Раёсати илм ва инноватсия дар якҷоягӣ бо шуъбаи ҳамкориҳои байналмиллаӣ тибқи супориши ректори донишгоҳ оғоз аз 05.02.2024 курси омӯзишӣ, дар ҳамкорӣ бо Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо мақсади тақвият додани донишандӯзии омӯзгорону-кормандони донишгоҳ оид ба забонҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад.
Ҳаҷми умумии соати таълимӣ 80 соат буда 3 маротиба дар як ҳафта давоми 3 моҳ фаро мегирад.
Дар ҷамъбаст курси забони англисӣ, хатмкунадагони бо Сертификат таъмин мегарданд.
Пеш аз оғози курсҳо сатҳи донистани забони англисии омӯзгорону кормандон муайян карда мешавад.
Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.