Самтҳои асосии мукаммалгардонии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 368 | Санаи нашр: 27 Сентябр 2023

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, қуллаҳои баланди кӯҳӣ, обҳои мусаффову шифобахш ва табиати нотакрори худро барои ҷалби бештари сайёҳон истифода бурда истодааст.

Сайёҳӣ симои мамлакат буда, одамон дар хориҷи кишвар давлатро пеш аз ҳама аз рӯи имиҷи он ҳамчун мавзеи сайёҳӣ дар асоси гуфтугӯ бо сайёҳон мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фаррох барои худро ба ҷаҳониён тавассути гузоштани таассуроти нек ба сайёҳон муаррифӣ намояд. Истилоҳи туризм аз калимаифрансавии “tour” гирифта шуда, маънояшгардишгарӣ, сайр ё гаштугузор намуданмебошад.

Сайёҳӣ – шуғле мебошад, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути саёҳат (тур) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимӣ ба роҳ мемонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ буда, мероси бойи таърихию фарҳангӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дорад. Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт имкониятҳо фароҳам меоарад.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти зарурати рушди инфрасохтори деҳот солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуда буд.

Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: “Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад”.

Ақидаи ташкил ва фурӯши лоиҳаҳои сайёҳӣ, ки ҳатто дар навбати аввал фоидаи имконпазир намеорад, метавонад ба рушди сайёҳӣ вусъат намуда, барои фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ ва рушди даромадҳои аҳолӣ мусоидат намояд. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва муҳими хизматрасонӣ ба ҳисоб рафта, шакл ва механизмҳои муосири хизматрасониҳои мизоҷонро тақозо мекунад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ корхонаҳои саноати сайёҳӣ ҳарчи бештар зарурияти таҳияи молу хизматрасониҳои навро дарк карда истодаанд. Муайян ва қонеъ гардонидани талаботҳои инсонӣ ва ҷамъиятӣ яке аз вазифаҳои муҳими маркетинги инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.

Ширкатҳои сайёҳӣ бо мақсади васеъ намудани бозори фурӯши маҳсулот ва хизматарсониҳои сайёҳии худ бояд фаъолияти маркетингии худро дуруст ба роҳ монанд. Маркетинг ҷанбаи асосии стратегия ба ҳисоб рафта, аз қисмҳои таҳқиқоти бозор, реклама, ба роҳ мондани фурӯш ва нигоҳ доштани тамос бо муштариён иборат аст. Пеш аз оғози дилхоҳ фаъолияти маркетингӣ бояд муайян кард, ки он ба кӣ равона карда шуда, мақсади асосӣ аз чӣ иборат аст. Маркетинг аз таҳқиқоти бозор оғоз мешавад. Таҳқиқоти бозор метавонад мураккаб ва серхарҷ бошад ва ё метавонад супориши нисбатан оддӣ бошад. Чи қадаре, ки воситаҳо бештар ҷалб шаванд, ҳамон қадар сифат баланд мешавад, аммо новобаста аз ин, раванди тадқиқот дар маҷмӯъ якхела мебошад.

Ҳадафи асосии ширкатҳои сайёҳӣ дар шароити рақобат тоб овардан ва миқдори зиёди мизоҷонро ҷалб намудан мебошад. Маҳз тавассути инноватсия имконият аст, ки инро ба даст оварем.

Ҷадвали 1.

Рӯйхати иншоотҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Номгӯйи иншоот

1.

Меҳмонхонаҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел)

2.

Осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо

3.

Марказҳои хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ)

4.

Нуқтаҳои хизматрасонии маҷмӯии сарироҳӣ (мотел)

5.

Боғҳои фарҳангию фароғатӣ

6.

Мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо,

иншооти таърихӣ)

7.

Инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ

8.

Тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ

9.

Марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ

10.

Пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкӯҳ барои сайёҳон

11.

Маҷмааи сайёҳию лижаронӣ

12.

Марказҳои омӯзишӣ барои кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ

Мутобиқи қарори мазкур ва рӯйхати тасдиқгардида, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда тибқи тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Бо қабули қарори мазкур, механизми пурра ва мушаххаси амалисозии имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ муайян карда шуд. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар интихоби “корти муаррифкунанда” - и сайёҳӣ аз таҷрибаҳои Анталияи Туркия ва Иссиқкӯли Қирғизистон бо дар назар доштани бозоргир кардани чунин маҳсулоти сайёҳӣ бояд васеъ истифода бурда шавад.

