Назаре ба ҳафриётҳои бостоншиносӣ Тахти Сангин

Бинанда: 392 | Санаи нашр: 22 Сентябр 2023

«Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки сайёҳон маҳз барои тамошои ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ ба Тоҷикистон меоянд. 

Эмомалӣ Раҳмон

 

Миллати қадимаи тоҷик як қисми созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мавзеҳои таърихиву  фарҳангӣ хелеле зиёд аст,  ки аз атиқа будани ин сарзамин дарака дода дар маҷмуъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд.

Барои дурст истифода бурдани онҳо дар ҷумҳури  соли 2006 Қонун «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» ба тасвиб расиданд [1].Санади мазкур дар асоси конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифз, омӯзиш ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ таҳия гашта, саҳми миллати тоҷик бо арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фарзандони  шоистаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ  басо назаррас мебошад.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, миқдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин дигар ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ  мавҷуд мебошанд. Намунаи боқимондаҳои иншооти мероси бостонӣ ва фарҳангӣ, дар мисоли маданияти шаҳрсозии Саразми бостонӣ, Ҳисор, Хуҷанд, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Ҳулбук, Панҷакент, Бунҷикат, Ҳалевард, дайри несториании Айваҷ, қалъаи Ямчун, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва ғайраҳо тавассути санъати волои меъморӣ, нигоришоти музайян, ороиши бадеии намои онҳо бо санг, гил ва хишт дар шакли кунгура, равоқ, тоқ, панҷара ва дохили онҳо бо гачкорию девормусаввирӣ ва кандакорӣ мероси гаронбаҳои ниёгон ба наслҳои имрӯза ба шумор мераванд.

Дар илми таърихнигории халқи тоҷик зери маҳфуми “Тахти сангин” мавзеи таърихие фаҳмида мешавад, ки ҳамчун истилоҳи таърихӣ дар мавзӯи “Маданияти Осиёи Миёна дар асрҳои III ва II пеш аз милод”-ё ин, ки “Шаҳрсози дар давраҳои то феодализм дар Осиёи Миёна” омузонида мешавад. Худи истилоҳи “Тахти Сангин”-ро ҳамаги чанд сол пеш аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ роҳандозӣ намуданд, чун ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки соли 1989 ва охирон нашр соли 2020 аст, мо истилоҳи “Тахти Сангин”-ро вохӯрдем. Аз инҷо бар меояд, ки “Тахти Сангин”-ин ҳамон мавзеи таърихие аст, ки дар он ҷо димна (қалъа)-и вайроншудаи андозаи 365 ба 171 метр-биноҳои аз хиштихом бо таҳкурсии сангин сохта шуда будааннд [2].

Тахти Сангин ягона шаҳристонест, ки ин замон аз марказҳои аҳолинишини кунунӣ дур воқеъ мебошад. Бинобар ин, аксаран истеҳком унвон дода мешавад ва мавқеи ҷойгузинаш ба ин ном мувофиқат мекунад. Онро кўҳи Тешиктош аз дигар минтақаҳои Қубодиён ҷудо мекунад. Аз маркази ноҳия дар масофаи 32 - 35 км воқеъ аст. Роҳҳои як замон обод аз миёнаҳои теппаҳои на чандон баланд корвонҳоро (ва имрўз ҳар нафареро, ки хоҳиши дидани харобаҳоро дорад) ба соҳили рўди Вахш (Ому) мебаранд. Яке аз теппаҳо аз мобайн бурида шуда, гузаргоҳро мемонад, ки имрўз мардуми бумӣ онро зарби шамшери Алӣ маънидод мекунанд. Маълум аст, ки роҳ аст ва дар замони хеле куҳан бунёд шуда, ба гуфтаи таърихшиносон он ба Ҳазрати Алӣ ҳеҷ муносибате надорад.

Бояд қайд намуд,ки имруз дар илми бостоншиноси онро “Хазинаи Амударё” низ меноманд, ки маҷмуан аз ашёҳои  тиллои , нуқраги ва  тангаҳои асрҳои VI- V пеш аз милод иборат мебошанд.

