Омӯзгор ва мақоми он дар ҷомеа

Бинанда: 873 | Санаи нашр: 03 Октябр 2023

Омӯзгор ва мақоми он дар ҷомеа

Имруз дар арафаи иди касбии омӯзгор, ки дар саросари кишвари соҳибистиқлоли мо ҷашн гирифта мешавад, як бори дигар  ба таъриху тамаддуни ниёгони мардуми тоҷик таваҷҷуҳ мефармоем ва мебинем, ки масъалаи илму маърифат ҳамеша аз масъалаҳои аввали тамаддуни рӯзмарраи мо будааст. Халқи тамаддунофари мо ҳамеша захираи бузурги илмомӯзӣ ва фарҳангдӯстӣ доштааст ва бешак, дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши нобиғагони ин миллат  хеле барҷаста аст.

Аз ин лиҳоз, саҳми устоду омӯзгор, ки дар ҳар давру замон интиқолдиҳандаи илму дониш будааст, барои рушди ҷомеа хеле муҳим будааст.

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

- фармудаст устод Абуабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти классикии тоҷик ва яке аз саромадони  шеъру шоирони дунё. Калима МУАЛЛИМ аслан вожаи арабӣ буда, аз решаи “илм” баромадааст ва маънияш ҳам  шахсест илму донишро ба дигарон мерасонад ва меросдори асосии илму маърифат аст. Муаллим, устод, омзӯгор, мураббӣ  - ҳама калимаҳои ҳамсангу ҳамммаъно ҳастанд ва омӯзгор, ки калимаи аслан тоҷикӣ аст, он шахси хирад, аст, ки донишро ба дигарон меомӯзонад, яъне машъалбардори илму маърифат аст.

Имрӯзҳо, ки халқи тоҷик соҳиби истиқлол шудаасту сарбаландона бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи худро месозад, нақши устодону омӯзгорон боз ҳам баландтар мешавад ва талабот низ аз онҳо дучанд мегардад.

Бубинед, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, ки охири соли гузашта, яъне 23- юми декабри соли 2022 ба Парлумони кишвар ироя гардид, ин вазифаю мақом ва афкоре, ки дар боло гуфтем, чӣ гуна дарҷ шудааст ва бо иқтибоси он як дафъаи дигар мегӯем, ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки овардаанд:

“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.

Аз ин рӯ,  омӯзгорону устодони имрӯзаи моро зарур аст, ки ҳамеша меҳнат намоянд ва шогирдони худро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва ҳалолкорӣ тарбия намоянд то ба ин мақоми баланд  сазовор бошанд.

Исматуллоев И.У. н.и.и., дотсенти

кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top