Салоҳиятнокии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир

Бинанда: 386 | Санаи нашр: 28 Сентябр 2023

Ҳамасола 27 сентябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад. Ин сана дар саросари ҷаҳон аз соли 1979 ҷашн гирифта шуда, ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ байни кишварҳо ва халқиятҳои гуногуни олам мебошад.

Бунёди роҳҳо, пулҳо, иншооти гуногуни хизматрасонӣ ва аз ҳама муҳим, таъмини сулҳу амният дар ҳама манотиқи мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ сабаби бавуҷудоӣ ва рушди самти нав дар иқтисодиёт — соҳаи сайёҳӣ гардид. Барои таҳким бахшидани пояҳои ҳуқуқии соҳа ва шароит фароҳам овардан барои рушди сайёҳӣ соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» қабул шуд.
Ҳамзамон барои равнақ додани соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани саҳми он дар иқтисодиёти мамлакат бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 Кумитаи кор бо ҷавонон ба Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Ин тасмим имкон дод, то таваҷҷуҳ ба соҳаи сайёҳӣ боз ҳам бештар гардида, сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба роҳ монда шавад.
Кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дастгирӣ ёфт ва соли 2007 дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ гашт. Соли 2009 «Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019» қабул гардид, ки самтҳои асосии рушди сайёҳиро дар мамлакат барои 10 соли оянда муайян намуд. Консепсияи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар хориҷи давлат ва роҳ ёфтан ба бозорҳои байналмилалии сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Қабули Консепсияи рушди сайёҳӣ, барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ барои афзоиши шумораи гардишгарон замина фароҳам овард. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон соли 2016 нисбат ба солҳои охир ду баробар зиёд гардида, ба 414 ҳазор нафар расид.

Бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори алоҳидаи ваколатдори соҳаи сайёҳӣ – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ барои сарзамини сайёҳӣ гаштани Тоҷикистон заминаи хубе ба вуҷуд овард. Дар соли аввали фаъолияти Кумита Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Стратегияи рушди сайёҳӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии рушди соҳа ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии мамлакатро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, ба сифати унсури ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ нақши муассир дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутахасисони босалоҳияти риштаи сайёҳиро  дар ихтисосҳои   890101 – Сайёҳат ва меҳмондорӣ, 26020222- Менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо ба таври зарурӣ омода  менамоянд. Мутахассисони самти сайёҳӣ  пас аз хатми донишгоҳ бо маҳорату касбият ва салаҳиятнокиву масъулият дар татбиқи стратегияи рушди сайёҳӣ  ҳиссаи арзанда хоҳанд гузошт.  Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз соли 1996  инҷониб дар кафедраи менеҷмент ихтисоси 26020 - Менеҷмент,  аз соли 2013 ихтисоси  890101 – Сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва  ихтисоси 26020222- Менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо, баҳри омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Шароиту имконият ва заминаи моддӣ-техникӣ, толорҳои замонавии бо тахтаҳои электронӣ ҷиҳозонидашуда, синфхонаҳои компютерӣ,  паркҳои технологӣ, китобхонаи электронӣ, марказҳои компютерӣ, маводҳои таълимӣ- методӣ, дараҷаву малака, салоҳияту таҷрибаи  варзидаи омӯзгорони донишгоҳ дар омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ  ҷавобгӯи  меъёрҳои муқарраргардида мебошад.

Бояд зикр намуд, ки мутахассисони соҳаи сайёҳӣ донишҳои назариявии хешро дар марказҳои омӯзишӣ, аз ҷумла маркази таълимӣ- рушди сайёҳӣ дар истироҳатгоҳи Ромит ва маркази таълимӣ- меҳмонхонадорӣ дар назди Парки технологиии донишгоҳ  боз ҳам сайқал дода, бо истифода аз лавозимоти сайёҳӣ, хаймаҳои сафарӣ ва воситаҳои куҳнавардӣ  ба гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо хатсайрҳои сайёҳӣ пайваста сафар менамоянд.

Ҳамчунин барои татбиқи назария бо амалия баҳри ташкил ва баргузории   таҷрибаомузии истеҳсолӣ  бо  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Меҳмонхонаи Тоҷикистон”, «Хаят Реҷенси», «Душанбе» ва «Серена», Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  як қатор ширкатҳои сайёҳӣ ба монанди «Бунёд тур», «Тоҷик тур», «Атлас Тревел», «Тоҷиксафарӣ», «Олами сайёҳат»  ҳамкории судманду ояндасоз дорад.

Соҳаи фаъолияти касбии хатмкунандагони ин ихтисосҳои самти сайёҳӣ  идораҳои давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои шакли моликияташон гуногун, ширкатҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, дар ташкил ва ташаккули саноати меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо,  минтақаҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, корхонаҳои сайёҳӣ, опреаторҳо ва оҷонсиҳои сайёҳӣ, мақомотҳои давлатӣ ва ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ  ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дар ин самт тибқи нақша- чорабиниҳо иқдомҳои зиёде  баҳри омодасозии кадрҳои  соҳаи сайёҳӣ ва мутахассисони донандагони забонҳои хоричӣ дар назар аст. 

Дар  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  баҳри татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои босифати “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз тамоми имкониятҳо истифода карда шуда истодааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top