Бобоҷон Ғафуров дар китоби Тоҷикон овардааст, ки “ аз руи чизҳое бо таркиб ва истилоҳ ба “Дафни Амударё” дохил мешаванд, яъне аз рӯи маҷмаи миҳдори зиёди ашъёи заргари асосан аз симу зар сохташуда ва низ пулҳои тилло ва нуқра дар бораи дараҷи тараққиёти пешаи саъатварӣ дар Бохтар фикру мулоҳиза рондан  мумкин аст” [3].

Хазинаи Амударё хазинаест иборат аз 1300 сикка, 176 ашёи нуқрагӣ ва тилоӣ. Онро соли 1877 дар ҷои резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба дарёи Ому, наздикии Тахти Сангин ёфтаанд. Кашшофони Хазинаи Амударё тамоми осорро ба тоҷирони бухороӣ, ки роҳи Ҳиндро пеш гирифта буданд, фурӯхтанд. Дар роҳ тоҷиронро роҳзанон ғорат карданд, вале як қисм ашёи Хазинаи Амударё бо кӯшиши марзбонони англис бо роҳбарии Ф.Бартон наҷот дода шуд. Қисми дигарро мансабдорони ҳукумати мустамликадории англис дар бозорҳои Равалпинди харидаанд ва тамоми Хазинаи Амударё ба Музейи Британия супорида шуд, ки то ҳол дар он ҷо маҳфуз аст. Хазинаи Амударё дар давоми сад сол аз ҳудуди Британия бароварда нашудааст, танҳо соли 1977 дар Маскав, Ленинград ва Киев бори нахуст берун аз кишвар ба намоиш гузошта шудаанд. Навтарин сиккаи Хазинаи Амударё ба соли 200 то милод буда, дигар осори чунончи аробаи дучархаи ҷангии тиллоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, саҳифаи тиллоие, ки дар руи он сурати барҷастаи одам кшида шуда, либос ва аслиҳаҳои у бо тамоми  ҷузъёташ тасвир ёфтааст, бозубанди тилло, ки нуги он ба шакли сари буз зинат дода шудааст, муҷассамаи тиллои гавазн ва бисъёр чизҳои дигар моҳирона  сохташуда ба гуфтаи болло далолат мекунанд, (ҷавоҳироти ҳаққоқишуда) – ҳои олиҷаноб ба асрҳои IV – II то милод мутааллиқ мебошанд.

Хазинаи Амударё як пораи таърихи фаромӯшгаштаи аҳди қадими тоҷикон  буда, аз ҳазорсолаҳо ба мо паём овардааст. Дар бобати ин бозёфти мӯъҷизаангез ва нодири таърихӣ дар сар то сари олам садҳо гузоришу мақолаҳои илмӣ ва асарҳои тадқиқотӣ ба чоп расидаанд.

Тавре ки дар боло зикр гардид Хазинаи Амударё пас аз он ки ба дасти ҳиндувон ва англисҳои Пешовар расид, онҳо бинобар гаронбаҳо будани мавод зуд миёни худ тақсим карда гирифтанд. Генерал А. Каннингем нахустин бор дар маҷаллаи “Ҷамъияти осиёии Банғола” се мақола навишта, фикру андешаҳои худро нисбат ба Хазина муфассал баён намуд. Муҳаққиқи эронӣ М.Доулафой низ чанд навбат нисбати ин санъати қадимаи тоҷикон, ки бо санъати юнонию дигар мардумони шарқ пайвандӣ доштааст, фикру андешаҳояшро дар матбуоти Фаронса баён намуд. Е.Фландин ва П. Косте, Н. Кондаков ва Ҷ. Толстой ҳамчунин, мулоҳизаҳои дар бораи хазина доштаашонро ба туфайли воситаҳои ахбори Фаронса иброз доштанд. Ҳамаашон дар лаҳзаҳои аввал як дастоварди бисёр муҳими замони қадим, санъату маданияти волои ҷаҳониро хеле хуб ба мардум арзёбӣ намуда, бо ҳиссиёт ва андешаҳои хуш пазироӣ карданд [4].