Дар робита бо ин, шаҳрҳои Норак ва Панҷакент, ВМКБ  метавонанд ба сифати “корти муаррификунанда”-и Тоҷикистон интихоб карда шаванд. Инчунин, ҷиҳати рушди сайёҳии экологӣ ва шикор мамнуъгоҳи навташкили “Хуталон” дар ноҳияи Данғара ва рушди сайёҳии саноатӣ дар заминаи минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” пешниҳод карда мешавад. Агар самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ нодуруст интихоб карда шавад, рушди сайёҳӣ метавонад натиҷаи дилхоҳ надиҳад. Самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ барои Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд.

Бо амалисозии сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи “дарҳои кушод”- и роҳбарияти давлат ва Ҳукумат, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ бо як қатор кишварҳои олам созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонидааст. Дар Тоҷикистон низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 112 кишвари ҷаҳон ва низоми электронии раводид ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст.

Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид. Ҳамзамон, роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, фаъолияти зиёда аз 100 ширкати сайёҳӣ, сохтмон ва таҷдиду азнавсозии як қатор инфрасохтори сайёҳӣ, барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид гузошта истодаанд.

Ҷадвали 2.

Нишондиҳандаҳои мақсадноки стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Р/т

Номгӯи нишондиҳандаҳо

2017

2020

2025

2030

1.

Шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоваранда (ҳазор нафар)

430,9

1000,0

1600,0

2500,0

2.

Саҳми сайёҳӣ дар ММД  ( %)

1,2

5,0

6,5

8,0

3.

Саҳми сайёҳӣ дар содирот (%)

6,2

8,0

12,0

15,0

4.

Саҳми сармоя ба соҳаи сайёҳӣ дар маҷмуи сармоягузориҳо (%)

0,07

2,0

5,0

10,0

5.

Саҳми сайёҳӣ дар қисми даромади буҷети давлатӣ (%)

0,046

1,0

1,6

3,0

6.

Миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ (млн сомонӣ)

1906,8

 

4425,0

7080,0

11862,6

7.

Шумораи субъектҳои бақайдгирифта-шудае, ки дар соҳаи истироҳат ва табобат хизматрасонӣ мекунанд

230

300

410

 

500

 

8.

Шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ (бо %)

0,6

2,0

5,0

10,0

9.

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гузаронида мешавад

107/136

90/136

75/136

50/136

 

Айни замон дар бораи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар олами ғарб маълумот кофӣ нест ва он маълумоте, ки одамон дар бораи кишвар медонанд, на ҳама вақт саҳеҳ аст. Сайёҳон аз сафари худ амният, меҳмоннавозӣ ва қаноатмандии баландро интизор мешаванд. Муваффақ шудан ба қонеъ гардонидани чунин талабот маънои онро дорад, ки давлат шуҳрати баландро барои худ дар ҷаҳон ба даст овардааст. Ин занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ, балки ба густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, аз ҷумла воридоти сармояи хориҷӣ низ мусоидат мекунад.

Ҷадвали 3.

Нишондиҳандаҳои Шӯрои сафар ва саёҳати ҷаҳонӣ

Нишондиҳанда-ҳои асосӣ

Саҳми мустақим

Саҳми умумӣ

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

Саҳми мустақим аз ҳисоби  сафар ва саёҳат ба ММД дар соли 2014 маблағи 2,364.8 млрд доллари ИМА (3.1% -и умумии ММД)-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар солҳои 2015-2025 ба андозаи 3,9% рушд карда, дар соли 2025  маблағи умумии 3,593.2 млрд доллари ИМА баробар шуда, 3,3% ММД ҷаҳонро ташкил хоҳад дод

Саҳми умумии сафар ва саёҳат дар ММД ҷаҳон дар соли 2014 маблағи 7,580.9 млрд доллари ИМА (9,8% ММД ҷаҳон)-ро ташкил дод. Тибқи дурнамо, ин нишондиҳанда 3,8% устувор рушд карда, дар соли 2025 маблағи 11,381.9 млрд доллари ИМА (10,5% ММД ҷаҳонро) ташкил хоҳад дод

Ҷойҳои корӣ

Дар соли 2014 саёҳат ва сафар омили таъсиси 105,408,000 ҷойҳои корӣ (3.6% ҷойҳои умумии кори ҷаҳон). Ин нишондиҳанда 2.0% рушд карда, бо 130,694,000 ҷойҳои кории  таъсисёфта, 3,9%-и шуғли меҳнатро дар соли 2025 ташкил хоҳад дод

Дар соли 2014 саҳми умумии сафар ва саёҳат ба шуғли меҳнат, бо дар назар доштани ҷойҳои кории ғайримустақими  соҳа 9.4%-и шуғли меҳнат (276,845,000 ҷойҳои корӣ)-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда 2.6% рушд карда, дар соли 2025 356,911,000 ҷойҳои кори - 10,7% шуғли меҳнатро ташкил хоҳад дод.

