳои таъриху ҷомеашиносӣ дар мактабу донишгоҳҳо омода карда, дар тарбияи ватандӯстии хонандагон бештар истифода шаванд. Масалан, оид ба мавзӯи ватандӯстӣ конференсияҳою семинарҳо, чорабиниҳои мавзӯӣ бештар гузаронда шаванд. Барои осон гардонидани кори омӯзгорону донишҷӯён дар китобхонаҳо адабиёти тавсиявии пандомез ва дигар манбаъҳои таълимӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Аз китобхонаю осорхонаҳо ва иттиҳодияҳое, ки дар онҳо маводҳои таълимиву тарбиявӣ оид ба таърихи давлату миллат ва инкишофи ахлоқу маданияти он нигоҳ дошта мешаванд, дидан хуб аст. Дониши дар ин замина ҳосилшуда сарчашмаи ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ақида ва эътиқоди ҷавонон мебошад.

Ҳисси ватандустӣ ба шарте ташаккул меёбад, ки фанҳои омухташуда бо манфиатҳои амалии донишҷӯён, яъне мутахассисони оянда дуруст нақшагирӣ шуда бошанд. Натанҳо дарсҳои тарбиявӣ, ҳатто машғулиятҳои тахассусӣ низ бояд ҷиҳати тарбиявӣ дошта, донишҷӯёнро барои донистани муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, оид ба эҳтироми арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ даъват намоянд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азизи мо чун шоира  У.Шукурова гуфта тавонад, ки

Ман бимирам аз бароят эй Ватан,

Мекунам ҷонам фидоят эй Ватан.

Санги хороят бароям гавҳар аст,

Ман бигирям аз бароят эй Ватан.

 

 

 

Урунова С.А.

мудири шуъбаи МИСТ, н.и.и.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top