Лекин О.М.Далтон аввалин муҳаққиқе мебошад, ки Хазинаи Амударёро бо ҳамаи дороиҳои аҳамияти  ҷаҳонӣ доштааш дар муқоиса бо дигар ёдгориҳои мардуми ҷаҳон санҷида, ҳақиқати воқеии онро маълум намуд. Ба фикри ӯ, маводи Хазинаи Амударё пайдокардаи фарҳангу санъати маънавии мардумони таҳҷоӣ буда, таъсир аз дигар халқу миллатҳо низ зиёд дорад [5]. Масалан, дар рушди санъати Балх таъсир аз юнониён, ки дар ин музофот қариб 200 сол ҳукмронӣ кардааст, кам намебошад. Ҳамчунин ӯ дар ин санъат нақши дастони санъаткорони Эрону Ҳинд ва скифҳои поёни Русро махсус қайд менамояд. Хубии навиштаҳояш ин аст, ки вай нисбат ба ҳар кадом мавод хоҳ тасвири одаму ҳайвон ва фаъолияти бевоситаи мардумони ин сарзамин, ҷанговарону аслиҳаҳои ҷангӣ, шофу шамшер, теғу камон, ё дар бораи фаъолияти бевоситаи мардумони ин сарзамин, ҷанговарону сарлашкарон, аслиҳаҳои ҷангӣ,  шофу шамшер, теғу камон, ё дар бораи сару либос, асбобҳои маишии рӯзгор, ашёи ҷудогонаи мисли роҳи рафтуомад ва дӯстии байни ҳамдигариро боиси пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ медонад. Истилогарӣ, ҷангу ғорат низ аксар маврид чунин ҳодисаро тезу тунд ба миён мегузорад. Масалан, аз рӯйи навиштаҳои О.Далтон маводи ҷангии скифҳо дар қӯшуни Искандари Мақдунӣ зиёд истифода шуда, то бисёр халқу миллатҳо расидааст. Намунаҳои боло ном гирифтаи моро, ки О.М.Далтон таъсиргирифтаи ҷаҳон медонад, аслан бо дастони пурэъҷози балхиён, дар замони ҳахоманишиёни асрҳои 4-3 то милод эҷод шуда, баъзе таъсир аз дигар халқу миллатҳо низ вуҷуд доштаанд. Б.Я.Стависский ва Б.Ғафуров ба бисёр андешаҳои О.М.Далтон муқовимат карда, Хазинаи Амударёро ёдгориҳои аз берун омада не, балки маводи бевоситаи худи мардумони маҳаллӣ ба қалам медиҳанд.

Бостоншиносони ҷумҳурӣ ва умумииттифоқ солҳои ҳафтодуму ҳаштодум – ду даҳсола аз соли 1975 ба баъд дар мавзеи Тахти Қубоду Тахти Сангин ҷиддӣ ба фаъолият даромада, аз сари нав ба кофтукови ин мавзеи таърихӣ, хушбахтона, шурӯъ карда, бо вуҷуди душвориҳои сахту сангин ба дастовардҳои чашмрас муваффақ шуданд. Экспедитсияи бостоншиносон дар раҳбарии Б. Литвинский ва отряд дар раҳбарии И.Р.Пичикиён пеш аз ҳама тарҳи қадимии Тахти Сангинро пайдо карда аз он чӣ, ки умед доштанд, маводи бениҳоят зиёд пайдо намуданд. Лекин онҳо дар бозёфтҳои кори худ ва навиштаҳояшон гоҳ аз осори пештараи Хазинаи Амударё низ сухан ба миён оварда, миёни бозёфтҳои асри нуздаҳуму асри бистум умумият ба вуҷуд оварда сухан мегӯянд. Ба фикрам, мо бояд бозёфтҳои асри бистумро бо номи “Хазинаи Амударё” ва пайомадҳои навини бостоншиносонро бо номи “Маъбади Тахти Сангин” ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва миёни ин ҳар ду давра – охири асри 19 ва охирҳои асри 20 бояд тафриқа ба миён гузорем. [6]. 

