Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об

Бинанда: 3457 | Санаи нашр: 09 Июн 2023

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 

Об – манбаи ҳаёти тамоми мавҷудоти руи замин ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки дар замони қадим файласуфи юнонӣ Фалес обро манбаи табиии тамоми ҳастӣ ҳисоб мекард. Дар пайдоиш ва тараққиёти тамаддунҳои қадима об нақши асосиро мебозид. Аз ин ҷост, ки муқаддас шумурдани обро мо дар динҳои ҷаҳонӣ мушоҳида менамоем, чунончи мусулмонон чашмаи оби «Зам-зам»-ро шифобахшу табаррук медонанду ҳиндуҳо дарёи Гангро.

Обҳои ширин ҳамагӣ 3 фисади захираҳои обҳои чаҳонро ташкил менамоянд. Фақат 1 фисади захираи обҳои ширин барои инсоният дастрас буда 99 фисади он дар шакли ях, дар баландии кӯҳҳо ва дар зери замин ҷойгир аст. Обҳои тозаи ширин дар сайёраи мо нобаробар ҷойгир шудаанд. Зиёда аз ду миллиард аҳолии рӯи замин аз обҳои ширин танқисӣ мекашанд. Дар натиҷаи нӯшидани обҳои ифлосу ғализ 4/1 ҳиссаи аҳолӣ ба касалиҳо дучор гардидаанд.

Масъалаи  истифодабарии оқилонаи об яке аз масъалаҳои асосии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Бо мурури васеъ гардидани доираи истифодабарии об дар минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо барои обёрии боғу зироатҳо, балки ҳамчун қувваи баҳаракатдароварандаи мутаҳаррикҳо барои истеҳсоли қувваи барқ, коркарди фулузот дар корхонаҳои саноатӣ, қиммат ва вазифаи об хеле афзуд. Бахусус дар шароите, ки пешрафти ҳеҷ як ҷомеаро бе истифодабарии васеи манбаъҳои қуввадиҳанда тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Бо мақсади аз таъсироти манфии инсон ва ҷомеа нигоҳ доштани табиат, махсусан, захираҳои обӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зисти кишвар, минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда истодааст. Вобаста ба муҳиммияти масъалаҳои экологӣ бо тақозои замон тайи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба аксари қонунгузориҳои ҳифзи табиат ворид карда шудаанд. Ҳамзамон беш аз 40 қонун дар бораи экология ва сарватҳои табиӣ қабул гардидааст.

Бо иқдом ва саҳмгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 1993 дар якҷоягӣ бо роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал таъсис дода шуд. Соли 2002  бо мақсади ҳалли қазияи марбут ба об ва масоили экологии баҳри Арал дар шаҳри Душанбе ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар ин ҳамоиш раисии Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал аз соли 2002 то соли 2008 ба уҳдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор карда шуд.

Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад.

Ба ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ идора карда шавад.

Бо дарки баланди муҳиммият ва нақши асосии об  ҳамчун манбаи ҳаёт Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми ду даҳсолаи охир ташаббусҳои хирадмандона, судмандона ва дурандешонаро дар соҳаи обу иқлим аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид  пешниҳод намуданд:

Ташаббуси 1. Моҳи  октябри соли 1999  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд, ки бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили оби тоза равона гардад ва соли 2003-юм соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад.   Пешниҳод аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфт ва дар ин хусус Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард.

Дар робита бо ин, аз 30 август то 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналмиллалӣ доир ба «Соли байналхалқии  оби тоза» доир гардид, ки дар кори он намояндагони 53 кишвар, 93 ташкилотҳои байналхалқӣ ва олимони маъруфи ҷаҳони иштирок доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми форум суханронӣ карда қайд намуданд, ки «Тоҷикистон-ин кишвари дорои кӯҳҳои сарбаланд, ҳазорҳо кӯлҳо, дарёҳои шӯх, шаршараҳо ва обанборҳо мебошад… Мо обро ҳамчун манбаи ҳаёт доди Худовандӣ муқаддас мешуморем ва барои насли оянда онро бояд нигоҳ дорем»

Ташаббуси 2. Соли 2003 Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба мушкилоти об дар шаҳри Киотои Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуда, дар солҳои охир барои бақои инсоният аҳамияти ҷиддӣ пайдо кардани масъалаи сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обро махсус таъкид намуда, таклиф ба миён гузошт, ки солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби 140 кишвари ҷаҳон пуштибонӣ ёфт. Дар робита бо ин, 30-31 майи соли 2005 дар шаҳри Душанбе  Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ  дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар гузаронида шуд, ки дар кори он намояндагони 50 кишвар ва 40 ташкилоти байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар доираи ин даҳсола чорабиниҳои гуногун вобаста ба об доир гардиданд.

Ташаббуси 3. Соли 2013 дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ташаббуси навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили об «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намудани соли 2013 низ аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфт ва дар заминаи он аз 28 то 30 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи об баррасӣ  гардиданд.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ки дар Корея гузашт, доир ба натиҷагирӣ  аз даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» суханронӣ намуда қайд карданд, ки «Дар чаҳорчӯбаи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале таҳдидҳои глобалии муосир хушбинии моро ба оянда зиёдтар намекунанд. Тибқи арзёбиҳои муътамад, аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбудии об шиддати бештар пайдо хоҳад кард. Самти муҳимми фаъолияти минбаъдаи мо бояд ба сӯи иқтисоди «сабз» равона карда шавад, ки дар ин арса захираҳои об ба ҳайси манбаи таҷдидшавандаи неруи барқ бояд мавқеи арзанда дошта бошанд.

Ташаббуси 4. Бо дарназардошти ин, пешниҳод менамоям, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.  21 декабри соли 2016 тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси чоруми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушти устувор, солҳои 2018-2028" бо дастгирии зиёда аз 190 кишвар қабул гардид. 21 марти соли 2018 дар рӯзи байналмилалии об бо қатъномаи СММ даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушти устувор солҳои 2018-2028" расман оғоз гардид.

Ташаббуси 5. 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари аъзо ташаббуси 5-уми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим  пазируфт.  Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд, ва  аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Ҳамин тариқ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои экологии хислати ҷаҳонидошта  баромад намуда, дар самти ҳифзи захираҳои табиии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст.

Маҳмадулло Шарифов,

дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top