Содироти сайёҳон

 

Маблағҳои аз ҳисоби сафарҳои сайёҳон ба даст омада, 1, 383.8 млрд (5.7% содироти ҷаҳон)-ро дар соли 2014 ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар солҳои 2015-2025 ба андозаи 4,2% рушд карда, маблағи 2,140.1 млрд доллари ИМА ё 5.6%-и содироти ҷаҳонро ташкил хоҳад дод

Сармоягузорӣ

 

Сармоягузорӣ дар саёҳат ва сафар дар соли 2014,  814.4 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод, ки он ба 4,3% сармоягузорӣ дар ҷаҳон баробар аст. Ин нишондиҳанда бояд 4,8% боло рафта, ҳаҷми умумии маблағгузориҳо дар соҳа 4,6% дар даҳ соли оянда ба нақша гирифта шавад. Ҳаҷми маблағгузориҳо 1,336.4 млрд доллари ИМА ва ё 4.9%-и ҳаҷми умумии сармоягузориро дар соли 2025 ташкил диҳад.

Шумораи сайёҳон

Дар соли 2014 зиёда аз 1 млрд нафар сафар ва саёҳат намуданд. Дар соли 2017 сафари 1,322 млн ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 1,4 млрд нафар ва дар соли 2030 ба 1,8 млрд сайёҳ баробар хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, шумораи сайёҳон аз 25 млн дар соли 1950 устувор ва бомайлон рушд карда, новобаста ба буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ ба 1,8 млрд сайёҳ дар соли 2030 баробар хоҳад шуд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти дахлдори соҳаи сайёҳӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ бо ҷалби шарикони рушд мониторинг ва арзёбии стратегияро мегузаронад ва ҳисоботи солонаро оид ба рафти амалисозии стратегия ба Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳисоботи панҷсоларо оид ба натиҷаи амалисозии стратегия ба Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  пешниҳод менамояд.

Низоми мониторинг ва арзёбӣ ҳамзамон низоми дахлдори ҳисоботдиҳӣ аз натиҷаҳои амалисозии стратегия ва марҳилаҳои амалишавии он барои давраи 2019-2022, 2023-2026 ва 2027 - 2030 аз нуқтаи назари рушди соҳа ва бо ҳисоботи фосилавӣ маҳсуб меёбад. Сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ассотсиатсияҳои сайёҳӣ ҳисоботи соҳавиро оид ба амалиёбии марҳилаҳои стратегия ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо тарафҳои манфиатдор ҷиҳати таҳкими минбаъда ва пайваста баланд бардоштани  самаранокии низоми мониторинг ва арзёбии стратегия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидан ба соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар соли 2018 дар тамоми манотиқи кишвар ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли худ чораҳои зарурӣ андешиданд. Минтақаҳои сайёҳӣ, роҳҳои автомобилгард, ёдгориҳои таърихӣ, осоишгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ то андозае обод ва сатҳи сифати хизматрасонии онҳо то андозае беҳтар карда шуд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тоҷирону соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва барои ворид намудани техникаву технологияи муосир дода шуд.

Натиҷаи ин ҳамам кӯшишу талош ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар буд, ки дар соли 2018 соҳаи сайёҳӣ дар кишвар назар ба солҳои қаблӣ рушд намуда, шумораи сайёҳони воридгардида ва инчунин, ширкатҳои сайёҳии ба сйёҳҳони дохилию хориҷӣ хизматрасон низ зиёд шуд.

 

 Расми 1. Шумораи ширкатҳои сайёҳии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фаъолияткунанда (дар солҳои 2018- 2022, адад)

 

Агар дар соли 2018 шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар 146 ададро ташкил медод, дар нуҳ моҳи аввали соли 2022 ин шумора ба 235 адад омада расид, ки 89 адад зиёд гардида, ки ин аз самараи дастгирию имтиёзҳои додаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст.Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ саривақтӣ арзёбӣ гардида, дар радифи ин ташаббуси фарогир Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ бо мақсади муаррифии фарҳанги асил, ҳунарҳои маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумии кишварҳои узви созмон мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ барои соли 2020 - Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон дошт.

Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли пешин 72,2 дарсад кам мебошад. Сабабҳои асосии кам ташриф овардани сайёҳони дохилию хориҷӣ ин бемории ҳамагири Коронавирус - COVID-19 мебошад.

 

Расми 2. Шумораи шаҳрвандони хориҷие ба ҳайси сайёҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд (дар солҳои 2018 - 2022, млн. нафар)

 

Аз таҳлили расми 2. маълум мегардад, ки дар соли 2022 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 1151,9 ҳаз. нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021 634,3 ҳазор нафар ё 2,2 баробар зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 999,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ) арзёбӣ мегарданд, ки нисбат ба соли 2021 ба 3,4 баробар зиёд шудааст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои ИДМ ворид шудаанд, 1094,1 ҳазор нафар (95,0 фоиз аз шумораи умумӣ), аз он 950,1 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ ва давлатҳои хориҷи дур 57,8 ҳазор нафар (мутаносибан 5,0 фоиз аз шумораи умумӣ), аз он 49,2 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ буданд.

Дар ҷаҳони муосир ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҷумҳурӣ иншооти муосири хидматрасонӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ки ҳамаи ин ҷузъи муҳими инфрасохтори сайёҳӣ маҳсуб меёбанд. Масалан, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани меҳмонхонаҳои “Чорчаман Хилс” дар ноҳияи Дарвоз, “Саразм плаза” дар шаҳри Панҷакент, “Манзара” дар ноҳияи Ховалинг ва “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод имкон медиҳад, ки мо дар дурдасттарин минтақаи ҷумҳурӣ ба сайёҳон дар шароити хубу мусоид хидмат мерасонад.

Бо мақсади пиёда намудани тарҳи рушди деҳот, бозсозии роҳҳои назди ёдгориҳои таърихӣ, бунёди хонаҳои қабули сайёҳон, меҳмонхонаҳои хурд ва дигар хидматрасониҳои муосир дар соли 2021, дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд чор мавзеи таърихию сайёҳии ҷумҳурӣ - “Чилучорчашма”, “Хоҷа Машҳад”, “Ҳулбук” ва “Ямчун” дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ мешаванд.

Тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки сарҳади Тоҷикистонро убур мекунанд, бояд бо худ шиносномаи эътиборнок ё ҳуҷҷате, ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд, ҳамчунин раводиди мувофиқ (ба ғайр аз шаҳрвандони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Украина, ки аз онҳо барои ба Тоҷикистон ворид шудан раводид дархост карда намешавад) дошта бошанд. Дар Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии “e-Visa” ба кор даромад, ин имконият ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки бо мақсади саёҳат ё тиҷорат ба кишвар меоянд. Аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаи консулгарии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба даст оранд. Низоми раводиди электронии “e-Visa” ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат медиҳад, ки тариқи онлайн раводиди тоҷикиро бадаст оваранд.

Раводиди электронӣ ҳамчун ивазкунанда раводид ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ба муҳлати 90 рӯз ва яккарата дода шуда, дорандаи он аз лаҳзаи ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи аз 45 рӯз зиёд будубош карданро надорад. Раводид электронӣ тамдид карда намешавад. Метавон ба Тоҷикистон аз тариқи тайёра, қатора ё мошин рафта расид. Тоҷикистон хатсайрҳои мустақим ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Алмато, Бишкек, Рига, Истанбул, Дубай, Урумчӣ, Теҳрон, Машҳад, Франкфурт дорад.

Бештар аз 10 ширкати ҳамлу нақли миллӣ ва хориҷӣ дар бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Ҳамчунин ширкатҳои ҳавоии миллии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” зиёда аз 10 сафари ҳавоӣ дар як ҳафта дар минтақаҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ анҷом медиҳанд. Тоҷикистон дорои якчанд фурӯдгоҳҳои маҳаллӣ ва байналхалқӣ мебошанд.

Миқдори зиёди шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ воридшуда, аз давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла аз Ӯзбекистон-777,6 ҳазор нафар (71,0%), Русия-279,9 ҳазор нафар (25,6%), Қазоқистон-25,0 ҳазор нафар (2,3%), Қирғизистон-3,8 ҳазор нафар (0,3%) ва ғайра мебошанд.

