Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ соли 2005 ташкил гардидаат.

Омӯзгорони кафедра ба донишҷӯён аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс мегузаранд.
Аз ҷониби омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ барои духтарон машғулияти беруназсинфӣ (факултативӣ) аз рӯи навъҳои гуногуни варзиш аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ ва бадминтон ташкил ва баргузор карда мешавад.


Донишҷӯёни варзишгари донишгоҳ дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд ва бисёре аз онҳо дар ин гуна сабқатҳо ҷойи ифтихориро ба даст меоваранд.
Аз соли 2014 Лоҷувард Иззатов мудири кафедра аст.
Омӯзгорони кафедра инҳо мебошанд:
1) Музаффар Замонаев, муаллими калон, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) Давлаталӣ Файзалиев, муаллими калон, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3) Рустам Минмаматов, муаллими калон.
4) Маъруф Раҳимов, муаллими калон.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top