Соҳибкорӣ ва нақши он дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар

Бинанда: 580 | Санаи нашр: 16 Октябр 2023

Соҳибкорӣ ва нақши он дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар

Мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ

н.и.и. Алимов К.К.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 14 октябр иди касбӣ  рузи соҳибкорӣ эълон гардида, ҳамасола дар кишвар қайд мегардад.

Албатта, соҳибкорӣ  заҳмати зиёд, масъулият, маҳорат  ва истеъдоди баландро талаб менамояд.

Боиси зикр аст, ки имруз соҳибкорӣ  омили муҳими  рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа яке аз нақшҳои асосиро мебозад.

Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорони кишвар дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии ватани азизамон назаррас мебошад.

Дар доираи дастгирии давлатии соҳибкорӣ, имрўз аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор барнома ва воситаҳои гуногуни дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ гардида истодааст. Баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мараторий қабул карда шуд, ки бевосита метавонад ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар замина гузорад. Давлат пайваста санадҳои меъёрию ҳуқуқиро баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ такмил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 30 фоиз расонида шавад.

«Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 тасдиқ шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои соҳавӣ, амалӣ гардида истодаанд. Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.

Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок ва тақвият бахшидан ба истеҳсолот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд, ки дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад.

Аз ин рӯ, рӯз то рӯз дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди рушд амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ - саноатӣ ба индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд.

«Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд ба 30 фоиз расонида шуда, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ҳамеша барои инкишоф ва рушди соҳаи саноат баҳри густариш бахшидан ба истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ба соҳаи саноат мавриди таваҷҷӯҳи махсуси қарор дода шудааст.

Хушбахтона солҳои охир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ як қатор корхонаҳои саноатии пуриқтидор ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар рафти саноаткунонии кишварамон саҳми беандозаи худро гузоштаистоданд.

Захираю имкониятҳои Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ зиёданд.

Аз ин лиҳоз, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон, соҳибкорон ва қобилияти идоракунии кадрҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳои баландихтисос омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадафҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани мораторийи дусола ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои рушди соҳаи саноат ва таъсири бевоситаи он ба бахшҳои дигари иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид мегузорад.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.

То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Боварии комил дорам, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташаббус ва кушишҳои соҳибкорон, шумораи соҳибкорони муввафақ зиёд гардида, бахши мазкур минбаъд низ рушд карда барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат замина бунёд намуда, кишварро ба давлати саноатӣ - аграрии пешрафта мубаддал мегардонад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top