ШУЪБАИ РУШДИ СТРАТЕГӢ ВА НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ

Шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат бо қарори Шурои олимони донишгоҳ аз 02.01.2020 ва бо фармони ректор аз 30.01.2020, №03/11-07 таъсис дода шудааст.

Шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат сохтори нав дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Роҳбарии бевоситаи шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифатро мудири шуъба амалӣ менамояд ва мустақиман ба раёсати рушди стратегӣ ва таъминоти сифати таҳсилот инчунин ба ноиби ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат ҳисобот медиҳад.

Ҳадафи асосии фаъолияти шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат (НМС) таъмин намудани татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи рисолат ва биниш аз нуқтаи назари системаи идоракунии сифати донишгоҳ тибқи талаботи ISO 9001: 2018 мебошад.

Барои ноил шудан ба ин мақсад, шуъба вазифаҳои зеринро ҳал мекунад:

  • ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба таҳия ва татбиқи системаи менеҷменти сифат тибқи талаботи стандарти байналмилалии ISO 9001; ГОСТ ҶТ; ISO 21001:2018.
  • тайёр намудани системаи менеҷменти сифатии донишгоҳ барои гузаронидани аудити беруна мутобиқ ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ.
  • гузаронидани аудити дохилӣ ва худбаҳодиҳии донишгоҳ, бахшҳо ва сохторҳои он, омода намудани ҳисобот ба роҳбарият.
  • дар донишгоҳ татбиқ намудани механизми назорат ва таҳлили низоми сифат дар фаъолияти ҳамаи сохторҳо.
  • дастгирии машваратӣ оид ба таҳияи усулҳои менеҷменти сифат ва рушди стратегӣ дар ДДТТ;
  • иҷрои сиёсати ДДТТ дар соҳаи менеҷменти сифат, татбиқи ҳуҷҷатгузорӣ оид ба НМС ва дар ҳолати корӣ қарор додани ҳуҷҷатгузорӣ;
  • ҳавасмандгардонӣ ва такмили ихтисоси кормандони донишгоҳ оид ба масъалаҳои менеҷменти сифати таҳсилот;
  • ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи менеҷменти сифат ва хизматрасониҳо бо дигар муассисаҳои таълимӣ.

Шуъба дар татбиқи равандҳои идоракунии НМС- и донишгоҳ чунин корҳоро амалӣ менамояд:

  • омӯхтан, ба низом даровардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба иҷозатномадиҳӣ, аккредитатсия ва назорати иҷрои онҳо;
  • таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, методологии тартиби иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия;

Шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат фаъолияти худро дар асоси Роҳнамои сифат (низоми менеҷменти сифат НМС-РС-2020), ки бо фармони ректор аз 08.09.2020, тасдиқ карда шудааст ба роҳбари мегирад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top