Пас аз пайдо шудани Хазинаи Амударё ва ҷаҳонӣ шудани он акнун дар замони нав бостоншиносон аз Маъбади Тахти Сангин боз чӣ маводи тоза пайдо кардаанд, ба хонандагон равшан маълум шавад. Дастоварди аз ҳама муҳимтарин, ба фикри мо, пайдо кардани тарҳи қадимии Маъбади Тахти Сангин мебошад, ки онро бостоншиносон, махсусан дар раҳбарии бевоситаи Б.Литвинский ва И.Р.Пичикиён аз берун ва ҳам аз дарун пурра муайян кардаанд. Дигар, Дафинаи Амударё ва Маъбади Тахти Сангин ҳар кадом бо дороиҳо ва нақши худ дар пешорӯйи ҷаҳониён маълум шуда истанд.  Агар дар бораи Хазинаи Амударё маълумот бениҳоят зиёд навишта шуда бошад (ниг.: Е.В.Зеймал), пас дар бораи Маъбади Тахти Сангин ва дороиҳои он ба ҷуз навиштаҳои М.Литвинский ва И.Р.Пичикиён ва чанд нафаре дигар сухан нагуфтаанд, худи онҳое, ки меҳнат карда, бозёфт ба вуҷуд оварда, мақолаҳо менавиштанд, бо вуҷуди ин мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ ҳанӯз хеле кам мебошанд. Аз ин рӯ, кӯшиш бар он аст, ки дар бораи бозёфтҳои ин ду бостоншинос ва муҳаққиқ алоҳида мулоҳиза ва баррасӣ кардан зарурат дорад.

Жуков Ф. (Н.А.Майев), Т.И.Зеймал, Е.Е.Кузмина аз Тахти Қубод ёфт шудани бойгониро такрор ба такрор қайд менамуданд [7]. И.Р.Пичикиён сохтмони Тахти Сангинро ба замони эллинии баъди Ҳахоманишиён мутааллиқ медонад. Қурбонгоҳи сангини Толори Сафед, се чунин намунаи аз Айвон ёфтшуда, маводу расмҳои зиёди тасвирӣ бо мазмун ва тарҳи сохтори Тахти Сангин мардумони дунёро аз нав ба ҳайрат мегузоранд. Ҳайкалчаи Худои эллиниро, ки Силени найнавоз меноманд, шоҳони муқтадири замони Ҳахоманишиёну Кӯшониён, сарлашкарони шуҳратманди бохтариёни донишманд, ҳамаи табақаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, хушбахтона, дар осорхонаи маъбад нигаҳдорӣ кардаанд.

Қисми зиёди маводи ҳарбии маҳаллӣ ва дигар аслиҳаҳои ҳарбиро, ки ба маъбад аз дигар манотиқ ҳадя мефиристоданд, дороиҳои Тахти Сангин мебошанд. Искандари Мақдунӣ ба ҷуз аслиҳаҳои дар даст дошта  боз беҳтарин аслиҳаҳои маҳаллиро  ба Руму Юнон мефиристод, то ин ки аслиҳаҳои наву тозатаре таҳия намоянд. Мегӯянд, вай баъди аз дарёи Граник бо ғалаба гузаштан 300 афзоли ҳарбиро ба калисои (храми) Афина фиристодааст. Дигар бозёфтҳоеки диққати бостоншиносонро ҷалб кардааст тангаҳои биринҷии  ба номи Вими Кадфиз, Канишка ва Хувишкаро (50 адад) ёфтаанд. Дар таърих миқдори зиёди тангаҳои замони Искандари Мақдунӣ,  тангаҳои  замони Евтидеми 1, Евтидеми 2 (бо манзараҳои шикор ва маводи хӯрок ва ҳ.), тангаҳои Агафокл, биринҷии Антиохи 1, Диодот маъмул буданд. К.Реллинг тангаҳоро ба ду қисм-тангаҳои  то асри 4 ва тангаҳои замони эллинӣ ҷудо кардааст. И.Г.Спасский таърихи шуъбаи нумизматикаи Эрмитажро таҳқиқ намуда навиштааст, ки соли 1883 дар хазинаи А.Грант 379 адад тангаҳои бохтарию кӯшонӣ ва ҳиндӣ, ҳамчунин 7 адад тангаҳои ба номи Антиох, Диодот ва 5 адади замони Селевкиён вуҷуд доштааст. Дар Хазинаи Амударё қариб 200 адад тангаҳои Александри Мақдунӣ нигаҳдорӣ шудаанд. Бояд зикр намуд, ки тангаҳои Селевки 1-ро  дар Селевкия, Вавилон, Суз, Экботан, Балх ва тангаҳои Антиохи 1 ва Антиохи 2-ро дар Балх сикка задаанд.

