КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «РУШДИ БОЗОРИ СУҒУРТАИ МАМЛАКАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДӢ РАҚАМӢ»

Бинанда: 647 | Санаи нашр: 31 Май 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 14-15-уми июни соли 2024 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Рушди бозори суғуртаи мамлакатҳои аъзои ИДМ дар шароити иқтисодӣ рақамӣ» дар пояи кафедраи андоз ва суғурта доир менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

1. Мушкилоти рушди соҳаи суғурта дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил;

2. Омилҳое, ки ба рушди бозори суғуртаи ИДМ таъсир мерасонанд;

3. Самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Таҷрибаи давлатҳои ИДМ дар ташаккул ва рушди фаъолияти суғурта дар шароити ҷаҳонишавӣ;

5. Хусусиятҳои андозбандии ташкилотҳои суғуртавӣ дар шароити рақамикунонӣ;

6. Ҳолати муосир ва муаммоҳои рушди фаъолияти суғурта дар шароити иқтисоди рақамӣ.

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 10-уми июни соли 2024 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 12-уми июни соли 2024  пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватномаҳо барои иштирок дар конфронс то 13 июни соли 2024 фиристода мешаванд.

 

Раҷабов Комрон Раҷабович (мутасаддӣ)

Тел.: (+992 34)  234-85-44, (+992)  904362929.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Мактуби иттилоотӣ_Конф андоз ва суғурта/ Тоҷикӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top