БОБОЕВ ОЛИМҶОН БОБОЕВИЧ

Зодаи деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Муҳандис-иқтисодчӣ», соли 1975 аспирантураро дар назди кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот»-и ҳамин донишкада ва Донишкадаи идоракунии шаҳри Москва ба номи С.Орджоникидзе хатм намуда, дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани дараҷаи ташкили техникии муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Вай аз соли 1979 сар карда ба ҳайси муаллими калон, дотсенти кафедра ва аз солҳои 1983-1985 сардори курсҳои такмили ихтисоси мутахассисон ва роҳбарони соҳаи нақлиёти РСС Тоҷикистон, солҳои 1986-1987 ҷонишини декан, солҳои 1987-1992 мудири кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот», аз сентябри соли 1993 то 1994 декани факултаи «Омӯзиши тиҷорат»-и ҳамин донишгоҳ кор кардааст.

Бобоев О.Б. ҳамчун донишманди хуби соҳаи иқтисодиёт соли 1993 дар мавзӯи «Методологияи мутобиқгардонии корхонаҳои системаи саноатӣ ба шароити иқтисоди бозоргонӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

Моҳи апрели соли 1994 ректори Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон таъин гардида, то моҳи октябри соли 2000 адои вазифа кардааст.

Профессор Бобоев О.Б. зиёда аз 15 асари илмӣ ва таълимӣ-методӣ навиштааст. Аз ҷумла, китобҳои «Асосҳои иқтисодии соҳибкорӣ», «Нақшаи соҳибкорӣ», «Механизми беҳдошти фаъолияти меҳнатӣ дар шароити бозор», «Самтҳои баланд бардоштани самаранокии нақлиёти автомобилй» ва ғайра ба қалами Бобоев О. тааллуқ доранд. Вай ҳамчун донишманд дар тайёр намудани олимони чавони риштаи иқтисод заҳмати зиёд кашидааст. Ин донишманд узви Шӯрои байнисоҳавии ислоҳоти иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва инвеститсияҳои хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмии назди Академиям илмҳо, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, аъзои Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳо, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмию педагогии профессор Бобоев О.Б.-ро бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ намудааст.

Бобоев О.Б. ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Олимҷон Бобоев айни ҳол раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top