Эълон

Бинанда: 630 | Санаи нашр: 09 Март 2022
Ба маълумоти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дигар хоҳишмандон мерасонем, ки дар доираи лоиҳаи “Омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи саводнокии молиявии хатмкунандагоне, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯянд” аз санаи 10.03.2022 то 09.04.2022 курси омӯзишӣ дар мавзӯи “Моҳияти кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р. гузаронида мешавад.
 
Пас аз хатми курс ба шунавандагон шаҳодатнома дода мешавад.
 
Барои гирифтани маълумоти бештар ва номнавис шудан ба курси омӯзишӣ ба раёсати илм ва инноватсия (бинои таълимии 1, ошёнаи 4) муроҷиат намоед.
Рақами телефон барои тамос: 937-26-60-50

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top