Ҳифзи ватан, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ аст.

Бинанда: 1022 | Санаи нашр: 21 Июн 2023

Ваҳдати миллӣ санаи муқаддас дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб рафта, барои давлати тоҷикон дар шароити муосир санги бунёдиро гузошт. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлатҳои аъзо соҳибистиқолии сиёсии худро ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори давлатҳои ИҶШС соҳибистиқлол гардид, аммо давлатро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт ва рукунҳои давлатдорӣ қариб, ки аз фаъолияти муътадил бозмонданд. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосиро дар оғози барқарорсозии ваҳдади миллӣ гузошт.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан барои расидан ба ваҳдади миллӣ  сарф намуданд. Ҳамин буд, ки баъди 8 давраи музокира бо намояндагони мухолифон ва 3 машварати алоҳида аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи июни соли 1997 Созишномаи сулҳ  ва ризоияти миллӣ  дар шаҳри Масква ба имзо расид.

Хисороти ҷанги шаҳрвандӣ   тибқи нишондодҳои оморӣ чунин аст: зиёда аз 100 ҳазор шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд, таи 1 миллион шаҳрванд гурезаи иҷборӣ гардиданд ва зарари иқтисодиро зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ ҳисоб намудаанд. Ваҳдати миллӣ бо талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи Точикистон ба даст омадааст Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Заҳматҳои муҳтарам Пешвои миллат дар баргардонидани    гурезагон ба Ватан бесобиқа мебошад ва дар муқоиса бо дигар кишварҳои ҷангзада, аз лиҳози баргардонидани гурезагон беназир аст.

Аз ин лиҳоз, ҳифзи Ватан, оромӣ ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди  миллати сарбаланди тоҷик мебошад.

Фарух Алиев - мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top