Эълон: Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ

Бинанда: 453 | Санаи нашр: 16 Феврал 2024

Ҳамасола 21-уми феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар Иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17-уми ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, ба мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногун эълон гардид.

Тоҷикон хушбахтанд, ки чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гушнавоз ва биҳиштӣ насибашон гардидааст.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забонҳо дар таърихи 21-уми феврали соли 2024 соати 11:00 семинари ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат” баргузор мегардад.

 

БАРНОМАИ СЕМИНАР

  1. Сухани ифтитоҳии ректори ДДТТ профессор Назарзода Хайрулло Холназар
  2. Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Забони модарӣ ва худшиносии миллӣ”
  3. Ортиқ Қодир - Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон - қироати шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар васфи “Забони модарӣ”;
  4. Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович - н.и.ф., дотсент дар мавзуи “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва мубрамияти он” (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон”)
  5. Насриддиниёни Бобишоҳи Ҳасанпур - н.и.ф., и.в. дотсент дар мавзуи “Баъзе мушкилот дар таълими имло ва аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ”
  6. Қироати шеърҳо дар васфи забони модарӣ (хонандагони литсейи ДДТТ)
  7. Баромад ва фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён

Ҳаводорони илмро барои иштирок дар семинари мазкур

 таманно менамоем!

 

Кумитаи тадорукот: Кафедраи забонҳои ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top