Озмун барои ишғоли вазифа

Бинанда: 3545 | Санаи нашр: 10 Январ 2015

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин: 

Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ  (як ҷой), муаллими калони кафедраи баҳисобгирии  бухгалтерӣ ва аудит(се ҷой),  муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат (як ҷой), муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ (як ҷой)
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
•    ариза ба номи ректори донишгоҳ барои иштирок дар озмун
•    тарҷумаи ҳол ё резюме;
•    варақаи шахсии баҳисобгирӣ бо расмаш;
•    нусхаи шиноснома ё ҳуччате, ки шахсиятро муайян менамояд (бо назардошти пешниҳоди ҳуҷҷати асл);
•    нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки собиқаи педагогиро тасдиқ мекунад;
•    нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ аз ҷойи кори асосӣ тасдиқшуда;
•    тавсифнома аз ҷойи кор.
•    ҳуҷҷатҳо дар бораи мактаби олӣ, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ;
•    руйхати асарҳои илмӣ-методӣ;
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба озмуни ишғоли вазифа на кам аз 10 руз пеш аз оғози ҷаласаи Шўрои олимон ба котиби Шўрои олимони донишгоҳ пешниҳод карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, к. Деҳотӣ ½,телефонҳо барои тамос-234-87-60, 93-444-6727, Маҳсудинова Р.Ғ.-котиби Шўрои олимон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top