Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олӣ

Бинанда: 1392 | Санаи нашр: 22 Июн 2023

Каримова З.Ҳ.

м.калони кафедраи

илмҳои гуманитарии ДДТТ

 

                            Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олӣ

     

        Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин карда мешавад. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ сӯйи фардои дурахшон аст.

          Соҳибихтиёрии ҳар як кишвар аз се омили асосӣ – истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа бастагӣ дошта, ин арзишҳои бузургу муқаддас зербино ва асоси тараққиёти мамлакат мебошанд. Бо шарофати саъю кӯшиши пайвастаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Имрӯз дар пасманзараи таҳаввулоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпаравар муаррифӣ шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои дигар кишварҳои ҷаҳон дарси ибрат гардид.

         Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Яке аз чунин санаҳои муҳиму тақдирсоз дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 июни соли 1997 аст. Дар ин рӯз дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро эътироф кардааст.

Зарурат ва аҳамияти ваҳдати миллӣ махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ бештар эҳсос шуд. Солҳои 90-уми асри ХХ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи басо душвори  бунёд ва мустаҳкам намудани сулҳу субот маҳсуб меёфт. Зеро аз як тараф муқовимати тарафҳои  ба ҳам муқобил (ҳукумати конститутсионӣ ва мухолифин), аз тарафи дигар тарҳрезии консепсияи оштии миллӣ сурат мегирифт.  Дар ин раванд пеш аз ҳама   сайъу талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва хоҳишу иродаи халқ мусоидат намуд, то ки ҳар ду ҷониб марҳила ба марҳила ба якдигарфаҳмиву сулҳу салоҳ қадам монанд. Ин марҳила як нав санҷиши ҷиддӣ буд барои кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон.

Имрўзҳо, баъди гузашти айём, дастовардҳоро дар роҳи Ваҳдати миллӣ таҳлил намуда хулоса кардан мумкин аст, ки миллати тоҷик дар самти сулҳофарӣ  ба ҳадафи олии худ расидааст.

Барои ҳар як давлату халқ  сулҳ ва оромӣ муҳимтарин дастовард мебошад, бидуни ваҳдати миллӣ ба рушди иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ расидан амри маҳол аст. Халқи тоҷик хушбахтона, роҳи дурусти тараққиёти худро дарёфт, ба фикри мо амалӣ намудани равиш ва  усулҳои ҷараёни сулҳофарӣ дар ҷумҳурӣ, хомўш намудани ҷанги таҳмиллӣ   ва расидан ба истиқрори сулҳ ва вахдати миллӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама СММ, ОБСЕ ва ғ. эътирофи худро ёфтааст.    Ҳалли низои тоҷиконро имрўз ҳамчун намунаи ибрат барои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Хушбахтона дар Иҷлосияи  XVI Шӯрои олии Тоҷикистон  (соли 1992)  ақли солим ғалаба кард ва вакилони мардуми ба бахти тоҷикистониён сарвари сулҳофар - Эмомали Раҳмонро ба сари кудрат оварданд. Ҷумҳурӣ марҳилаи хеле ҳассосро аз сар мегузаронид, бесарусомониву беҳокимияти ҳукмрон буд, ки дар илми сиёсатшиносӣ  онро охлократия меномиданд. Ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гашта буд. Дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ дастаҳои алоҳидаи мусаллаҳ амалиётҳои ҷангиро идома медоданд.   Дар чунин шароит Эмомалӣ Раҳмон ба фаолияти роҳбарӣ шурўъ намуда, масъалаи истиқрори сулҳ ва эҳёи Точикистонро ба мадди аввал гузошт.

Баъди бомуваффақият ҳаллу фасл гаштани низоъи дохилӣ Тоҷикистон на танҳо давлати сиҳибистиқлол гашт, балки аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.  Баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва Вахдати миллӣ Точикистон узви бузургтарин созмонҳои молиявиву –иқтисодии ҷаҳонӣ гашта, бо давлатҳои дуру наздик муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ- иқтисодӣ барқарор намуд.

Имрўз  Ҷумҳурии Точикистон ба давлате табдил ёфтааст, ки дар сатҳи чаҳонӣ эътироф гаштааст. Дар муддати кўтоҳтарини таърихӣ дар Тоҷикистон сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид ва чумҳурӣ устуворона баҳри рушди минбаъда қадам мегузорад.  

Муҳимтарин чорабиниҳои сиёсии охири асри XX – ибтидои асри XXI аз қабили қабули Конститутсияи нав, гузаронидани райъпурсиҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, интихоби озоди Президенти кишвар, ба вуҷуд омадани парлумони ду палатагии дар асоси бисёрҳизбӣ интихобшуда, дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани форумҳо (анҷуманҳо)-и бонуфӯз- саммити  давлатҳои ҳамкории иқтисодии Осиёи марказӣ, Форуми Шанхай, ташаббусҳои Точикистон дар масъалаҳои ҳалли қазияи об ва ғ. тасдиқ мекунанд, ки  Тоҷикистон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ пеш рафта истодааст.

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт, ободониву бунёдкорӣ назаргир ва боиси таваҷҷуҳи  мамолики хориҷӣ гардид. Доири рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосил, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадами устувор ба пеш гузошта шудаанд. Ҷумҳурӣ зина ба зина ба марраи  итстиқлолияти энергетикӣ наздик мешавад ва он рӯз дур нест, ки ба кишвари истеҳсолкунандаи нерӯи барқи арзон табдил меёбад. 

        Мо, зиёиён чун пайравони асили Пешвои миллат барои ҳифзу нигаҳдошти сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бояд пайваста талош намоем. Дар баробари арзишҳои муқаддас, сулҳ ва Ваҳдати миллиро, ки пойдевор ва меъмори он Пешвои миллат мебошад, доимо ҳифзу нигаҳдорӣ намоем ва барои пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бештар бикӯшем. Аз таҳаввулоту нооромиҳои охири кишварҳои ҷаҳон арзиши аслии сулҳу субот ва оромиву осудагиро бифаҳмем. Пайваста талош намоем, ки пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар қалбу шуури ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлол таҳкиму тақвияти ёбад.

Донад Худо ки  баъди Худо мепарастамат,

Ҳон эй Ватан! Мапурс ки чиро мепарастамат?

Зарроти ҳастиям зи ту бигрифтааст ҷон,

Бо сад ҳазор ҷон ҳама ҷо мепарастамат.

Дар нимишаб, ки боз кунад осмон дараш,

Бо сад ҳазор дасти дуо мепапастамат

                                                   (Халилулоҳи Халил)

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top