Ҷалолуддини Балхӣ оид ба нақши забон дар ташаккули ҳуввияти миллӣ (бахшида ба Рӯзи Ҷалолуддини Балхӣ)

Бинанда: 346 | Санаи нашр: 02 Октябр 2023

Забон, ки  арзиши  ҷовидонӣ мебошад,   чун гавҳари бебаҳо эҳтиёт кардани он қарзи ҳар кадоми мост.” Барои он, ки номи миллат дар саҳифаҳои таърихи башарӣ ҷовидон бошад, миллат бояд чароғи роҳнамои худшиносиву худафрӯзии худ, яъне забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин арзиши миллӣ ба наслҳои оянда поку беолоиш ва равону ширин ба мерос гузорад”

Барҳақ, офарандаи забони миллӣ худи миллат буда, дар баробари ташаккул ёфтани он пайдо мешавад ва баъдтар ҳамчун ҳадди ниҳоии тафаккури миллӣ хизмат мекунад. Қисми зиёди ҷанбаҳои ҳаёт, ки моро ҳамроҳӣ мекунанд-зиндагӣ, иқлим, дин, шакли давлатдорӣ ва қонунҳо, расму анъанаҳои миллӣ аз худи миллат метавонанд то дараҷае дур бошанд, аммо танҳо забон аст, ки дар шакли зинда дар мафкураи миллат вуҷуд дорад. Тамоми хусусият ва хулқу атвори миллат маҳз дар забон бозтоби худро меёбад, ин аст, ки ҳангоми муошират  фардият аз байн меравад. Ягонагии забон ва инкишофи бемайлони он яке аз аломатҳои асосии миллат мебошад.Танҳо забони адабӣ, ки ҳамчун воситаи мухобираи як ҷомеаи мустақили забонӣ мебошад, мардумро дар таркиби як воҳиди маъмурӣ, як кишвар муттаҳид месозад.

Донишмандон ба чунин натиҷа расидаанд ва ҳақиқати бебаҳс ҳам ҳаст, ки забон на танҳо ҳамчун василаи баёни фикру андеша ва муоширати байниҳамдигарии одамон аст, балки дар ташаккули ҳуввияти миллӣ ва бедории фикрии соҳибзабонон низ нақши калидӣ дорад.

 К. Олимов ба чунин назар аст: «Неруҳое, ки роҳи ифротгароӣ ва ба бероҳагӣ сафарбар кардани инсонро ба воситаи ҷангҳо, ифротгароӣ, терроризм, радикализми динӣ ва ғайра пеш гирифтаанд ҳавасманди аз моҳияти худ бегона шудани инсонҳо буда, амалан ба ташаккули ҳисси худшиносии воқеии дар заминаи илмӣ қарор доштани миллатҳо ҳар гуна монеаҳо эҷод мекунанд»

         Бояд бо ифтихор қайд намоям, ки тамоми пажӯҳандагони рӯзгор ва осори Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ чи ватанию чи хориҷӣ ба натиҷае  расидаанд, ки эҷодиёти Мавлавӣ ба муҳтавою маънии шеъру адаби асримиёнагии тоҷику форс бӯйи тозаи бунёдӣ овард, хоса бо истифода аз нерӯю тавонмандии забон дар ангеза додан ва ташаккули ҳуввияти миллӣ.  Беасос нест, ки ӯро нобиғаи назми тоҷикӣ-порсӣ гуфтаанд, ки касе мадраки инкорашро надорад.

“Ба қавли олими Эрон Мазоҳир Мусаффо,- менависанд муаллифони асари “Мавлавии Рум хуб бидонад арӯз”,- “Девони Мавлавӣ”яке аз чаҳор сутуни адабиёти форсист, яъне  якҷоя бо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Куллиёт”-и Саъдӣ ва “Девон”-и Ҳофиз, ки ҳар кадом аз тоифаи нобиғагони шеъру адабанд”.

Мирзозода Х. ба шарқшинос Смела, ки дар муқаддимаи тарҷумаи «Гулистон» менигорад, ҳамраъй аст, ки ҳамзамон тақвияти суханҳои болост: “Агар мо ба эҷодиёти Саъдӣ таваҷҷуҳ кунем, бармеояд, ки Саъдӣ дар гуфтани шеърҳои ҷангӣ (эпикӣ) пасттар аз Фирдавсӣ, дар лирика камтар аз Ҳофиз, дар мистика камтар аз Ҷалолиддини Румист, вале дар идроку тафриқаи зиндагии  замонааш, бешубҳа аз ҳамаи онҳо болотар аст” (3, 77) . Манзур ҳамон чор сутуни адабиёти форсист.

Агар ҳангоми  омӯзиш, таҳқиқ ва тадқиқ  ба умқи осори бекарони то замони мо расидаи Мавлавӣ  ворид шавем, бешакку тардид дархоҳем ёфт ва иқрор ҳам хоҳем шуд, ки ӯ ба кадом навъи адабие, ки даст зада бошад, ҳатман ба тозакорӣ ва кашфиёт ноил шудааст.

Бартарии Ҳазрати Мавлавиро адабиётшиносон  Урватулло Тоиров, Мирзо Солеҳов, Барот Латифов дар баробари дигар донишмандону эътиқодмандон ба ”донистани урфу одати халқ, таърихи он, адабиёти шифоҳии мардум, шеваю лаҳҷаҳо ва ба хусус, мақолу зарбулмасалҳо, луғоту таъбирот, фарҳангу маънавиёти мардумӣ” рабт додаанд, ки ҳақиқати маҳз аст ва ӯ аз ин ганҷи шойгони халқи тоҷик ба ҳадде устодона кор гирифтааст, ки дар чунин поя ва устодӣ то ба даврони мутафаккир, дар даврони ин нобиға  ва пас аз вай ҳам касе натавониста бо ӯ ҳампанҷагӣ бикунад.

 

Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур,

номзади илмҳои филология, дотсенти

кафедраи забонҳои ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top