Омӯзгор ва саҳми мондагори ӯ дар такмили шахсият!

Бинанда: 485 | Санаи нашр: 03 Октябр 2023

Омӯзгор ва саҳми мондагори ӯ дар такмили шахсият!

ба ифтихори рӯзи омӯзгор

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони аҷам, ҷони ману ҷони шумо.

Аллома Муҳаммад Иқбол

 

Вақте, ки кас ин мисраъҳоро мехонад бемуҳобо вориди олами мешавад, ки дар он шамъи доиммафрӯз омӯзгорро мебинад. Ӯ бо заковати воло, фаровони маънавӣ, фикронии амиқу мусалсал ва мантиқӣ, кулвори фақерона ва дарвешонааш тамоми ҳастӣ ва донишу хирадро баҳри омӯзиш тарбия ва рушди олами маънавии ҷомеа равона намудааст. Ӯ шукуҳу шаҳомат намехоҳад, танҳо ва танҳо баҳри омӯзиш ва омӯзонидан, такмили дониши худу шогирдонаш камар бастаааст ва бемуҳобо муваффақияти худро дар мисоли шогирдонаш мебинад.

Дили поку самимии омӯзгор ва заҳмату меҳнати холисонаи ӯ барои ҳар якеи мо бояд нишонаи ибрат бошад. Шаҳомату бузургии омӯзгорро ҳеҷ шахсе то кунун натавонистааст ба қадри кофи тасвир намояд.

Дар ҳақиқат, омӯзгорӣ касби пурифтихор аст. Омӯзгор шахсест, ки тамоми ҷомеа аз малакаю маҳорат ва кордониаш бо боварӣ фарзандони худро барои такмили донишашон назди ӯ мегузоранд ва боварӣ менамоянд, ки ояндаи фарзандонашон дурахшон аст.

Бояд мавриди назар намуд, ки саҳми омӯзгор на танҳо дар омода намудани мутахассисони соҳибтахассуси ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ, рушди соҳаи маориф ва комёбиву дастовардҳои шогирдон, балки тарбия ва мафкурасозии онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба ватану модар ва миллати хеш боқӣ хоҳад монд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки муаллим, омӯзгор - ибораҳоеанд, ки барои башарият ошно ва муқаддас мебошад. Зери ин калимаҳои бузург омузандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат, мафкурасози насли ояндасоз таҷассум меёбад. Омӯзгор шамъи доимафрӯзест ва базаргкулворест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омухта, уро ба воя мерасонад. Бояд ба ин гуфтаи бузургон иқрор шуд, ки омӯзгор шахсияти бузургест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро ба омӯхтани олами маънӣ раҳнамун менамояд.

 

Бемурабӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Мози навро гашта – гашта чарх оламгир кард.

 

Декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат

н.и.и., дотсент Мухторзода С.С.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top