Рушди иқтисоди миллӣ дар асоси барномаи ҲХДТ ва ваҳдати миллӣ

Бинанда: 420 | Санаи нашр: 16 Октябр 2023

Рушди иқтисоди миллӣ дар асоси барномаи ҲХДТ ва ваҳдати миллӣ

 

Ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, байналмилаӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ таҳавуллоти бузургро ба миён овард.

Олимони соҳаи иқтисодӣ ва сиёсатшиносӣ, инчунин олимони соҳаи таърих маълум намуданд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонд. Аз ҷониби дигар, гусасташавии риштаҳои ҳамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ дар ин давра ба ҳадди ниҳоии худ расида сатҳи камбизоатӣ 80%-ро ташкил дод. Мавриди зикр аст, ки татбиќи барномаҳои миёнамўҳлат ва дарозмўҳлат имконият фароҳам овард, ки  дараҷаи сатҳи камбизоатиро бошиддат паст намуд яъне ба 26% расид, ки натиҷаи ислоҳоти иќтисодию иҷтимоии кишвар буд. Натиҷаи ислоҳоти тандурусти он аст, ки ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар  68 фоиз табибонро бонувон -  занон ташкил медиҳанд.

Ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон:

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ,

раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад. Яъне ин ҳадафҳо ҳамчун таъминкунандаи рушди устувори иқтисоди милли ба ҳисоб мераванд.

Дар баробари ин, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ низоми ягонаи иқтисодии он кишвар низ аз байн рафт, ки мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро барои Тоҷикистони тозаистиқлол ба бор овард. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар, хосатан соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайраро фаро гирифт. Баъд аз он, ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, байналмилаӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ ба миён омад.

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ. Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз барои истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард.

Роҳбари давлат дар Паёми худ ба парлумони кишвар зикр намуд, ки таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз Стратегияи миллии рушди иқтисодиёт то соли 2030 бармеоянд, ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста буда, дар ин самт бояд вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:

  1. Бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат;
  2. Бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика;
  3. Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми се соли оянда пурра бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар чор соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори ҳадафҳои стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад. Натиҷаҳо аз он гувоҳи медиҳанд, ки 10000 км. роҳҳо, зиёда аз 18 ва таъмири ҳазорҳо километр роҳҳои аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ дошта ба анҷом расонида шуд.

Самтҳои дигари муҳими стратегии таъмини рушди иқтисодиёти миллиро Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуда буданд, ки дар ин самт низ дар ҷумҳурӣ ба дастовардҳоинамоёни назаррас ноил гаштем. Бунёд ва азнавсозии роҳҳои Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма – Қарақурум, Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб, нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон, Чормағзак, роҳҳои Душанбе - Нуробод - Ҷиргатол – Саритош, Айнӣ –Панҷакент, Душанбе –Турсунзода аз ҷумлаи тадбирҳои анҷомдода дар ин самт мебошанд. Тавре аз таҳлили мутахассисон бармеояд, дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шудаанд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ. Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.

Саноатикунонии босуръати кишвар. Барои расидан ба ин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро, таҳти назорати қатъӣ қарор додааст, ки дар Паёми соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудан, ки Тоҷикистон давра ба давра аз давлати аграри ба саноати гузаронида шавад .

Бо мақсади ноил шудан ба рушди иқтисодӣ миллӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ Пешвои миллат сиёсати “дарҳои кушод” ва рушди ҳамгироии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки Тоҷикистон 157 давлат аст, ки дохил шудааст. Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монданд, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 144 кишвари дунё робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ барқарор карда шуданд, ки барқарор намудани ин ҳамкориҳо ба дастёбии соҳибкорони кишвар ба бозорҳои берунӣ, зиёд шудани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Яке аз самтҳои дигари муҳими таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ ин истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз мавҷуд будани иқтидори бузурги истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ Пешвои миллат ба амалисозии тарҳҳои муҳим дар соҳаи энергетика шуруъ намуданд, ки муҳимтарини онҳо нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, нерӯгоҳи Роғун ва садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мебошанд.

Дар Паёми соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, байналмилаӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати хоса доданд, ки яке аз тӯҳфаҳои мо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таҳлили бахшҳои алоҳидаи Стратегияи миллии рушди иқтисодиёт то соли 2030, ки ба фаъолияти 30 солаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  алоқамандӣ дорад, бори дигар собит менамояд, ки маҳз бо кӯшиш ва талошҳои ватандӯстонаи Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ  Ватани мо ба қатори кишварҳои дорои иқтисодиёти рӯ ба инкишоф шомил ва хушбахтона, дар ҷомеа ваҳдати миллӣ, суботу амнияти сиёсӣ ва сулҳи сартосарӣ комилан пойдор гардидааст.

                                                 Хулоса

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷику тоҷикистони нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор асгардид.  Хулоса, мо чун як фарзандони бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболем ва ифтихор метавонем гӯем. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзандифарзонаи  ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ мебошанд.

 “Мову шумо бояд якнуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқад- дас дорем ва дар ҷаҳон моро  бо  номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷи-кистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд” Эмомалӣ Раҳмон. Албатта, имрӯз ба мо хуб маълум аст, ки миллатҳои мутамаддин, бахусус давлатҳои мусалмони арабӣ ба васоили ҷангҳои даҳшатнок ва харобиовар ҳамдигарро мекӯбанд, манзилҳои маскунӣ ва шаҳрҳоро вайрон месозанд, одамони бегуноҳро ба таври дастаҷамъӣ ба қатл мерасонанд. Тифлони маъсум ва занону пирамардонро қурбонӣ менамоянд, ҳазор-ҳазор нафарро бе ҳеҷ имконоте овораю  саргардон месозанд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

 

Ҳусенов Бойалӣ Алиевич н.и.п. дотсент мудири шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва рушди касбият ДДТТ

Фозилова Гуланор Фозиловна мутахассиси шӯъбаи таҷрибаомўзӣ ва рушди касбият ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top