ИСТИҚЛОЛИЯТ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 446 | Санаи нашр: 06 Сентябр 2023

 

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ

“Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард”.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург ва сарнавиштсоз буд. Истиқлолият ин шараф ва номуси ҳар миллати озодандешу соҳибхирад, соҳибтамаддуну бофарҳанг ва соҳибэҳтирому донишманд аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш менамояд, то мардум зиндагии шоиста ва орому осуда дошта бошанд. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 32-соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносию худогоҳӣ, болоравиии ҳисси ватандӯстию ватандорӣ дар миёни табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Бешубҳа, истиқлолият ин рамзи саодати маллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Дар ҳамоиши бузурги мардумӣ соли гузашта 9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро таъкид намуда гуфтанд, ки “Имрӯз мардуми шарифи кишвар хуб дарк кардаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд.

Мо минбаъд низ бояд бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаву созандаи худ сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо намоем ва тамоми имконияту иқтидорамонро ба хотири рушди давлати соҳибистиқлоламон ва болоравии обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ сафарбар созем.

Дар ин раванд, хурду бузурги кишвар бояд аҳаммият ва зарурати ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷиконро амиқан дарк намоянд ва дар хотир дошта бошанд, ки ҳар иқдому ташаббусе, ки ҳар яки мо имрӯз анҷом медиҳем, барои халқи Тоҷикистон ва фардои ободи фарзандонамон, яъне наслҳои оянда мебошад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мардуми мо, бахусус, насли ҷавони кишвар андешаи истиқлоли миллиро ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири ҳаёт ва ҳастии худ, меҳвари нангу номус ва ҳувияту ғурури миллӣ шуморида, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош намоянд”.

Ба андешаи Сарвари давлат таҷлили истиқлоли давлатӣ ин шукргузории мо аз сарнавишт мебошад. Истиқлоли давлатӣ дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шуда, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани Парчами давлати тоҷикон мебошад. Бинобар ин, шаҳрвандони Тоҷикистонро мебояд, ки сарҷамъу муттаҳид бошанд, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон ба дастовардаро ҳифз намоянд, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, ба хотири ободии Ватан, рушди давлат аҳлона заҳмат кашанд.

Дар замони муосир, ки дар марҳилаи хеле ҳасос қарор дорем, устувории ҷомеа ва таъмини сулҳу суботи сартосарӣ хеле муҳим мебошад. Зеро вазъи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни ифротӣ, ки ба анъана, расму оин, таъриху фарҳанги мо ягон иртибот надоранд, миллати тоҷикро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамкорӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносии миллӣ рӯ биёранд. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бои фарҳангӣ расму оини ниёгон огаҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад”.

Дар ин замина боиси ифтихору сарфарозист, ки бо устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро пешрафти худ интихоб кардааст, эътимод пайдо карда, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба Тоҷикистон дасти ҳамкорӣ ва кумак дароз карданд.

Гузашта аз ин, дар самти сиёсати дохилӣ ҳадафи давлати Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои Ҳукумат амалан дар доираи чор ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар тарҳрезӣ шуда, батадриҷ амалӣ мешавад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад. Имрӯз бо камоли ифтихор ва бо сари баланд гуфта метавонем, ки мо ҳамчун давлати миллӣ ва соҳибистиқлол ташаккул ёфтем.

Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи махсуси геополитикӣ ва иқтисодиро доро буда, тағйиротҳои геополитикӣ ва дигаргуниҳо дар муносибатҳои байналмилалии пасошӯравӣ, тағйиротҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба кишвари мо низ бетаъсир намемонад.

Инчунин ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар интихоби мувофиқ ва азхуднамоии ҳамон дастовардҳои тамаддунро, ки рушди кишвар, фарҳанг, ҳаёти шоистаи миллатро ғанӣ менамояд, масъулияти калонро талаб мекунад.

Бинобар ин, мо бояд дақиқан донем, ки кадом омилҳо ваҳдатафзо ва кадом омилҳо боиси коҳиш ёфтани қадру манзалати истиқлолияту ваҳдат мегардад. Мо бояд ба насли ҷавон фаҳмонда тавонем, ки танҳо миллати солим ва воҳид дар шароити муборизаи неруҳои бузург барои қудрат бар мафкураҳо истодагарӣ карда метавонад.

Дар ин замина, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мардуми мо аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, бахусус ҷавонони саодатманди диёр бо ҳама масъулият аз пайи фармудаҳои Пешвои ҷавонпарвари худ ҳастанд. Зеро ҷавонони мо дар замири хеш эҳсоси меҳанпарварӣ, дӯст доштани ҳар зарра хоки ин Ватанро парварида, бо тамоми вуҷуди хеш эҳсос менамоянд, ки меросбарони ниёгони озодихоҳу анъанаҳои беназиранд.

Аҳмадова Фархунда Муфазаловна

Ёрдамчии ректор

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top