Семинари ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ

Бинанда: 209 | Санаи нашр: 24 Июн 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 26-уми июни соли 2024, соати 13:00 Семинари ҷумҳуриявии илмӣ – назариявиро дар мавзуи  “Саҳми кооператсияи матлубот дар рушди иқтисодиёти кишвар” баргузор менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ин баррасии нақши кооператсияи матлубот дар пешбурди иқтисодиёти миллӣ ва таҳкими ҳамкорӣ байни кооператсияҳо барои рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Ин чорабинӣ ба мақсади муайян кардани мушкилот ва монеаҳои мавҷуда дар роҳи рушди кооператсияҳо, пешниҳод кардани роҳҳои ҳалли онҳо, ва мубодила намудани таҷрибаҳо ва пешниҳодҳои амалии барои беҳтар кардани фаъолияти кооператсияҳо равона мегардад.

Ба кори семинар олимони соҳаҳои иқтисодиёт,  омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 26-уми июни соли 2024, соати 13:00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top