 

Расми 3. Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳайси сайёҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИДМ ворид шудаанд (дар соли 2022, ҳаз. нафар)

 

Миқдори сайёҳони воридшуда аз давлатҳои хориҷи дур ба монанди, Афғонистон-3,3 ҳазор нафар (0,3%), Чин-5,4 ҳазор нафар (0,5%), Туркия-7,3 ҳазор нафар (0,6%), Ҳиндӯстон-3,4 ҳазор нафар (0,3%), Эрон-4,3 ҳазор нафар (0,4%), ИМА-6,9 ҳазор нафар (0,6%), Покистон-1,6 ҳазор нафар (0,1%), Олмон-3,0 ҳазор нафар (0,3%) мебошанд [4].

 

Расми 4. Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳайси сайёҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакатҳои хориҷи дур ворид шудаанд (дар соли 2022, ҳаз. нафар)

Шумораи сайёҳони дохилие, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ дар соли 2012 ба хориҷа сафар намуданд 17199 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 8531 нафар баробар гардид. Сабаби асосии кам сафар намудани сайёҳони дохилӣ ба хориҷа тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ин бемории ҳамагири Коронавирус - COVID-19 ва муваққатан баста шудани роҳи автомобилӣ дар сарҳади давл атӣ мебошад.

 

Расми 5. Шумораи сайёҳони дохилие, ки ба хориҷа сафар намуданд, (дар солҳои 2018-2022 нафар)

Дар соли 2016 теъдоди сайёҳони хориҷие, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд 3630 нафарро ташкил дод. Дар соли 2019 ин нишондиҳанда ба 7791 нафар баробар гардида, дар соли 2020 ин шумора ба 416 нафар баробар гардид, ки назар ба солҳои қаблӣ хеле кам аст.

Расми 6. Шумораи сайёҳони хориҷие, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд, (дар солҳои 2016- 2020, ҳаз. нафар)

 

Сабабҳои асосии коҳиш ёфтани ворид шудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ тавассути ширкатҳои сайёҳӣ бемории Коронавирус - COVID-19, муваққатан баста шудани роҳи автомобилгард дар сарҳади давлатӣ ва вазъи ноороми кишварҳои ҳамсоя арзёбӣ мегардад.

Сайёҳони ватанӣ ба давлатҳои хориҷӣ одатан ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ 11377 нафар, ба воситаи нақлиёти автомобилӣ 576 нафар, бо нақлиёти роҳи оҳан 1528 нафар ва мустақилона ба кишварҳои ҳамсоя 2277 нафар сафар кардаанд, ки саҳми нақлёти ҳавоӣ дар интиқоли сайёҳон бештар ба назар мерасад.

Шумораи сайёҳоне, ки дар дохили ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ хизмат расонида шудаанд 3059 нафарро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда ниҳоят кам мебошад.

 

Расми 7.  Даромад аз пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ бе назардошти андоз аз арзиши изофа(дар солҳои 2016-2020, ҳаз. сомонӣ)

 

Даромад аз пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ бе назардошти андоз аз арзиши изофа дар солҳои 2016 8422,1 ҳаз. сомониро ташкил дода, дар соли 2019 ба 24497,9 ҳаз. сомонӣ ва дар соли 2020 бошад ин нишондиҳанда ба 7677,0 ҳаз. сомонӣ баробар гардид.  

Дар нуҳ моҳи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 183 меҳмонхона (б0 назардошти шахсони воқеӣ) 6 - меҳмонхонаи 5 ситорадор, 20 - меҳмонхонаи 4 ситорадор, 16 - меҳмонхонаи 3 ситорадор, 3 - меҳмонхонаи 2 ситорадор, 2 - меҳмонхонаи 1 ситорадор ва 136-меҳмонхонаи бедараҷа  фаъолият кардаанд.

Рушди сайёҳӣ аз шароити табиӣ ва муҳити атроф вобастагии калон дошта,  фарҳанги миллӣ, урфу одат, таомҳо ва нӯшокиҳои миллӣ, таърих ва осори фарҳангиро дар бар гирифта, заминаи асосӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи сайёҳӣ бояд аз як насл ба насли дигар якҷо бо фаъолият нисбати ҳифзи табиат ва муҳити атроф, осори ниёгон, дастгирии фарҳанг ва тамаддуни маҳаллӣ, расму оин, касбу ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шавад.

