Ташаккул ва рушди иқтисоди “сабз” дар шароити муосир

Бинанда: 1018 | Санаи нашр: 06 Июн 2023

6 – уми июни соли 2023 дар донишгоҳ конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Самтҳои асосии ташаккул ва рушди иқтисоди “сабз” дар шароити муосир” баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, доир ба аҳаммияти мавзӯи матраҳшаванда сухан гуфт.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар самти мавзӯи зикршуда фикрҳои ҷолибу муфид баён кард.

Сипас муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дар мавзӯи “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037”, Хайрулло Назарзода дар мавзӯи “Ҷанбаҳои рушди энергияи “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мушовир оид ба таҳсилоти касбии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GIZ), доктори илмҳои иқтисодӣ Заррина Қодирова дар мавзӯи “Татбиқи принсипҳои иқтисоди “сабз” дар низоми таҳсилоти олии касбӣ” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд.

Инчунин, раёсати донишгоҳ ба ғолибону иштирокдорони фаъоли мусобиқаи зеҳнии ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” дар бахшҳои гумрук, сиёсатшиносӣ, андоз ва андозбандӣ диплому ифтихорномаҳо тақдим намуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ Хайрулло Назарзода ба нотиқон барои суханрони пурмуҳтаво арзи сипос карда, зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар оянда дар самти иқтисоди “сабз” иқдомҳои муҳимму заруриро роҳандозӣ менамояд.

Пагоҳ кори конфренсия дар бахшҳо идома меёбад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top