Табодули ғайрибурсиявӣ

Бинанда: 1596 | Санаи нашр: 28 Январ 2021

Ба диққати донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм ва магистрантони ДДТТ расонида мешавад, ки Донишгоҳи Пизаи Италия дар доираи лоиҳаи Эразмус+ имконияти таҳсилро барои донишҷӯёни донишгоҳ ба тариқи онлайн дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 пешниҳод менамояд. Инчунин, барои донишҷӯён дар давоми нимсолаи дуюми таҳсили зикршуда илова ба фанҳои тахассусӣ имконияти аз худ намудани забони итолиёвӣ низ мавҷуд аст. 

Ин табодули ғайрибурсиявӣ (zero-grant mobillty)  буда, донишҷӯён баъди анҷоми таҳсил соҳиби сертификат аз ҷониби Донишгоҳи Пизаи Италия мегарданд. 

Барои иштирок, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:

  1. Варақаи баҳоҳо (транскрипт).
  2. Сертификати забони англисӣ.
  3. CV (намуна замима шудааст).
  4. Нусхаи шиносномаҳои миллӣ ва хориҷӣ.
  5. Сертификатҳо ва шаҳодатномаҳо (ихтиёрӣ).

Инчунин, варақаи Declaration of Interest-ро пур намуда, бо дигар ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии ДДТТ  воқеъ дар бинои 1-ум, утоқи 107 то санаи 08.02.2021 пешниҳод намоед.

Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.

Declaration of Interest Students 2021

Sample_CV_Europass

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top