Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди тиҷорати электронӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ»

Бинанда: 641 | Санаи нашр: 19 Октябр 2023

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 30-уми ноябри соли 2023 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди тиҷорати электронӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ» дар пояи кафедраи математика ва системаҳои иттилоотӣ доир менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва ширкатҳои дар соҳаи иттилоотӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Рушди тиҷорати электронӣ дар шароити имрӯза;
2. Саҳми илмҳои дақиқ дар рушди иқтисодиёти рақамӣ;
3. Масоили амсиласозии иқтисодӣ – математикии рушди иқтисодиёти рақамӣ;
4. Масъалаҳои омоданамоии мутахассисони соҳаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Рақамикунонии соҳаи мориф;
6. Ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ: мушкилот ва дурнамои он;
7. Муаммаҳои муосири математикӣ.

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 20-уми ноябри соли 2023 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

Мактуби иттилоотӣ.pdf

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top