Доктори илми таърих, Наргис Хоҷаева оид ба омӯзишу таҳқиқи шаҳраки Тахти сангин маълумоти муфассал ироа намуда, иттилоъ медиҳад, ки таҳқиқи ин ёдгории нодир аз ҷониби гурӯҳи ҳафриётшиносони Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва Институти шарқшиносии СССР соли 1976 шуруъ гардидааст.

Тибқи маълумоти ин донишманд, ҳафриёт дар Тахти сангин то соли 1991 идома ёфта, бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) ковишҳои археологӣ қатъ гардидаанд. Соли 1998 аз ҷониби ҳафриётшиносони Институти болозикр ва Осорхонаи Михои кишвари Ҷопон дар Тахти сангин корҳои таҳқиқотӣ аз сари нав роҳандозӣ шуданд. Н.Хоҷаева зикр намудааст, ки дар солҳои охир дар ҳафриёти ин ёдгории нодир бостоншиносони Маркази миллии илмии Фаронса низ, иштирок доранд [8]. 

Ба маълумоти бошандаи ноҳияи Қубодиён, Қувват Дод, соли 2011 дар қатори амсилаи (макет) ёдгориҳои таърихии 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ мебоист амсилаи ёдгории Тахти Сангин аз ҳисоби ноҳия мураттаб мешуд. Ҳамаи шаҳру ноҳияҳо амсилаҳои тайёри ёдгории таърихии худро пешниҳод карданд. Сарвазиру масъулони қабулро бовар кунондам, ки сохтани амсила дар арафаи анҷомёбисту онро ба ҷои лозим дар вақташ бурда мерасонем. Амсилаҳои қабулшударо ба Ҷумҳурии Мадуми Чин фиристоданд ва амсилаи Тахти сангин низ, дар намоиш гузошта шуд ва баҳои баланд гирифт. Ҳоло амсилаи ёдгории таърихии Тахти сангин Осорхонаи таъриху бостоншиносии вилояти Хатлонро оро медиҳад.

Ҳамин тавр қайд карданба маврид аст, ки ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Бо талошҳои сарвари маорифпарварамон  Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро (лавҳаи чоркунҷаи тилоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тилоӣ барои сару либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тилоии гирдшакл барои сару либос (Circular gold costume-fitting), табақи тилоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун тӯҳфа ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, дар ҳузури кормандони ин осорхона ба сафири Тоҷикистон Эркин Қосимов супорид [9]. Агар биноҳои харобгаштаи Тахти Сангин намуди пешинаашонро гиранд, ин шаҳрча мисли мавзеъҳои таърихии Юнон ва Рим (Италия) ҷилвагар хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Тахти сангин ба номгӯйи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон соли 2011 пешниҳод шуда, соли 2015 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.

Мояи ифтихор аст, ки пешниҳоди Тоҷикистон доир ба 2500-солагии шаҳраки бостонии Тахти сангин 11 ноябри соли 2021 дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ба рӯйхати рӯзҳои муҳим ва хотирмоне, ки ЮНЕСКО дар солҳои 2022 – 2023 таҷлил мекунад, дохил гардидааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top