Асоси тиҷорати соҳаи сайёҳӣ ба афзалиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад ва бинобар ин бахши мазкур яке аз беҳтарин соҳаҳо барои таъмини мувозинати аслии устувории экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Мукаммалгардонии маркетинги сайёҳӣ дар ширкатҳои сайёҳиро водор мекунад, ки ба ҳадафҳои худ расида, харидорони имконпазирро ба хизматрасониҳои худ ҷалб намуда, даромади ширкатро зиёд намоянд. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маҳз дастгирии давлатӣ ва мусоидат ба фаъолияти онҳо самаранокии раванди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва субъектҳои хоҷагидории сайёҳиро таъмин намуда метавонад. Яке аз омилҳои муҳим ин маблағгузории давлатӣ барои таблиғоти ширкатҳои миллии сайёҳӣ мебошад.

Бо мақсади самаранок намудани соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ зарур аст, самтҳои гуногуни мукаммалгардонии идоракунии рушди сайёҳӣ, амалӣ карда шавад.

Самтҳои асосии мукаммалгардонии идоракунии сайёҳӣ инҳо мебошанд:

  1. Татбиқи усулҳои барномавии мақсадноки рушди сайёҳӣ дар маҳалҳо ва ҷумҳурӣ.
  2. Тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳои васеъ миқёси такмилдиҳии инфрасохтори сайёҳӣ.
  3. Мукаммалгардонии механизмҳои ташкилӣ - иқтисодии ташаккулёбӣ барои хизматрасонии сайёҳӣ.
  4. Тарҳрезӣ ва татбиқи консепсияи рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо ва дастгирии давлатии рушди сайёҳӣ.
  5. Муҳайё сохтани шароитҳо барои истифодаи мақсадноки инфрасохтори сайёҳӣ.
  6. Танзими фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва бахши сусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ.
  7. Такмили чорабиниҳои давлатӣ ҷиҳати нигоҳдошти гуногунрангии ҳудудҳои ҷумҳурӣ, ки дорои захираҳои табиии сайёҳӣ мебошанд.
  8. Мукаммалгардонии низоми идоракунии фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ тавассути фароҳам овардани имконият ва равона намудани онҳо ба сайёҳии воридотӣ.
  9. Таъмини назорат нисбати муассисаҳои хусусии фаъолияткунанда, ки фаъолияташон ба сайёҳии содиротӣ равона карда шудааст.
  10. Тарҳрезӣ ва таъмини татбиқи амалии барномаҳои комплексии руди сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ.
  11. Маблағгузорӣ дар ташкили комплексҳои сайёҳӣ дар ҳудудҳои гуногуни ҷумҳурӣ.
  12. Бунёди модели консептуалии рушди сайёҳӣ ва таҳияи бренди ягонаи миллӣ.
  13. Татбиқи барномаҳои махсуси омода намудани мутахассисони касбӣ ва ғайра.

Ҳамин тавр, мукаммалгардонии маркетинги сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи навъҳои гуногуни  нишондиҳандаҳои баҳодиҳии бахши сайёҳӣ, истифодаи технологияи иртиботию иттилоотӣ, дуруст ба роҳ мондани маркетинги ширкатҳои сайёҳӣ, таъмини робитаи байниҳамдигарии муассисаҳои сайёҳӣ, ҷараёни ҳаракати маҳсулоти сайёҳиро таъмин менамояд. Бинобар ин, чунин низоми нишондиҳандаҳоро метавон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, баҳодиҳии сатҳи рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, бунёди замина барои самтҳои асосию гуногуни сайёҳӣ истифода намуд. Ҳамзамон омӯзиши интиқодӣ нақши муҳимро дар истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар идоракунӣ ва дастгирии рушди саноати сайёҳӣ метавонад иҷро намояд.

Ба андешаи мо барои мукаммалгардонии идоракунии соҳаи сайёҳӣ ба назар гирифта, чорабиниҳои зерин мувофи мақсад мебошад: 

  • Ташкили бозори кушодаи сайёҳӣ;
  • Таъмини ҳаракати транссарҳадии сармояи иҷтимоӣ, ки ҳангоми ҳамгироии фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба миён меояд;
  • Мусоидат ба хамгироии бахшҳои гуногун зери идоракунии сиёсати миллӣ;
  • Таъмини рушди инноватсионии истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ соҳаи сайёҳӣ;
  • Ташкил ва ташаккули сайёҳии экологӣ;
  • Татбиқи чораҳо ҷиҳати рушди маҷмаавии сайёҳӣ;
  • Махсусгардонӣ дар доираи бозори умумиҷаҳонии сайёҳӣ.

Ҳамин тариқ, рушди сайёҳӣ дар маҷмӯъ метавонад ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкили ҷойҳои кории нав таъсири назаррас расонида, ба баланд бардоштани обрую эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин суботи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намояд.

 

Абдураҳмон Ҳакимзода

Муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top